HRW: Олмон барои пешгирии ихроҷи паноҳандагон чораҳои муассир андешад

Фиристед

Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch (HRW) аз суханронии намояндааш дар ҷаласаи парлумони Олмон, аз 17 декабри соли 2024 гузориш додааст.

Дар ин гузориш аз шиддат гирифтани саркӯбиҳои фаромиллӣ нисбат ба шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои худкома гурехта, дар Олмон паноҳ бурдаанд, изҳори нигаронӣ шудааст. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Олмон зимни амалиётҳои гуногун ба таъқиби мухолифони кишварҳои диктатурӣ, ки ба ин кишвар паноҳ бурдаанд, даст мезанад. 

Ҳю Уилямсон, намояндаи Human Rights Watch, аз ихроҷҳои паноҳандагон дар Олмон ба кишварҳои саркӯбгар изҳори нигаронӣ карда гуфтааст:  “Дар ҳоле, ки Олмон ихроҷи паноҳандагон ба баъзе кишварҳоро боздоштааст, ихроҷ ба Тоҷикистон идома дорад. Дар ин кишвар фаъолони сиёсии паноҳҷӯ ҳадафи саркӯбӣ қарор мегиранд. Ҳукуматҳои худкома, аз ҷумла Тоҷикистон, аз василаҳои гуногун истифода бурда, ба наздикону фаъолони муҳоҷир фишор меоранд.”

Ба гуфти намояндаи Human Rights Watch аз аввали соли 2023, се фаъоли тоҷик аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд. Аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев, ки HRW парвандаҳои онҳоро пайгирӣ кардааст. Ҳарду пас аз расидан ба ватан боздошт ва ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд. Гузашта аз ин, далелҳо нишон медиҳанд, ки онҳо дар зиндон шиканҷа шудаанд.

“Дар чунин ҳолатҳо, қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон талаб мекунанд, ки Олмон аз ихроҷи ин шахсон худдорӣ намояд, зеро хавфи ҷиддии шиканҷа вуҷуд дорад. Аммо, сиёсати ихроҷи Олмон ба Тоҷикистон ҳукуматҳои худкомаро дар амали саркӯбии фаромиллӣ кӯмак мекунад.” — гуфтааст  Уилямсон.

Бино ба гузориши Human Rights Watch аз ҷониби Франк Швабе, намояндаи SPD, пешниҳод шудааст, ки вазорати корҳои хориҷии Олмон ҳаққи вето ба қарори ихроҷҳое дошта бошад, ки дар онҳо эҳтимоли боздошт ва шиканҷа вуҷуд дорад.

Ҳукуматҳои худкома барои хомӯш кардани садои мухолифони худ дар хориҷ аз усулҳои мухталиф, аз ҷумла истифодаи абзорҳои байналмилалӣ мисли Интерпол, истифода мебаранд. Ғайр аз ин, онҳо ба василаи таҳдид ба наздикони мухолифони ба Аврупо паноҳандашуда, ки дар дохили кишвар боқӣ мондаанд, ба мухолифон фишори равонӣ меоранд.

HRW аз ҳукумати Олмон даъват кардааст, ки барои пешгирии ин таҳдидҳо чораҳои муассир андешад. Пешниҳод шудааст, ки қонунгузориҳо барои муҳофизати ҳуқуқии паноҳандагони сиёсӣ таҳия шаванд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Олмон бояд фаъолияти агентҳои ҳукуматҳои худкомаро пайгирӣ намуда, қонуншиканиҳои онҳоро таҳқиқ кунад. Бо дигар кишварҳо ҳамкории наздик ба роҳ мондан ва ҷамъиятро дар бораи таҳдидҳои саркӯбии фаромиллӣ огоҳ сохтан низ аз тавсияҳои ин созмон мебошад.

HRW дар гузориши худ таъкид мекунад, ки масъалаи саркӯбии фаромиллӣ на танҳо ҳуқуқҳои шахсӣ ва озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунад, балки ба арзишҳои асосии демократия низ таҳдид дорад. Аз ин рӯ, Олмон, ҳамчун яке аз пешсафон дар ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, бояд иқдомоти муассир барои ҳимояи паноҳандагон аз ин таҳдидҳоро амалӣ намояд. Ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо кафолати эътимод ба низоми байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон аст.

Human Rights Watch ба Олмон тавсия додааст, ки барои беҳбуд бахшидани вазъ, эътилофи созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Олмон чаҳор самти кориро пешниҳод кардааст:

  1. Мониторинги фаъолонаи ҳолатҳои саркӯбӣ. Таҳияи тадқиқотҳо барои фаҳмидани миқёс ва шаклҳои саркӯбӣ ва таъсиси нуқтаи тамос барои шикоятҳо.
  2. Чорабиниҳои муассир. Рушди фаҳмиши умумӣ байни мақомоти дахлдор, аз ҷумла полис ва мақомоти амниятӣ, дар бораи саркӯбии фаромиллӣ ва кӯмак ба афроди осебпазир.
  3. Дастгирии қурбониён. Пешниҳоди машваратҳои муфид, омӯзиши кормандони марбут ба кор бо гурезаҳо ва паноҳҷӯён.
  4. Пешгирӣ. Пешниҳодҳо барои тағйироти ҳуқуқӣ ва истифодаи фишангҳои сиёсати хориҷӣ барои ҷазо додани кишварҳои саркӯбгар.

Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *