Нархи газ ба арзиши бензин баробар мешавад?

САРФИ ВАҚТ:1 дақиқа, 36 сония

Нархи чаканаи гази моеъ дар Қазоқистон, ки ба сифати сӯзишворӣ барои худравҳо истифода мешавад, имкон дорад то ба сатҳи арзиши бензин афзоиш ёбад. Дар ин бора вазири энержии Қазоқистон Алмасадам Сатқалиев изҳор дошт, хабар медиҳад Kursiv.kz.

«Дар оянда агар ба газ гузаштани худравҳо бо чунин суръат афзоиш ёбад, пас иқтидори корхонаҳои коркарди газ дар кӯтоҳмуддат намерасад. Як даврае мешавад, ки мо маҷбур мешавем, то гази моеъро ворид кунем. Аммо дар ин сурат рухдод комилан дигар хоҳад буд, яъне нархҳо бо арзиши бензин баробар хоҳанд шуд», — гуфтааст Сатқалиев ба хабарнигорон.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сатқалиев, камбуди ин маводи сӯхт афзоиш хоҳад ёфт.

«Мо дар бозор касри назаррасе хоҳем дошт, ки пӯшонида наметавонем. Аз ин рӯ мо мачбурем, ки дар ин хусус ҳамчун вазорат масъулиятро ба дӯши худ гирем ва ошкоро дар назди мардум, ронандагон ва масрафкунандагон бигӯем, ки давлат дар бобати таъмини ин навъи сӯзишворӣ мушкилоти ҷиддӣ дорад. Ва ин мушкил дар кӯтоҳмуддат ҳал намешавад», — гуфт вазир.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки чанд минтақаи Қазоқистон бо камбуди гази моеъ мувоҷеҳ шудаанд. Аз ҷумла дар Остона, Тараз ва Петропавловск гази моеъ бо талон дар бунгоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ дода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар аввали моҳи ноябр вазири энержии Қазоқистон аз болоравии нархи гази моеъ огоҳ карда, ба рақами 110 танга барои як литр (0,2 доллар) ишора карда буд. Дар ҳоли ҳозир дар саросари Қазоқистон нархи як литр гази моеъ аз 50 то 80 танга буда, нархи ҳадди ниҳоии чаканаи гази моеъ аз ҷониби давлати ин кишвар танзим карда мешавад.

Танзими давлатии нархи сузишвории нафтӣ пас аз тазоҳуроти оммавӣ дар вилояти Манғистау дар моҳи январи соли 2022, ки баъди афзоиши якбораи нархи гази моеъ барангехт, ҷорӣ карда шуд.

Аз сӯйи дигар дар Тоҷикистон низ, ки қисмати асосии гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад, тайи ду моҳи охир қимати ин навъи сузишворӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, то ба 8 сомонӣ барои 1 литр расидааст.

Манбаъ: halva.tj

Happy
Happy
0 %
Sad
Sad
0 %
Excited
Excited
0 %
Sleepy
Sleepy
0 %
Angry
Angry
0 %
Surprise
Surprise
0 %

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *