
Пас аз барномаи «Гуфтугӯ»: Боздошти гумонбарон дар силсилакушторҳои Конибодом
Баъди барномаи мардумии «Гуфтугӯ» дар шабакаи ютубии Паём tv, ки шоми сешанбе, 17 декабр бо унвони «Кушокушӣ дар Конибодом баргузор шуд, мақомоти Тоҷикистон дар ҷавоб ба талаботи ҷомеа барои пайдо кардани қотилони масъул барои кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом изҳор намуданд, ки чор нафар боздошт шудаанд. Ин хабар, ки 21 декабр аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон нашр шуд, гуё нишонгари он аст, ки мақомот ҷиддӣ кор карда истодаанд, ҷиноятҳо «ифшо шудаанд» ва тафтишот идома дорад.
Дар хабарномаи Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ин боздоштҳо ба кушторҳое рабт доранд, ки аз моҳи март то декабри соли 2024 сокинони Конибодомро дар ҳолати нигаронии шадид қарор дода буд. Ин кушторҳо, ки ба гуфтаи матбуот дастикам ҳафт ҳодисаро фаро гирифта, ба марги 25 нафар, аз ҷумла узви оилаҳо, боис гардиданд, ҷомеаро ба ташвиш оварданд. Маълум мешавад, ки дар ҳар як ҳодиса аз ду нафар бештар узви як оила ба ҳалокат расидаанд.
Додситонии кулл хабар дод, ки боздоштшудаҳо шаҳрвандони худи Конибодом мебошанд. Инҳо Солеҳҷон Худойбердиеви 26-сола, Аҳадҷон Тухтаеви 27-сола, Бахтиёр Равшанови 36-сола ва Манучеҳр Одилови 28-сола мебошанд. Ҳарчанд маълум нест, ки худи боздоштшудаҳо ба иттиҳомоти зиддашон чӣ назар доранд, мақомоти тафтишотӣ таъкид кардаанд, ки ин ҷиноятҳо зери назорати раҳбарияти олии мамлакат таҳқиқ мешаванд.
Тафсилоти расмӣ дар бораи ин кушторҳо ҳанӯз нокифоя аст. Дар изҳороти мақомот мушаххасан нагуфтаанд, ки боздоштшудаҳо дар кадом шароит ва бо кадом далелҳо дастгир шудаанд. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё кушторҳои пешинаи марбут ба Конибодом, ки қаблан ду нафари дигар барои онҳо маҳкум шуда буданд, ба ин парванда рабт доранд ё не. Пештар, наздикони ин ду маҳкумшуда изҳор намуда буданд, ки онҳо бо эҳтимоли зиёд бегуноҳанд.
Дар миёни боздоштшудаҳо Солеҳҷон Худойбердиев, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун варзишгар ва дорбоз маъруф буд, диққат ҷалб мекунад. Дар саҳифаи ӯ дар шабакаи ОК наворҳое ҷой доранд, ки ӯ санг мебардорад ва дар чорабиниҳои маҳаллӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳамдеҳаҳои ӯ ва Аҳадҷон Тухтаев аз деҳаи Гулбоғи ҷамоати Фирӯзоба мебошанд. Ин минтақа дар ҳамсоягии Шӯробқалъа ҷойгир аст, ки 8 декабр Наимҷон Неъматов бо ҳамсару чор фарзандаш дар шароити даҳшатбор кушта шуданд.
Дар деҳаи Гулбоғ, шаби 15 ба 16 декабр, ду оилаи дигар мавриди ҳамла қарор гирифта, чор нафар кушта шуданд. Гумонбари дигар, Бахтиёр Равшанов, аз деҳаи Санҷидзори Конибодом аст. Ин деҳа дар моҳи майи соли ҷорӣ низ шоҳиди кушторе буд, ки шаш нафар аз ду оила дар он ба ҳалокат расиданд. Дар робита ба он ҳодиса як сокини Конибодом Марат Сатторов ба ҳабси абад маҳкум шуд, аммо хешовандони қурбониён ва худи маҳкумшуда назари худро ошкор накардаанд.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки таҳқиқот идома дорад, вале ҷомеаи Тоҷикистон аз маҳдудияти иттилооти расмӣ шадидан интиқод мекунад. Шаҳрвандон таъкид доранд, ки мақомоти қудратӣ бояд ҷомеаро саривақт ва бо маълумоти кофӣ аз ҷараёни тафтишот ва таҳқиқи чунин ҷиноятҳои мудҳиш огоҳ намоянд, то ки тарсу нигарониҳои мардум кам карда шавад.
Дар ин замина, изҳороти Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва яке аз сиёсатмадорони мухолиф, таваҷҷуҳбарангез аст. Ӯ дар барномаи Гуфтугӯ дар мусоҳиба бо Шавкати Муҳаммад изҳор намуд, ки эҳтимолан худи мақомоти қудратӣ дар ин кушторҳо даст доранд. Ба гуфтаи ӯ, агар мақомот иродаи кофӣ медоштанд, онҳо кайҳо метавонистанд ҷинояткоронро пайдо ва ба ин силсилаи ваҳшат хотима диҳанд.
Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно мунтазири равшан шудани ҳама паҳлуҳои ин парванда аст. Кушторҳо дар Конибодом ва баҳсҳои атрофи он ба як мавзӯи доғ табдил ёфтааст, ки нишон медиҳад, то чӣ андоза шаффофият ва ҳисоботдиҳии мақомот барои боварии мардум муҳим мебошад.
Average Rating