
Фоҷеаи бебарқӣ: Ду кудакро дар Шаҳристон дуди ангишт кушт
Дар ноҳияи Шаҳристон ду кӯдак бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар манзили худ ҷон бохтанд. Ҳодиса дар шаби 17-уми декабр рух додааст. Сабаби фоҷиа заҳролудшавӣ бо оксиди карбон аз истифодаи нодурусти ангишт ва набудани дудкаши дуруст будааст.
Даргузашти ду кӯдак дар Шаҳристон аз заҳролудшавӣ бо дуди ангишт як фоҷиаест, ки ба мушкилоти асосии иҷтимоӣ ва энергетикии Тоҷикистон ишора мекунад. Аз дуди ангишт заҳролуд шуда фавтидан дар Тоҷикистон хеле маъмул шудааст ва ҳамасола даҳҳо нафар ва ҳатто оилаҳо дар як хона мефавтанд.
Тоҷикистон, ки дорои захираҳои азими гидроэнергетикӣ мебошад, солҳост, ки бо мушкилоти ҷиддии таъмини барқ дар фасли зимистон рӯбарӯст. Сокинони деҳот ва ҳатто баъзе шаҳрҳо маҷбур мешаванд, барои гарм кардани хонаҳои худ аз ангишту ҳезуму таппак ва дигар манбаъҳои алтернативии ғайриқафолатнок истифода кунанд. Ин гуна вазъият, ки ҳамасола такрор мешавад, на танҳо сатҳи зиндагии мардумро паст мекунад, балки ҳаёти онҳоро низ зери хатар мегузорад.
Дар шароите, ки аксарияти аҳолӣ аз бебарқӣ азият мекашанд, содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя як масъалаи баҳсбарангез аст. Қарорҳои мақомот дар робита ба сиёсати энергетикӣ бештар манфиатҳои берунаро таъкид мекунад, на ниёзҳои дохилиро. Ҳол он ки дар дохили кишвар ҳазорон хонавода бо сармо ва шароити ғайриинсонӣ мубориза мебаранд. Чаро мардум бояд барои гарм кардани хонаҳои худ ангишту таппак истифода баранд, дар ҳоле, ки барқи истеҳсоли ватаниро хориҷиҳо соҳибӣ мекунанд?
Ин ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар сиёсати иҷтимоӣ ва энергетикӣ на танҳо камсамар аст, балки ба ҳаёти инсонҳо низ бетаваҷҷуҳӣ вуҷуд дорад. Бо вуҷуди лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, аз ҷумла Роғун, мушкилоти марбут ба бебарқӣ ҳамоно боқӣ мондааст. Шаффофияти идоракунии манобеи энергетикӣ ва самаранокии хароҷоти давлатӣ зери шубҳа қарор дорад.
Ин гуна ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки набудани иродаи сиёсӣ барои ҳалли мушкилоти бебарқӣ ва таъмини мардум бо манбаъҳои гармидиҳии бехатар дар маркази мушкилоти ҷомеа қарор дорад. Агар мақомот ин масъалаҳоро ҷиддӣ нагирифта, тадбирҳои муассир наандешанд, фоҷиаҳои дигар ногузиранд. Ҳаёти инсонҳо набояд қурбонии сиёсатҳои номуваффақ ва беадолатии иҷтимоӣ гардад.
Average Rating