
Созишномаи лағви раводид бо Молдив: Дипломатия ё иқдоми рамзӣ?
26 ноябр дар Ню-Йорк маросими имзои созишномаи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Молдив доир гардид, ки ба лағви раводид миёни ду кишвар бахшида шудааст. Ин санад, ки аз ҷониби намояндагони доимии ҳарду кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид имзо шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдивро аз зарурати гирифтани раводид барои сафар, транзит ва будубоши кӯтоҳмуддат дар ҳарду кишвар озод мекунад, ба шарте ки мӯҳлати будубош аз 30 рӯз зиёд набошад. Созишнома пас аз 30 рӯз аз анҷоми расмиёти дохилии ҳар ду ҷониб қувваи ҳуқуқӣ мегирад ва ба муҳлати номаҳдуд татбиқ хоҳад шуд.
Тоҷикистон ва Молдив бо имзои созишномаи лағви раводид як иқдоми дипломатӣ анҷом доданд, ки зоҳиран метавонад ҳамчун қадаме барои таҳкими равобити байналмилалӣ арзёбӣ гардад. Аммо, баррасии амиқи аҳамият ва таъсири воқеии ин иқдом нишон медиҳад, ки чунин созишнома бештар ҷанбаи рамзӣ дорад ва таъсири амалии он ба рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон камтар эҳсос мешавад.
Молдив, як кишвари ҷазирагии хурд дар уқёнуси Ҳинд, дури ба дур аз Тоҷикистон, ки дар минтақаи кӯҳистони Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, масофаи бузурге дорад. Ин ду кишвар на танҳо аз лиҳози ҷуғрофӣ дур мебошанд, балки байни онҳо ҳеҷ гуна равобити назарраси иқтисодӣ ё фарҳангӣ мавҷуд нест. Аз рӯи омори мавҷуда, ҳаҷми тиҷорати байни Тоҷикистон ва Молдив амалан вуҷуд надорад, яъне ин ду давлат на ҳамчун шарикони тиҷоратӣ ва на ҳамчун кишварҳои дорои манфиатҳои муштарак шинохта намешаванд. Суоле ба миён меояд, ки мантиқ ва зарурати чунин созишнома бо кишвари дуре, ки барои аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ноошност ва дар барномаҳои стратегии рушди иқтисодӣ ҷой надорад, дар чист?
Таъсири амалии созишномаи мазкур ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ маҳдуд аст. Молдив як макони сайёҳии гаронбаҳост, ки барои аксарияти сайёҳони тоҷик дастрас нест. Мушкилоти молиявӣ, гаронии роҳкиро ва набудани робитаҳои мустақими ҳавоӣ сафар ба ин кишвари ҷазирагиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон қариб ғайриимкон месозад. Аз тарафи дигар, таваҷҷуҳи сайёҳони Молдив ба Тоҷикистон низ ғайривоқеӣ ба назар мерасад, зеро Тоҷикистон ҳанӯз дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва пешниҳоди шароити рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ душворӣ мекашад.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон талош мекунад равобити байналмилалиро тавсеа диҳад, набудани созишномаҳои шабеҳи раводид бо кишварҳои наздик ва муҳимтар дардовар аст. Бо Қирғизистон, ки ҳамсояи Тоҷикистон буда, таърихан ва фарҳангӣ иртиботи наздик дорад, муносибатҳои расмӣ пас аз низоъҳои марзӣ ба таври комил барқарор нашудаанд. Ҳазорон шаҳрванди ду кишвар, ки дар минтақаҳои марзӣ зиндагӣ мекунанд, садҳо донишҷӯёну тоҷирон аз маҳдудияти рафтуомад зарари ҷиддӣ диданд.
Дар робита ба Аврупо, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон мехоҳад робитаҳои иқтисодӣ ва сайёҳии худро тавсеа диҳад, ҳанӯз бо кишварҳои муҳим ва сармоягузорони эҳтимолӣ созишномаҳои раводиди мисли Малдив баста нашудаанд. Ҳарчанд омаду рафти шаҳрвандон бештар аз пештар шудааст, ҳатто тадбирҳои осон гирифтани раводид то ба ҳол андешида нашудааст. Дар шароите, ки кишварҳои Аврупо метавонанд манбаи сармоя, технология ва рушди тиҷорат бошанд, набудани чунин равобит як камбудии ҷиддии сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Муносибат бо кишвари ҳамсояи Афғонистон то ба ҳол дар ҳоли хашинӣ ва душмантарошӣ боқӣ мондааст. Ба ҷойи инки Тоҷикистон муносибатҳои дипломатии худро бо ин кишвар хуб кунад, ба рақибони мусаллаҳи ин кишвар ҷой медиҳад ва онҳоро дастгирӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон метавонад барои Афғонистон нақши муҳими транзитӣ бозад.
Барои ҳамин бояд гуфт, ҳарчанд созишномаи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Молдив ҳамчун як қадами дипломатӣ метавонад муҳим арзёбӣ шавад, он дар заминаи воқеияти иқтисодии Тоҷикистон манфиатҳои ҷиддӣ намеорад. Ба ҷойи чунин иқдомҳои рамзӣ, Тоҷикистон бояд талош кунад, ки бо шарикони стратегӣ, аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя ва Аврупо, равобити амалии раводид ва тиҷоратиро рушд диҳад. Танҳо чунин равобит метавонанд ба рушди иқтисодӣ, сайёҳӣ ва беҳтаршавии вазъи иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат кунанд.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating