
Ҳарчи дорем фақат барои меҳмон. Интернет ҳам
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо иштироки муовини сардори хадамот, Аҳлиддин Муртазозода, намояндагони Кумитаи сайёҳӣ, роҳбарони меҳмонхонаҳои пойтахт, инчунин операторҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ ҷаласа барпо карда, сифати пасти интернет дар меҳмонхонаҳо ва ҳотелҳои Душанберо танқид кардааст.
Тавре хабаргузории Азия-плюс иттилоъ медиҳад, ин ҷаласа санаи 9 декабри соли 2024 баргузор шудааст.
Бино ба хабар Аҳлиддин Муртазозода таъкид карда, ки дар ҷараёни санҷишҳои гузаронидашуда муайян гардид, ки дар қатори меҳмонхонаҳои шаҳр, аз қабили «Душанбе», «Авесто», «Тоҷикистон» ва «Айнӣ», суръати интернет ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқат намекунад.
Ба ҳамин тартиб, ба гуфти ӯ, таҷҳизоти таъмини интернет куҳна шуда, наметавонад бо суръати зарурӣ барои истироҳати мусоиди меҳмонони хориҷӣ, ки бахусус дар арафаи тадбирҳои бузурги байналмилалӣ муҳим аст, интернетро таъмин кунад.
«Бо вуҷуди мавҷудияти каналҳои интернетӣ, ки аз нуқтаи назари техникӣ ба талаботҳо ҷавобгӯ ҳастанд, дар меҳмонхонаҳо зарур аст, ки таҷҳизот барои таъмини интернети пурсуръат навсозӣ карда шавад», — гуфтааст Муртазозода.
Муртазозода талаб карда, ки ҳамаи меҳмонхонаҳои пойтахт дар мӯҳлати кӯтоҳ системаҳои худро навсозӣ намуда, онҳоро бо талаботҳои муосир мутобиқ намоянд.
Ба намояндагони меҳмонхонаҳо тавсия дода шудааст, ки таҷҳизотро навсозӣ ва меҳмононро бо интернети бо суръати на камтар аз 100 Мбит/с таъмин намоянд.
Дар айни замон, Муртазозода изҳор дошта, ки агар таҷҳизоти техникии меҳмонхонаҳо навсозӣ карда шавад, пас дар ҷараёни баргузории тадбирҳои давлатӣ дар онҳо ба ҳамаи меҳмонхонаҳо интернети ройгон пешниҳод карда мешавад.
Ин талаби корманди аршади Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, мисли ин аст, ки деги мардуми куҳистон фақат ҳамон рузе гуштро мебинад, ки ба хона меҳмон ояд. Ҳоло акнун интернети баландсуръатро ҳам дар Тоҷикистон фақат меҳмонон истифода мекунанд, чун то ба имрӯз аз рузи ҳастияш то ба аҳди Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик интернет надошт ва бе интернет намурда буд.
Ёдатон бошад, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои бо интернети гаронтарин дар Осиёи Марказӣ мавқеъ дорад.
Мутобиқи рейтинги арзиши трафики интернетӣ барои соли 2024, ки Глобал Релокейт таҳия кардааст, Тоҷикистон дар байни 238 кишвар ва қаламрави вобаста ба ҷаҳон, бо миёнаи арзиши $1,65 барои 1 гигабайт, ҷойи 142-умро ишғол мекунад.
Барои муқоиса, дар Қирғизистон миёнаи арзиши 1 Гбайт $0,17 (ҷойи 8-ум дар ҷаҳон), дар Ӯзбекистон — $0,30 (ҷойи 22-юм), дар Қазоқистон — $0,41 (ҷойи 35-ум).
Ба ибораи дигар, интернет дар Тоҷикистон тақрибан 9,5 маротиба гаронтар аз Қирғизистон, 5,5 маротиба — аз Ӯзбекистон ва 4 маротиба — аз Қазоқистон аст.
Дар айни ҳол, дар рейтинги Speedtest Global Index Тоҷикистон ба ҳолати июли соли 2024 дар байни 5 кишвари ҷаҳон бо интернети мобилии аз ҳама суст (ҷойи 139 аз 143 кишвари ҷаҳон) ва аз рӯи суръати интернети симӣ — дар ҷойи 131 аз 181 кишвари ҷаҳон қарор дорад.
Бо вуҷуди ин, дар Хадамоти алоқа ба ин маълумотҳо бовар намекунанд.
Дар моҳи июл дар нишасти матбуотии Хадамот изҳор доштанд, ки гузоришҳои ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба суръат, арзиш ва дастрасии интернет эътимоднок нестанд.
Рафиқҷон Шокиров, ки вазифаи сардори Идораи алоқа ва иттилооти Хадамоти алоқаро он вақт иҷро мекард, гуфта буд:
«Дар чунин таҳқиқотҳо, одатан, шумораи умумии аҳолии кишвар ба назар гирифта мешавад. Дар айни ҳол, кӯдакони то 5-сола, ки тақрибан 2 миллион аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва аз воситаҳои алоқа истифода намебаранд, аз ҳисобҳо истисно карда намешаванд».
Ба ақидаи ӯ, дар ин гузоришҳо ҳамаи омилҳо ба назар гирифта намешаванд, онҳо бо мақсади нишон додани баъзе кишварҳо дар тарзи манфӣ нашр мешаванд.
Коршиноси тоҷик оид ба технологияҳои нав Рустам Гулов ба хабаргузории Азия-плюс гуфта, ки дар 8 соли охир Тоҷикистон аз ҳамсоягон дар рушди интернет боз ақиб мемонад.
Ба қавли Гулов, «Ибораи «андаке беҳтар аз Туркманистон» беҳтарин тавсифи дастовардҳои кишвар дар ин соҳа аст».
Мутобиқи маълумоти ин коршинос, суръати миёнаи боргирии файлҳо аз интернет дар Тоҷикистон тақрибан 3 мегабит дар сония мебошад. Нишондиҳандаҳо дар Осиёи Марказӣ танҳо дар Туркманистон аз ин ҳам бадтар ҳастанд. Дар Ӯзбекистон суръат 7 маротиба болотар аст.
Нисбати истифодабарандагони интернет ба шумораи пайвастшавиҳои мобилӣ дар Тоҷикистон дар 8 сол тақрибан 2,5 маротиба афзуда, аз 17,3% то 40,3% расидааст.
Бо вуҷуди ин, дар ҳамин давра дар Туркманистон ин нисбат ба 70% наздик шудааст, ки оид ба маъмулияти интернети мобилӣ — омиле, ки ба ҳамеша дар алоқа будан кӯмак мерасонад, гувоҳӣ медиҳад. Аммо, бо вуҷуди афзоиш, дар солҳои охир дар Тоҷикистон он хеле суст шудааст.
Average Rating