Илҳом Алиев: «Русия бояд аз Озарбойҷон узр пурсад»

Фиристед

Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон дар бораи  ҳавопаймои  AZAL, ки дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард, изҳороти шадид дод. Дар ин бора хабаргузории Haqqin.az гузориш дода навишт, ки ин изҳорот дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Озарбойҷон анҷом ёфтааст.

Президенти Озарбойҷон дар ин мусоҳиба эълон карда, ки санаи 27 декабр талаботи худро ба ҷониби Русия расман баён кард.

Илҳом Алиев шарҳ дод:
«Талаботи мо чунинанд:
Аввалан, ҷониби Русия бояд аз Озарбойҷон узр пурсад.
Дуюм, гунаҳкории худро эътироф намояд.
Сеюм, шахсони масъул ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Чаҳорум, ба давлати Озарбойҷон, ҳамчунин ба мусофирони осебдида ва аъзои ҳайати парвоз ҷубронпулӣ пардохт гардад.

Президенти Озарбойҷон афзуд: «Инҳо шартҳои мо ҳастанд. Аллакай талаботи аввал иҷро гардид. Умедворам, ки дигар талабот низ пазируфта мешаванд. Ҳамаи ин талабот одилонаанд ва ҳеҷ гуна масъалаҳои ғайримуқаррарӣ ё берун аз одоби инсонӣ дар онҳо вуҷуд надорад. Онҳо ба таҷрибаи байналмилалӣ ва меъёрҳои одии рафтори инсонӣ асос ёфтаанд».

Алиев инчунин қайд кард, ки то ҳол саволҳое боқӣ мондаанд, ки ба садамаи ҳавопаймои AZAL дар наздикии Актау рабт доранд.
Вай афзуд: «Пас аз таҳқиқи қуттиҳои сиёҳ ва гирифтани маълумоти муфассалтар, тафсилоти бештар ошкор хоҳанд шуд. Масалан, чаро ҳавопаймо ба фурудгоҳи шаҳри Грозний нишаста натавонист? То чӣ андоза василаҳои электронии мубориза ба идораи ҳавопаймо таъсир расонданд? Зарарҳои расида аз таркиш дар ҳаво то куҷо нақши ҳалкунанда бозиданд?

Президенти Озарбойҷон таъкид кард, ки «кӯшишҳо барои инкор ё пинҳон кардани далелҳо дар чунин шароит сафсата ва ғалатанд.»

Алиев аз қаҳрамонии ҳайати парвоз низ тавсиф намуда, гуфт: «Халабонон ҳам касбият ва ҳам шуҷоат нишон доданд. Онҳо медонистанд, ки дар шароити фуруд омадани фавқулода зинда намемонанд, аммо барои наҷоти мусофирон шуҷоати бузурге нишон доданд. Дар натиҷа, як қисмати баданаи ҳавопаймо насӯхта боқӣ монд ва ин далел ба мо имкон медиҳад, ки қотеъона бигӯем: ҳавопаймо аз ҷониби Русия сарнагун карда шуд.»

Президенти Озарбойҷон илова намуд, ки осеби ҳавопаймо ҳангоми парвоз ба воситаи василаҳои электронии мубориза оғоз шудааст ва сипас аз оташкушоии заминӣ ба қисмати думии он зарари ҷиддӣ расидааст.

Илҳом Алиев таъкид кард, ки тахминҳои зиддунақиз, аз қабили бархӯрди ҳавопаймо бо парандагон ё таркиши баллони газӣ, танҳо кӯшиши сарфи назар кардани масъала мебошад.
«Ин амалҳои нодуруст танҳо обрӯи ҷониби Русияро коҳиш медиҳанд», — гуфт Алиев.

Бо вуҷуди ин, ӯ таъкид кард, ки сарнагунсозии ҳавопаймо эҳтимолан қасдан сурат нагирифтааст, аммо иқрори масъулият ва ба таври саривақтӣ узрхоҳӣ кардани Русия  аз Озарбойҷон як амали одилона ва муносиб мебуд.
«Дар се рӯзи аввал мо танҳо тахминҳои носаҳеҳ ва беасос мешунидем», — гуфт президенти Озарбойҷон.

Ёдовар мешавем, ки 25 декабри соли 2024, ҳавопаймои ширкати Azerbaijan Airlines (AZAL), ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар наздикии Актау, Қазоқистон, суқут кард. Дар ҳавопаймо 67 нафар, аз ҷумла 5 узви хадама ҳузур доштанд; 38 нафар ҳалок шуда, 29 нафар зинда монданд. Бино ба маълумотҳои расонаишуда, ҳавопаймо дар фазои наздикии Грозний аз берун осеб дида, аз замин ба суяш оташкушоӣ шудааст.

Президенти Озарбойҷон талаб кард, ки Русия масъулияти худро эътироф намуда, гунаҳкоронро ҷазо диҳад ва ҷубронпулӣ пардохт кунад. Президенти Русия, Владимир Путин, дар суҳбати телефонӣ бо Алиев изҳори таассуф намуда, ин ҳодисаро «фоҷиабор» номид.

Таҳқиқоти расмӣ барои муайян кардани сабабҳои дақиқи ҳодиса идома дорад.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *