
Лимити барқ, ваъдафурӯшиҳо ва сиёсати норӯшани энергетикӣ
Нозирҷон Ёдгорӣ, масъули бахши матбуоти ҶСК “Барқи тоҷик”, вазъи норасоии барқ ва лимити он дар фасли сармо дар Тоҷикистонро шарҳ додааст.
Муҳтавои асосии матлаби масъули ин ширкат, ки онро нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” чоп кардааст, дар хусуси сабабҳои ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар, интиқоли барқ ба Афғонистон, сохтмони нерӯгоҳҳо ва роҳҳои сарфакории барқ мебошад.
Ёдгорӣ дар ин навиштааш кӯшиш кардааст, бо чунин баҳона, ки «барқ маҳсулот аст» ва мардум бояд барои истифодаи он саривақт пардохт кунанд, масъулияти асосии таъмини барқро бар души худи шаҳрвандон гузорад. Дар изҳорот, инчунин, ба пешравиҳои назарраси соҳаи энергетикаи кишвар ва дурнамои умедбахши истиқлолияти энергетикӣ ишора шудааст. Бо вуҷуди ин, дар мақолаи мазкур бештар барои сафед кардани норасоиҳои воқеии низоми энергетикӣ кӯшиш шудааст.
Мақолаи Нозирҷон Ёдгорӣ бо се нуқтаи асосӣ ҷолиби таваҷҷуҳ аст: масъулияти шаҳрвандон, нақши ҳукумат ва ояндаи соҳаи энергетикаи кишвар.
Ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ, пардохт накардани ҳаққи барқ ё дуздии он сабаби асосии мушкилоти таъминот аст. Аммо, ин баҳона мушкилоти аслиро пинҳон мекунад. Қисмати зиёди аҳолӣ, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, бо вуҷуди он ки ба зиндагии мушкил мувоҷеҳанд ва аксар вақт шароити иқтисодии онҳо имкони пардохтҳои мунтазамро намедиҳад, қарз мекунанд ё чизе аз бисоташонро фурӯхта, маблағи истифодаи барқро пардохт мекунанд. Агар пардохт карда натавонанд, кормандони ширкати “Барқи тоҷик” сими онҳоро мебуранд.
Нозирҷон Ёдгорӣ ба ҷойи ҳаллу фасли мушкилот аз ҳисоби беҳбуди дастрасӣ ба барқ ва таъмини шаффофият, тамоми масъулиятро бар души мардум мегузорад. Ин дар ҳолест, ки мардум ҳаққи барқро пардохт мекунанд, вале дар иваз, ба онҳо хизматрасонии босифат пешниҳод намешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ дар мақола аз «ҷаҳду талошҳои Ҳукумат» ёдовар мешавад, аммо ин суханон бе мисолҳои дақиқ ва воқеӣ танҳо ҳамчун шиор садо медиҳанд. Солҳо боз лимити барқ дар фасли сармо як одати маъмул гаштааст, ки он наметавонад танҳо бо айби мардум шарҳ дода шавад. Мушкилоти системавии идоракунии нодуруст, фасоди молиявӣ ва набудани сармоягузориҳои самардиҳанда сабабҳои аслии ин вазъ мебошанд. Чаро масъалаҳои ҳалли таъмини барқ солҳо боз ба дарозо кашида мешаванд? Чаро лоиҳаҳои бузурге, мисли НБО “Роғун”, ки миллионҳо доллар сармоягузорӣ шудаанд, то ҳол ба натиҷаи назаррас нарасидаанд? Чаро дар Тоҷикистон зиёда аз 250 неругоҳҳои барқии хурду миёна сохта шудаанд, вале ҳамоно мардум бебарқ аст?
Ба ин баҳонаи бе сару нуги Ёдгорӣ диққат диҳед: “Агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар кишвар беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамояд”.
Бо иқрори худи Ёдгорӣ дар даврони шуравӣ ҳамагӣ 358 корхона 33 ҳазор нафарро ба кор таъмин мекардааст. Яъне ҳар як корхона ба ҳисоби миёна тақрибан 93 нафариро ба ҷойи кор таъмин мекардааст. Аммо ҳоло 3000 корхона 54 ҳазор нафарро. Ҳар як корхона ба ҳисоби миёна 18 нафар коргар доштааст. Агар даҳҳо корхонаҳои аз 3 ҳазор то 5 ҳазор нафар дорои коргарро ба инобат гирем, аксари корхонаҳое, ки дар ҳисоби Ёдгорӣ ворид шудаанд, шояд аз як ё ду нафар иборатанду халос. Аз ин дониста мешавад, воҳимаи 3 ҳазор корхонаҳои саноатӣ чигуна корхонаҳои саноатӣ ҳастанд.
Акнун чизи дигар. Бо вуҷуди анҷоми қисматҳои муҳими сохтмони “Роғун” ва ба кор даромадани ду агрегати он минтақаҳои деҳот ҳанӯз ҳам аз таъмини мунтазами барқ маҳруманд. Чаро вақте ҳукумат аз уҳдаи таъмини мардум ба барқ намебарояд, сиёсати худтаъминкунӣ ва ё худкифоии мардум ба барқро ҷорӣ намекунад?
Тоҷикистон, ки баробари кишвари офтобруя будан, кишвари шамолрас низ ҳаст ва метавон бидуни истифодаи барқи обӣ аз нерӯи офтоб ва шамол барқ гирифт ва ақалан хонаҳои шахсию ғайри бисёрошёнагӣ метавонанд дар фаслҳои гармою сармо худро ба барқ таъмин кунанд. Танҳо барои ин кор ҷанбаи ҳуқуқии ин масъала бояд таъмин шавад. Ҳукумат баъди пиёда шудани чунин низом вазифадор мешавад танҳо хонаҳои истиқоматии баландошёна ва корхонаву муассисаҳоро ба барқ таъмин кунаду халос. 70% аҳолии кишвар, ки мардуми деҳот ҳастанд, аз умед бурдан ба ваъдаҳои ҳукумат халос мешаванд ва аз паи худтаъминкунӣ ба барқ хоҳанд шуд.
Нозирҷон Ёдгорӣ ба такрор мегуяд, ки Тоҷикистон бо сохтмони пурраи “Роғун” ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад ва ҳатто ба содиркунандаи барқ табдил меёбад. Аммо, барои аксарияти мардум ин ваъдаҳо боварибахш нестанд, зеро онҳо солҳо боз ҳамчунин гапҳоро мешунаванд, вале зиндагии онҳо тағйире намеёбад.
То имрӯз Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои гуногун миллиардҳо доллар барои бахши энергетика ҷалб кардааст. Аммо дар фасли зимистон аксарияти сокинони деҳот танҳо чанд соати рӯз бо барқ таъминанд. Аз ин рӯ, саволи оддӣ пайдо мешавад: чаро ҳукумати кишвар авлавиятро ба таъмини дохилӣ намедиҳад, балки бар содироти эҳтимолии барқ таъкид мекунад?
Тибқи омори расмӣ то ба ҳол танҳо ба сохтмони НБО “Роғун” наздик ба 4 млрд доллар сарф шудааст ва дар назар аст, ки то 6 миллиарду 200 миллион доллар сарф шавад. Дар минбаъд ба ҳар соли тул кашидани сохтмони Неругоҳ тақрибан 1 млрд долларии дигар сарф хоҳад шуд.
Агар мо ба тамом Роғун намесохтем ва аҳамияти бештарро ба сиёсати худтаъминкунии аҳолӣ ба барқро ҷорӣ мекардем, 70% аҳолии кишвар, ки мардуми деҳот ҳастанд, ақалан даҳсолаҳо ба умеди барқи ҳукумат намешуданд ва худашон аз паи таъмини худ ба барқ мешуданд. Ин соҳа хеле тараққӣ мекард.
Ба таври мисол, агар дар Тоҷикистон зери як бом, дар як оила 4 нафар зиндагӣ мекарда бошанд, дар Тоҷикистон 2,5 миллион хоҷагӣ ҳаст. 6,2 млрд доллар ба сари ҳар як хоҷагӣ 2480 долларӣ мерасад. Бо маблағи 2480 доллар дар дилхоҳ боми хона, ҳам панели офтобӣ ва ҳам чархи аз шамол барқҳосилкунанда метавон насб кард, ки баҳору зимистон хонаро ба барқ бо тамоми таҷҳизоти хона таъмин мекунад. Агар ҷанбаҳои қонунии ин кор коркард шавад, ҳатто касе аз ҳукумат барои ин пул талаб намекунад ва ҳама худ аз паи таъмини худ мешавад.
Лимити барқ ба зиндагии одамони оддӣ таъсири фалокатовар мерасонад. Хонаводаҳо бе гармӣ, мактабҳо бе фаъолияти пурсамар, бемористонҳо бе шароити зарурӣ мемонанд. Аммо масъулони «Барқи тоҷик» ва дигар сохторҳои давлатӣ ин мушкилотро ҳамчун як «муваққатӣ» ё «зарурӣ» қаламдод мекунанд, ки он беэътиноии ошкоро ба зиндагии мардумро нишон медиҳад.
Дар як қатор минтақаҳои кишвар, дар рӯзҳои сарди зимистон, ҳангоми маҳдудияти барқ, одамон маҷбур мешаванд ба василаҳои хатарноки гармкунӣ рӯ оваранд, ки ин на танҳо ба саломатӣ, балки ба ҳаёти онҳо таҳдид мекунад.
Хулоса, мақолаи Нозирҷон Ёдгорӣ наметавонад мушкилоти аслии норасоии барқро шарҳ диҳад, балки кӯшиши сафед кардани сиёсати нокоми энергетикиро мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон ва «Барқи тоҷик» бояд аз ин гуна баҳонаҷӯӣ даст кашанд ва дар самти ҳалли воқеии мушкилот амал кунанд. Таъмини мунтазами барқ барои аҳолӣ на танҳо ҳуқуқи асосӣ, балки вазифаи асосии давлат аст. Танҳо тавассути идоракунии шаффоф, сармоягузориҳои самаранок ва посухгӯӣ ба мардум метавон аз ин вазъияти ногувор баромад. Аҳолии Тоҷикистон сазовори зиндагии беҳтар аст ва набояд дар фасли сармо таҳти лимити барқ қарор гирад.
Average Rating