
Муҳоҷирони корӣ дар Русия: Манбаи нерӯи корӣ ё омили таваррум?
Дар 29 ноябри соли 2024, вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев, дар Телеграм канали худ изҳор намуд, ки муҳоҷирон бо интиқоли маблағҳо аз Русия ба кишварҳои худ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба болоравии қурби доллар ва поинравии қурби рубл мусоидат мекунанд. Ӯ қайд кард, ки муҳоҷирон ҳар сол даҳҳо миллиард доллар аз иқтисоди Русия мебароранд, ки ин ба бозори асъор таъсири назаррас мерасонад.
Бино ба гуфти Матвеев, танҳо дар соли 2023 аз Русия ба Тоҷикистон 5,7 миллиард доллар интиқол шудааст, ки тақрибан ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст. Вай инчунин изҳор дошт, ки интиқоли пули нақд ба кишварҳои ИДМ боиси афзоиши фишор ба қурби рубл мешавад.
У гуфт: «Қариб ҳамаи кишварҳои ба истилоҳ «дӯст» аз ИДМ нисбат ба бонкҳои Русия ва кортҳои «МИР» таҳримҳо ҷорӣ кардаанд. Ин маънои онро дорад, ки интиқоли маблағҳои рублӣ аз Русия ба ин кишварҳо душвор шудааст. Бинобар ин, муҳоҷирон асъори хориҷиро ба таври нақдӣ мехаранд ва аз кишвар берун мебаранд.»
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, президенти Русия вазъи вобаста ба поинравии қурби рублро дар моҳи ноябри соли 2024 тавзеҳ дода, изҳор намуд, ки ин вазъият «таҳти назорат» қарор дорад ва ҳеҷ асосе барои воҳима нест. Ба гуфти ӯ, тағйироти қурби рубл натиҷаи омилҳои гуногун мебошад, аз ҷумла тағйироти мавсимӣ, пардохтҳои буҷавӣ ва пастшавии нархи нафт. Ӯ инчунин қайд кард, ки бар зидди таваррум метавон бо усулҳои дигар низ мубориза бурд, на танҳо бо роҳи баланд бардоштани меъёри асосии Бонки марказӣ, аммо ҷузъиёти ин усулҳоро зикр накард.
Вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев таъкид мекунад, ки муҳоҷирон бо интиқоли маблағҳои коркардаашон ба кишварҳои худ талабот ба асъори хориҷӣ, аз ҷумла долларро зиёд намуда, ба заиф шудани қурби рубл мусоидат мекунанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки қурби рубл нисбати сомонӣ ва дигар асъорҳо ба сатҳи пасттарин дар 9 соли охир расидааст.
Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки муҳоҷирон дар Русия қисми муҳими қувваи кориро ташкил медиҳанд ва саҳми назаррасе дар таъмини бахшҳои калидии иқтисоди Русия доранд. Аммо Матвеев масъалаи таъсири онҳо ба қурби рублро шадидан якҷониба шарҳ медиҳад.
Таъсири бештар ба қурби асъор дар Русия асосан аз таҳримҳои байналмилалӣ, коҳиши даромадҳои содиротӣ ва маҳдуд шудани дастрасӣ ба захираҳои доллар аст. Ҳамчуни баландшавии таваррум ва коҳиши эътимод ба рубл боиси фишор ба бозори асъор мегардад. Ҳарчанд ирсоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон низ таъсир дорад, аммо саҳми онҳо дар муқоиса бо таъсири таҳримҳо ва таваррум нисбатан ночиз аст.
Бинобар метавон гуфт, изҳороти Матвеев нишондиҳандаи афзоиши равияҳои муҳоҷирситезӣ дар доираҳои сиёсии Русия мебошад.
Average Rating