«Аврупо бояд ба миллатҳо дар бунёди давлатҳои озод ва шукуфон кумак кунад»

Фиристед

Мухолифони сиёсии Тоҷикистон хостори ҷавобгарии Эмомалӣ Раҳмон барои ҷиноятҳо алайҳи башарият шуданд.

Бо ҳамин ҷумла Atodangos, як весбайти машҳур дар кишвари аврупоии Литва матлабе нашр карда, аз ба Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ рафтани парвандаи диктатори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон истиқбол кардааст.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки «Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ муддати тӯлонӣ режими Раҳмонро ба саркӯби мунтазам, аз байн бурдани озодии матбуот, манъи аҳзоби сиёсӣ, таъқиби фаъолони мухолиф — ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он муттаҳам мекунанд. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки қонунҳо ва сохторҳои давлатӣ барои маҳви ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарсонидани мунтақидони режим истифода мешаванд.»
Сиёсатшинос Мариус Кундротас, муҳаррири нашрияи интернетии Atodangos.com, таъкид кардааст, ки имрӯз дигар масъалаҳо танҳо мушкилоти маҳаллӣ нестанд — онҳо ба масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, то замоне ки дар кишварҳои Осиё ва Африқо режимҳои худкома ва гурӯҳҳои террористӣ фаъоланд, аз он кишварҳо ба Аврупо, аз ҷумла ба Литва, муҳоҷирон ҷорӣ хоҳанд шуд.

Кундротас бар он аст, ки Аврупо бояд ба миллатҳои дигар дар бунёди давлатҳои озод ва шукуфон дар ватани худ кумак намояд, то ки мушкилоти паноҳандагон дар дохили Аврупо коҳиш ёбад.

Ёдовар мешавем, ки се созмони байналмилалӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ (ICC) шикоят бурда, ҳукумати Тоҷикистонро ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ муттаҳам карданд.

Шикоятнома тавассути вакили ҳуқуқии фаронсавӣ Никола Линиёл ба дафтари додситони ICC супурда шуд.

Созмонҳои Фонди байналмилалии ихтиёриёни украинӣ (FUVI), Freedom For Eurasia ва ҲНИТ, бо пуштибонии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, дар ин шикоятнома ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд.

Онҳо мегӯянд, ки ин амалҳо метавонанд ҳамчун ҷиноятҳои зиддибашарӣ тибқи моддаи 7 Статути Рум арзёбӣ шаванд.

Шикоятнома ба зиёда аз 60 парвандаи ҷиддии нақзи ҳуқуқи инсон такя мекунад, ки шиканҷа, таҷовуз, ҳабси худсарона, нопадидшавӣ ва қатлро дар бар мегиранд.

Мувофиқи изҳороти Freedom For Eurasia, ин парвандаҳо танҳо як қисми ками нақзи воқеии ҳуқуқи инсонро инъикос мекунанд, зеро бисёре аз қурбониён ба сабаби тарси интиқом хомӯш мемонанд.

Дар шикоятнома давраи солҳои 2002 то 2024 фаро гирифта шудааст, ки дар он мақомот сиёсати ҳамоҳангшудаи давлатӣ барои аз байн бурдани мухолифини сиёсӣ, махсусан аъзои ҲНИТ ва тарафдорони он, амалӣ кардаанд.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *