Додситонӣ: Ҷое, ки шикоятгар худ ба ҷинояткор табдил меёбад

САРФИ ВАҚТ:3 дақиқа, 4 сония

Радиои Озодӣ  хабар дод, ки Файзи Олӣ, вакили мудофеи шинохтаи тоҷик,  пас аз ирсоли нома ба Додситонии кул дар бораи шикояти зерҳимояаш Шамсуллоҳ Ҳамроҳзода оид ба ришвахории кормандони додситонӣ ба таъқиб дучор шудааст. Ба назар мерасад дар Додситонии кул ба ҷои он ки  масъалаи ришвахориро тафтиш кунанд, ба ҳамкасбони худ «солидарност» нишон дода, худи вакили мудофеъро ба «дурӯғгӯӣ» муттаҳам кардаанд. Парвандаи Файзи Олӣ бар асоси моддаи 346-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баррасӣ мешавад, ки ҷазои аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон, зерҳимояи ӯ, ки дар ҳабс қарор дорад, маҷбур шудааст, аз баёноташ даст кашад.

Файзи Олӣ ин даъворо беасос номида, таъкид мекунад, ки танҳо вазифаи худро ҳамчун вакили мудофеъ иҷро кардааст.

Ин қазия  намунае аз намунаҳост, ки чӣ гуна додситонӣ  бандитизмро пешаи фаъолияти рузмараи худ кардааст .  БубинедФайзи Олӣ Файзи Олӣ, як вакили мудофеъ, ки вазифаи асосии ӯ ҳимояи ҳуқуқҳои зерҳимояаш мебошад, танҳо барои он ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки ҷуръат кардааст дар бораи беадолатиҳо ва ришвахории кормандони додситонӣ ба мақомот хабар диҳад. Вақте дар як кишвар шикоят кардан боиси парванда боз шудан мешавад, ин баёнгари мушкили ҷиддии низоми ҳуқуқӣ ва фурӯпошии принсипҳои асосии адолат аст.

Додситонии кул на танҳо аз баррасии ҳодисаҳои зикршуда сарпечӣ кардааст, балки худи шикоятгарро ба «дурӯғгӯӣ» муттаҳам кардааст.

Магар муроҷиат ба мақомот, ки бояд манбаи адолат бошанд, ҳоло ҷиноят ҳисоб мешавад? Чӣ гуна метавон аз шаҳрвандон ва махсусан вакилони мудофеъ интизор дошт, ки ба низоми ҳуқуқӣ эътимод намуда, ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя кунанд,  вақте, ки худи ин низом бар зидди онҳо кор мебарад?

Файзи Олӣ  мактубашро бо розигии зерҳимояаш навиштааст, нишон медиҳад, ки ӯ қоидаҳои ҳуқуқиро риоя кардааст. Аммо таҳдид ва маҷбур кардани зерҳимояи ӯ, то ки аз баёноташ даст кашад, равшан месозад, ки мақомот барои ҳимояи обрӯи худ аз ҳама гуна фишор кор мегиранд. Баррасии воқеияти қазия яксу мемонад ва бо таҳдиду тарс додан саъй мекунанд, ки ҳама гуна интиқодро саркуб кунанд. Вақте дар «давлати ҳуқуқбунёд» нозири иҷрои қонун ба ҷойи ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба абзори саркӯб табдил меёбад, додатро ба кӣ мегуӣ? Мақоли халқро, ки мегуянд,  «агар қозӣ очаатро фалон кунад, ба чи касе аз болояш шикоят мекунӣ»-ро нав дарк кардам.

Воқеан, ин стратегияи «гениалист»: агар шикоятҳоро саркӯб кунӣ, дигар мушкилот вуҷуд надорад! Ҳама ҳал, олам гулистон!

Густохиро бинед, додситонӣ бо сарпечӣ аз додани шарҳ ё посух ба расонаҳо нишон медиҳад, ки шаффофият дар низоми ҳуқуқӣ аслан вуҷуд надорад. Тамосҳои бепосух, набуди иттилоъ, пинҳонкорӣ – ҳамаи ин нишонаҳои низомест, ки аз паёомади пиёда кардани беқонунӣ наметарсад, балки аз ифшои ҳақиқат ҳарос дорад. Гӯё додситонӣ на ниҳоди ҳифзи қонун, балки як иттиҳодияи бандитҳост.

Ин масъала, бешубҳа, як масъалаи шахсии Файзи Олӣ нест. Ин рамзи як мушкилоти системавист, ки тамоми низоми додгоҳӣ ва додситониро фаро гирифтааст. Вақте шахсе чун Файзи Олӣ, ки қаблан дар парвандаҳои пурсарусадо иштирок дошт ва талош мекард адолат таъмин бошад, ин гуна саркӯб мешавад, ин паёми рӯшане ба ҳамаи дигарон аст: Беҳтар аст хомӯш бошед!

Вагарна, оё буду шуди як ниҳоди воҳимаи давлатӣ -Додситонии кул ин аст ки  тобу тоқати баррасии як номаи шикоятиро надорад?

Дар «давлати ҳуқуқбунёд»-е зиндагӣ мекунем, ки дар он таъқиб барои шикоят хатарноктар аз худи ҷиноят кардан аст. Агар муроҷиат ба мақомот бо мактуби расмӣ ҷиноят бошад, шояд дар оянда барои гузаштан аз хиёбони Синои шаҳри Душанбе, ки мақарри Додситонии кул дар он аст, сертификати махсус лозим шавад.

Бечора, вакили мудофеъи содалавҳ фикр кардааст, ки қонун ва адолат ҳанӯз дар Тоҷикистон вуҷуд доранд. Даҳҳо вакилони мудофеъу ҳуқуқдонҳо танҳо ба хотири адолатҷӯӣ панҷараи зиндонро газидаанд, аммо Файзи Олӣ ба қавли худаш бо риояи тамоми назокатҳо ба Додситонии кул шикоят бурдааст.

-Шикоят аз киву аз чи?

-Аз ришвахорӣ.

— Аз кадом ришвахорӣ?

-Ҳамоне, ки наҳанги майдатар мебоист ба наҳанги калонтар мебурд, аммо Файзи Олӣ пеши роҳи «даромад»-ро гирифтааст.

Ёбу гир!

 

Шавкати Муҳаммад

Happy
Happy
0 %
Sad
Sad
0 %
Excited
Excited
0 %
Sleepy
Sleepy
0 %
Angry
Angry
0 %
Surprise
Surprise
0 %

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *