
Сармояи Бонки Ҷаҳонӣ ба соҳаи маориф дар лабиринти фасод
Бонки Ҷаҳонӣ бо тибқи лоиҳаи «Инноватсияҳо барои таҳсили фарогир» кӯмак ба низоми маорифи Тоҷикистонро идома медиҳад. Лоиҳа барои баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсил ва беҳтар намудани сифати он равона шудааст.
Дар ин бора, санаи 18 декабри соли 2024, дар сайти расмии Бонки Ҷаҳонӣ гузориш нашр шудааст. Гуфта мешавад ҳадафи асосии лоиҳа фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар таҳсил мебошад. Тибқи ин ташаббус кӯдакони минтақаҳои дурдаст, духтарон ва гурӯҳҳои осебпазир мавриди ғамхорӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин бо сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ, инфрасохтори таълимӣ навсозӣ шуда, барои такмили малакаи омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои рақамӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре ки намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ қайд намуданд, дар доираи лоиҳа ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим, омодасозии барномаҳои муосири таълимӣ ва иштироки фаъолонаи ҷомеа дар раванди таълимӣ низ пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф дар Тоҷикистон мусоидат намуда, барои ҷавонон имкониятҳои бештар ва сифати баландтари таҳсил фароҳам орад.
Бонки Ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки сармоягузорӣ ба маориф на танҳо омили муҳими рушди инсонист, балки замина барои пешрафти иқтисодии кишвар низ мебошад.
Вале дар шароити мавҷудаи кишвар, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ бо сатҳи баланди коррупсия маъруф аст, татбиқи чунин лоиҳаҳо зери хатари истифодаи ғайримақсаднок қарор доранд.
Бо вуҷуди миллиардҳо сомонӣ маблағгузорӣ дар соҳаи маориф дар солҳои охир, ҳолати мактабҳо дар аксар минтақаҳои кишвар нигаронкунанда боқӣ мондааст. Дар ҳоли ҳозир, даҳҳо мактабҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва на танҳо ба техникаҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз нестанд, балки аз шароити асосии омӯзиш низ маҳруманд.
Мутахассисон ва фаъолони ҷомеа таъкид мекунанд, ки маблағҳои равонашуда ба ислоҳоти таълимӣ аксар вақт ба дасти гурӯҳҳои манфиатдор ва шахсони алоҳида меафтанд. Аз ин рӯ, дар амал, на ҳамаи маблағҳо ба манфиати таҳкими низоми маориф ва ё навсозии мактабҳо истифода мешаванд.
Мисолҳо нишон медиҳанд, ки маблағҳои ҷудошуда барои лоиҳаҳои таълимӣ баъзан дар харидҳои арзонсифат, пардохтҳои пинҳонӣ ё ҳатто дуздӣ истифода мешаванд. Бо назардошти ин ҳолат, коршиносон талаб доранд, ки назорати ҷиддии байналмилалӣ ба истифодаи маблағҳои ҷудошуда ҷорӣ карда шавад.
Бо вуҷуди ҳадафҳои некбинонаи лоиҳа, дар шароити мавҷуда иҷрои он дар Тоҷикистон бе ислоҳоти амиқи сохторӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва коҳиши коррупсия душвор боқӣ мемонад. Агар тадбирҳои қатъӣ барои таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ андешида нашаванд, сармоягузориҳои Бонки Ҷаҳонӣ низ, ба мисли дигар кӯмакҳои байналмилалӣ, метавонанд ғайримақсаднок сарф шаванд ва натиҷаҳои чашмдоштро таъмин накунанд.
Ҳамзамон, аҳолии маҳаллӣ, омӯзгорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мекунанд, ки ба раванди татбиқи лоиҳаҳо ҷалб шуда, барои шаффофият ва назорати истифодаи маблағҳо талош варзанд. Танҳо бо чунин роҳҳо метавон кафолат дод, ки сармоягузорӣ воқеан ба манфиати мардум ва рушди соҳаи маориф равона гардад.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating