
Фаронса чораҳо алайҳи нуфузи исломгароиро шадидтар мекунад
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон 7 июл дар Қасри Елисей Шӯрои дифоъ ва амнияти миллӣ (Conseil de défense et de sécurité nationale)-ро даъват намуд, то стратегияи мубориза бо исломишавӣ, ҷудоиталабӣ ва нуфузи сиёсии мусалмононро баррасӣ кунад. Дар меҳвари нишаст фаъолияти ҳаракати «Бародарони мусулмон» (Ихвонулмуслимийн) қарор дошт, ки мақомот онҳоро ба кӯшиши нуфуз ба сохторҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ муттаҳам мекунанд.
Хулосаҳои се сол ва чораҳои нави эълоншуда
Ин нишаст идомаи вохӯрии моҳи майи имсол буд, ки дар он натиҷаҳои се соли татбиқи қонуни «тақвияти принсипҳои ҷумҳуриявӣ» (CRPR) аз соли 2021 баррасӣ шуд. Ба гуфтаи Қасри Елисей, қонун дар сатҳи миллӣ ва бахусус маҳаллӣ аз ҳисоби кори префектҳо (масъулони ҳукумати минтақавӣ ва маҳаллӣ) ва ҳамкорӣ бо мақомоти додгоҳӣ «самараи хуб дод». Аммо Макрон таъкид намуд, ки ин тадбирҳо «кофӣ нестанд».
Дар натиҷа рӯзи 7 июл чораҳои нави иловагӣ, аз ҷумла, оид ба васеъ кардани таҷрибаи маъмурияти префектҳо оид ба бастани созмонҳои маблағгир (фонди грантӣ), ки бо назари ифротӣ гумонбар мешаванд, ҷорӣ кардани механизми мусодираи маҷбурии амволи созмонҳои баста шуда, роҳандозии раванд барои яхбандии дороиҳои чунин созмонҳо қабул шуданд.
Назар ба таълими забонҳо ва созишномаҳои ҷумҳуриявӣ
Дар ҷаласа барномаи EILE (омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Фаронса бо дастгирии кишварҳои аслӣ) низ зери танқид қарор гирифт. Макрон гуфт: «Мо дидем, ки назорат ҳоло ҳам заиф аст», ва эълон намуд, ки стратегия дар ин замина сахтгиртар мешавад.
Инчунин гуфта шуд, ки иҷрои шартномаи ӯҳдадориҳои ҷумҳуриявӣ (CER) аз тарафи иттиҳодияҳое, ки аз давлат маблағ мегиранд, сахттар назорат мешавад. Барои таъхири пешниҳод кардани санадҳо ҷарима бо пардохти ҳаррӯза ҷорӣ мегардад. Қасри Елисей хабар дод, ки феҳристе таъсис хоҳад ёфт, ки ба префектҳо имконият медиҳад, созмонҳое, ки қонунҳои ҷумҳуриро риоя намекунанд, муайян кунанд ва аз мақомоти интихобӣ талаб кунанд, ки маблағгузории онҳоро қатъ кунанд.
Илова бар ин, кормандони соҳаи тандурустӣ, варзиш ва бахши иҷтимоӣ омӯзиши махсус мегузаранд, то битавонанд ба зуҳуроти исломизм дуруст вокуниш нишон диҳанд.
Макрон: «Мо омодасозии имомҳоро дар дохили кишвар тақвият медиҳем»
Яке аз қарорҳои муҳим ин тақвият додани тайёр кардани имомҳо дар дохили худи Фаронса аст, то вобастагии онҳо аз кишварҳои хориҷӣ коҳиш ёбад. Макрон шарҳ дод: «Ин ба мо кӯмак мекунад, ки аз таъсири кишварҳои дигар эмин бошем».
Ӯ ҳамчунин ба қавли худаш аз ду дом, зудбоварӣ, ки хатарро ночиз нишон медиҳад ва «омехтани мафҳумҳо», ки мубориза бо исломизмро ба зиддият бо ислом ва мусулмонон табдил медиҳад, ҳушдор дод. Макрон таъкид кард, ки изҳороти ором ва эҳтиромомез нисбат ба миллионҳо мусулмони фаронсавӣ, ки «қонунҳои Ҷумҳуриро пурра риоя мекунанд», зарур аст.
Президенти Фаронса инчунин эълон кард, ки тирамоҳ намояндагони Форум оид ба исломи Фаронса (FORIF)-ро, ки соли 2022 барои муколама байни давлат ва ислом таъсис шуда буд, даъват мекунад.
Вокунишҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ
Ин иқдомҳо вокунишҳои гуногунро ба бор оварданд. Чапгароёни тундгаро ба раҳбарии Жан Люк Меланшон аз ҳизби «Фаронсавиёни саркаш» (La France insoumise) Макронро ба «тақсим кардани фаронсавиҳо тавассути нажодпарастӣ» муттаҳам карданд. Намояндаи онҳо Эрик Кокрел ёдовар шуд, ки танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2025 шумораи амалҳои зиддимусулмонӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75% бештар шуд .
Ҳизбҳои ростгаро, аз ҷумла «Иттиҳоди миллӣ»-и Марин Ле Пен, баръакс гуфтанд, ки ин чораҳо дурустанд, вале «мутаассифона, ҳанӯз хеле заифанд, то исломи тундгароро ба зону шинонанд».
Заминаи қонунӣ ва таҳаввулоти охир
Хотиррасон мекунем, ки ҳанӯз соли 2017, баъди ба қудрат расиданаш, Эмануил Макрон ҳолати изтирориро тамдид кард ва қонуни амнияти дохилӣ ва мубориза бо терроризм (SILT)-ро роҳандозӣ намуд. Аз соли 2018 барномаи мубориза бо «решаҳо»-и ифротгароӣ шуруъ шуд, ки ба префектҳо иҷозат дод масҷидҳо ва иттиҳодияҳои шубҳанокро банданд.
Дар суханронии маъруфи худ дар шаҳри канории Париж, шаҳри Ле-Мюро, 12 октябри 2020, Макрон чораҳо алайҳи ҷудоиталабиро эълон кард. Дар пайи ин соли 2021 қонуни алайҳи ҷудоиталабӣ (CRPR) қабул гардид.
Ба гуфтаи манбаъи RFI дар Қасри Елисей, хатаре, ки имрӯз мавриди муҳокима қарор гирифт, аз ҷудоиталабӣ бо он фарқ мекунад, ки «исломи сиёсӣ» на ин ки мехоҳад ҷудо бошад, балки ба худи сохторҳои давлатӣ ворид шавад ва қоидаҳои иҷтимоиро ба фоидаи шариат тадриҷан тағйир диҳад. Вазири корҳои дохилӣ Брюно Ретайо гуфт: «Ҳадафи ниҳоии «исломи сиёсӣ» тамоми ҷомеаи фаронсавиро ба сӯи шариат бурдан аст. Ин бо принсипҳои Ҷумҳурӣ ва ваҳдати миллӣ комилан номутобиқ аст.»
Мавқеи созмонҳои мусулмонӣ
Дар навбати худ Федератсияи «Мусулмонони Фаронса», ки дар гузориш ҳамчун як шуъбаи «Бародарони мусулмон» номбар шуд, ин иттиҳомотро рад кард ва ҳушдор дод, ки «исломро бо тундгароӣ омехта кардан хатарнок аст». Шӯрои фарҳанги исломии Фаронса (CFCM) низ «нигаронии амиқ»-и худро баён кард ва таъкид намуд, ки «номуайянӣ ва ғуборолудии мафҳумҳои истифодашуда» метавонад сӯиистифода шавад.
Average Rating