Ҷангҷӯёни «Ансоруллоҳ»: «Режими Тоҷикистонро сарнагун мекунем»

Фиристед

Мақомоти Тоҷикистон бо як таҳдиди нав аз ҷониби гурӯҳи ифротгаро рӯбарӯ шудаанд. Созмони террористии «Ансоруллоҳ», ки асосан аз ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ иборат аст, бо нашри як видео таҳдиди сарнагун кардани ҳукумати Тоҷикистонро кард. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, созмони мухолифи «Толибон» таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, иддао дорад, ки «Ансоруллоҳ» бо пуштибонии «Толибон» ва «Ал-Қоида» мехоҳад дар Тоҷикистон як давлати исломӣ бунёд кунад.

Ин видео, ки дар шабакаи «Х» нашр шуд, нишон медиҳад, ки ду нафар бо лаҳҷаи тоҷикӣ таҳдид мекунанд. Алӣ Майсам Назарӣ, намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, мегӯяд, ки ин амали «Ансоруллоҳ» як ҷузъи таблиғотии онҳо аст, аммо он метавонад як ҳушдори ҷиддӣ низ бошад. Гарчанде ки мақомоти Тоҷикистон то кунун ба ин иддаоҳо посухи расмӣ надодаанд, коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ ин таҳдидро ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд.

Коршиносони тоҷик ва хориҷӣ бар он назаранд, ки «Ансоруллоҳ» ба танҳоӣ тавоноии сарнагун кардани ҳукумати Тоҷикистонро надорад. Аммо, агар бо пуштибонии «Толибон» ва «Ал-Қоида» амал кунад, вазъият метавонад хатарнок шавад. Рикардо Волла, мудири Маркази таҳқиқотии “Khorasan Diary”, таъкид мекунад, ки ин масъала танҳо вақтро дар бар мегирад, то ҳамлаҳои густарда дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирад.

Дар ин миён, мулоқоти раиси ISI-и Покистон, Муҳаммад Осим Малик, бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бархе аз таҳлилгаронро водор кардааст, ки ин таҳдидҳоро як фишори сиёсӣ аз ҷониби «Толибон» ва пуштибонони онҳо арзёбӣ кунанд. Онҳо бар он назаранд, ки «Толибон» бо истифода аз «Ансоруллоҳ» мехоҳанд Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ бо худ водор созанд.

Ҳузури «Ансоруллоҳ» дар минтақа ва ҷобаҷойии онҳо дар марзи Тоҷикистон ҳамчунин нигарониҳои амниятиро афзоиш додааст. Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки аз талошҳои ин гурӯҳ барои анҷоми амалиёти террористӣ дар хоки кишвар пешгирӣ кардаанд. Аммо афзоиши ҷангҷӯёни зодаи Тоҷикистон дар сафи гурӯҳҳои террористӣ метавонад ба суботу амнияти кишвар таҳдиди ҷиддӣ кунад.

Таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад ба Радиои Озодӣ гуфтаастааст, ки «Толибон» гурӯҳҳои террористиро ҳамчун як захира барои истифодаи ниёбатӣ нигоҳ медоранд. Ин ҳолат метавонад кишварҳои Осиёи Марказиро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ созад, зеро «Толибон» дар оянда аз ин гурӯҳҳо ҳамчун абзори фишор истифода хоҳанд кард.

 


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *