
Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ: Ҳадафҳои олӣ бо амалҳои заиф
Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори нав дастур дод, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рақамикунонӣ ва гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ таъсис дода шавад. Вазоратҳо, идораҳо, мақомоти маҳаллӣ ва дигар ташкилотҳо вазифадор шуданд, ки ҳар моҳ то 5-уми он ба ин ситод дар бораи раванди рақамикунонӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ ҳисобот пешниҳод кунанд.
Ситод вазифадор аст:
- Раванди рақамикунониро таҳлил намуда, барои татбиқи саривақтӣ ва бехатарии иттилоотӣ чораҳои зарурӣ андешад.
- Дар муддати як моҳ нақшаи кории худро таҳия ва тасдиқ кунад.
- Ҳар моҳ то 10-уми он натиҷаҳои фаъолиятро ба ҳукумат гузориш диҳад.
Монеъи амалишавии ин иқдом: Барқ ва интернет
Ин иқдом дар шароите рӯи кор омадааст, ки сокинони Тоҷикистон дар фасли зимистон борҳо аз набудани барқ, маҳдудиятҳои шадиди таъмини нерӯи барқ ва суръати пасти интернет шикоят мекунанд. Бе барқ чӣ гуна метавон ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва рақамикунониро ба роҳ монд? Ин саволест, ки бояд мақомдорон пеш аз ҳама ба он ҷавоб ёбанд.
Интернет, ки пойгоҳи асосии пешрафти рақамӣ аст, дар кишвар ҳанӯз ҳам наметавонад ниёзҳои корбаронро ба таври кофӣ таъмин намояд. Суръати паст, арзиши баланди хизматрасонӣ ва мушкилоти ноустувории шабакаи интернетӣ аҳолиро ранҷ медиҳад.
Чӣ гуна ҳисоботдиҳӣ дар чунин шароит амалӣ мешавад?
Қарори нав масъулияти зиёдро ба дӯши вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ мегузорад. Вале вақте худи ин ниҳодҳо бо норасоии инфрасохторӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, чӣ гуна метавон аз онҳо талаб кард, ки ҳар моҳ ҳисоботи пурра ва дақиқ пешниҳод кунанд?
Ғайр аз ин, аксар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, ки ҳатто дастрасӣ ба интернет надоранд, ин қарорро чӣ гуна амалӣ кунанд? Бар замми ин, бо назардошти норасоии барқ, муассисаҳо ва шаҳрвандон маҷбур мешаванд, ки ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ асосан дар шаҳрҳои калон такя кунанд, дар ҳоле ки дар деҳот амалӣ кардани чунин низом хеле душвор аст.
Интизорӣ ва воқеият
Бо фармони президенти кишвар, аз 1 августи соли 2023 ҳамаи пардохтҳо барои хизматрасониҳои давлатӣ, андозҳо ва дигар хидматрасониҳо бояд танҳо ба воситаи низоми ғайринақдӣ сурат гиранд. Аммо то имрӯз на ҳамаи ниҳодҳо барои ин гузариш омодаанд.
Сохтани Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вазифа гузоштан ба он барои таҳияи нақшаи корӣ ва таъмин намудани бехатарии иттилоотӣ муҳим аст. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки бе ҳалли мушкилоти асосии инфрасохторӣ, аз ҷумла таъмини устувори барқ ва интернет, ин лоиҳа метавонад танҳо рӯи коғаз боқӣ монад.
Мушкилоти амалӣ намудани чунин қарорҳо нишон медиҳад, ки ҳукумат бояд қабл аз ҳама таваҷҷуҳи худро ба ҳалли масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла таъмини доимии барқ ва беҳбуди суръати интернет равона созад. Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва гузариш ба низоми ғайринақдӣ як ҷузъи муҳими рушди кишвар аст, аммо дар шароити кунунӣ ин тадбирҳо наметавонанд ба таври пурра ва самаранок амалӣ шаванд.
Пеш аз эълони ислоҳоти рақамӣ, муҳим аст, ки шароити амалӣ барои татбиқи он фароҳам гардад. Дар акси ҳол, ин қарор метавонад на танҳо иҷро нагардад, балки ба эътимоди мардум нисбат ба ҳукумат низ латма занад.
Average Rating