43 млрд сомонӣ. Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024

САРФИ ВАҚТ:2 дақиқа, 53 сония

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, дар иҷлосияи панҷуми даъвати шашум, ки рӯзи 15-уми ноябр баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2024” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026  баррасӣ ва тасдиқ кард.

Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки бо назардошти дар сатҳи 8,0 фоиз рушд ёфтани иқтисоди миллӣ ва дар ҳаҷми 143,9 млрд сомонӣ ташаккул ёфтани дурнамои Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2024 даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 43,0 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли ҷорӣ 5,9 млрд сомонӣ ё 15,9 фоиз зиёд мебошад ва нисбат ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 29,8 фоиз баробар гардидааст.

Бояд қайд кард, ки дархостҳои буҷетии вазорату идораҳо аз рўйи имкониятҳои молиявии кишвар ба инобат гирифта шудаанд.

Хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 44,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 6,0 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Фонди музди меҳнат дар ҳаҷми 9564,3 млн сомонӣ бо афзоиши 20,1 фоиз пешбинӣ шуда, ҳаҷми он ба 6,6 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2023 ба андозаи 0,3 банди фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 дар ҳаҷми 18971,1 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки афзоиши он нисбат ба буҷети соли 2023-ум 2025,5 млн сомонӣ ё 43,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дурнамои хароҷоти соҳаҳои мазкур ба 13,2 фоизи ММД баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф ба маблағи 8231,9 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023–ум 1021,5 млн сомонӣ ё ин, ки 14,2 фоиз афзоиш ёфта,   18,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Соҳаи тандурустӣ низ яке самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мансуб ёфта, хароҷоти соҳа барои соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 3488,9 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2023-ум 145,9 млн сомонӣ ё 4,4 фоиз зиёд буда, 8,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 2,4 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2024 ба маблағи 5533,6 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба буҷети соли 2023 ба маблағи 635,0 млн сомонӣ ё 13,0 фоиз афзоиш ёфта, 12,5 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 3,8 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Дар буҷети давлатӣ барои соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш ба маблағи 1716,7 млн сомонӣ пешбинӣ карда  шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-ум 223,1 млн сомонӣ ё ин ки 14,9 фоиз афзоиш ёфта, 3,9 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 1,2 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии иқтисодиёт ҳадафҳои стратегии кишвар арзёбӣ гардида, зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Бинобар ин, дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2024 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 15322,4 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки он ба 10,6 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2024 касри буҷети ҷорӣ нисбат ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 0,8 фоиз ё 1151,6 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Манбаъ:  АзияПлюс

Happy
Happy
0 %
Sad
Sad
0 %
Excited
Excited
100 %
Sleepy
Sleepy
0 %
Angry
Angry
0 %
Surprise
Surprise
0 %

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *