
Саркубҳо идома доранд. Ҳушдори нави созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон
Қатъи баррасии шикояти марбут ба Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баҳсҳои нав ба миён овардааст. Ҳашт созмони байналмилалии ҳуқуқи башар аз ношаффоф будани ин тасмим нигаронанд ва мегӯянд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳанӯз хеле нигаронкунанда ва ниёзманди назорати мустақили байналмилалӣ аст.
Созмони байналмилалии Эътилофи ҷаҳонии ҷомеаи шаҳрвандӣ (CIVICUS) рӯзи 9 октябри соли 2026 бо нашри гузорише аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хост, ки назорати вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро идома диҳанд ва масъалаи ҷавобгарӣ барои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандонро аз мадди назар дур насозанд.
Ин даъват баъди он садо дод, ки Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи 3 июли соли 2026 баррасии шикояти марбут ба Тоҷикистонро дар доираи расмиёти махфии худ қатъ кард.
Ба иттилои Human Rights Watch, ин тасмим бе муҳокимаи ошкоро ва бе нашри натиҷаҳои мушаххас гирифта шудааст. Раиси Шӯро танҳо ба чораҳо ва уҳдадориҳое ишора кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Аммо муҳтавои ин уҳдадориҳо барои ҷомеа дастрас нашудааст.
Ин вазъ як саволи муҳимро ба миён мегузорад, ки агар шикоят аз нақзи ҳуқуқи инсон баста шуда бошад, вале маълум набошад, ки чӣ ислоҳоте анҷом ёфтааст, шаҳрвандон ва ҷомеаи байналмилалӣ иҷрои уҳдадориҳои ҳукуматро чӣ гуна арзёбӣ мекунанд?
Тахмин зада мешавад, афви 18 ҳазор зиндониён ҳам баъди он амалӣ шуд, ки Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи 3 июли соли 2026 баррасии шикояти марбут ба Тоҷикистонро дар доираи расмиёти махфии худ қатъ кард.
Бастани шикоят ё ҳалли мушкилот?
Рӯзи 24 сентябри соли 2026 дар Женева бо ташаббуси Эътилофи ҷаҳонии ҷомеаи шаҳрвандӣ (CIVICUS) нишасти махсус таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон: қатъи пеш аз муҳлати механизми баррасии шикоятҳо» баргузор гардид. Гузориши ин нишаст 9 октябр нашр шуд.
Ин чорабинӣ бо пуштибонии созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), Созмони Афви байналмилалӣ (Amnesty International, International), Созмони «Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон» (Partnership for Human Rights), Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа, Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар, Созмони байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳо (Minority Rights Group) ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия баргузор шуд.
Иштироккунандагон ба се мушкили асосии расмиёти шикоятии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ин ҳам бошад набудани шаффофияти кофӣ, иштироки маҳдуди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва заъфи механизмҳои таъмини ҷавобгарӣ ишора карданд.
Онҳо бар ин назаранд, ки бастани баррасии шикоят набояд ба маънои аз байн рафтани зарурати таҳқиқи нақзи эҳтимолии ҳуқуқи инсон қабул шавад.
Аз нигоҳи таҳлилӣ, байни қатъи як расмиёти байналмилалӣ ва ҳалли воқеии мушкилоти ҳуқуқи инсон фарқи муҳим вуҷуд дорад. Расмиёти шикоят метавонад бо сабабҳои гуногуни ҳуқуқӣ ё мурофиавӣ анҷом ёбад, аммо ин худ ба худ исбот намекунад, ки ҳамаи даъвоҳои шаҳрвандон баррасӣ ё тамоми ҳуқуқҳои поймолшуда барқарор шудаанд.
Дар мавриди Тоҷикистон ин масъала аҳамияти бештар пайдо мекунад, зеро маълумоти расмӣ дар бораи чораҳои пешниҳодкардаи ҳукумат ба таври оммавӣ нашр нашудааст.
Бадахшон дар меҳвари нигарониҳои байналмилалӣ
Яке аз масъалаҳои марказии нишасти Женева рӯйдодҳои солҳои 2021–2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.
Тибқи маълумоте, ки намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар дар нишаст пешниҳод карданд, дар ҷараёни амалиёти амниятӣ ва саркӯбии эътирозҳо дар Бадахшон тақрибан 40 нафар кушта ва беш аз 200 фаъоли маҳаллӣ боздошт шудаанд.
Созмонҳои мазкур иддао доранд, ки бархе аз боздоштшудагон дар мурофиаҳои пӯшида ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд ва то имрӯз таҳқиқоти мустақилу шаффофи ҳамаи ҳолатҳои марг ва истифодаи зӯр анҷом наёфтааст.
Аз ҷумла, дар нишаст гуфта шудааст, ки танҳо дар соли 2025 шаш фаъоли помирӣ дар маҳбасҳо фавтидаанд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчунин аз қазияи ҳашт узви як оила ёдовар шудаанд, ки ба гуфтаи онҳо, дар робита ба рӯйдодҳои моҳи майи соли 2022 боздошт шуда, дар мурофиаҳои пӯшида маҳкум гардидаанд.
Дар баробари ин, мақомот амалиёти соли 2022 дар Бадахшонро дар заминаи мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ва таҳдидҳои амниятӣ шарҳ дода буданд. Мавқеи расмии ҳукумат ва иддаоҳои созмонҳои ҳуқуқи башар дар бораи хусусияти ин рӯйдодҳо аз ҳам фарқ мекунанд.
Бо вуҷуди ин, талаби асосии созмонҳои байналмилалӣ дар таҳқиқоти мустақил, муайян кардани шароити марги шаҳрвандон ва таъмини ҳуқуқи боздоштшудагон ба мурофиаи одилона, ҳамоно бетағйир аст.
Фишор ба рӯзноманигорон ва мухолифон
Масъалаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон танҳо ба Бадахшон маҳдуд намешавад. Дар изҳороти 22 сентябри соли 2026 Human Rights Watch таъкид кардааст, ки шуморе аз рӯзноманигорон ва шахсиятҳои ҷамъиятӣ барои изҳори назар нисбат ба сиёсати давлатӣ ҳамоно дар зиндон қарор доранд. Ба гуфтаи созмон, бисёре аз онҳо аз афви ахири маҳбусон баҳра набурдаанд ё муҳлати ҷазояшон танҳо андаке кам шудааст.
Дар гузориши солонаи Human Rights Watch, ки рӯйдодҳои соли 2025-ро дар бар мегирад, аз қазияҳои ҳуқуқшиносон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон ёд шудааст.
Аз ҷумла, ҳуқуқшинос Манучеҳр Холиқназаров, рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева ва чанд рӯзноманигори дигар дар гузоришҳо ҳамчун намунаҳои нигаронии байналмилалӣ дар бораи озодии баён ва мурофиаҳои судӣ зикр шудаанд.
Ин вазъ ба масъалаи васеътаре мисли имконияти мавҷудияти назорати мустақили ҷамъиятӣ бар фаъолияти ҳокимият пайванд мегирад.
Дар шароите, ки расонаҳои мустақил, ҳуқуқшиносон ва созмонҳои ҷамъиятӣ имконияти маҳдуди фаъолият доранд, ошкор кардани камбудиҳои идоракунӣ ва расонидани шикоятҳои шаҳрвандон ба ниҳодҳои масъул душвортар мешавад.
Маҳдудияти фаъолияти ин ниҳодҳо метавонад на танҳо ба озодии баён, балки ба сифати идоракунии давлатӣ, мубориза бо фасод ва эътимоди шаҳрвандон ба қонун таъсир расонад.
Дидгоҳи ҳукумати Тоҷикистон чист?
Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мавҷудияти барномаҳои ислоҳоти ҳуқуқиро таъкид мекунад.
Аз ҷумла, дар мулоқоти Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар моҳи апрели соли 2026 намояндагони Тоҷикистон аз Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон барои солҳои 2023–2038, тағйироти қонунгузорӣ барои пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои шиканҷа ва тадбирҳои беҳтар намудани низоми пенитенсиарӣ гузориш доданд.
Ба иттилои Дафтари СММ дар Женева, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷазои шиканҷа сахттар шудааст ва қонунгузорӣ кафолатҳои дастрасӣ ба вакили мудофеъ ва ёрии тиббиро пешбинӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки кайҳост институти адвокатура дар Тоҷикистон корношоям аст. Бо вуҷуди ин, тадбирҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар сатҳи санадҳо ва барномаҳои давлатӣ зоҳиран ислоҳотро пеш мебарад. Аммо баҳси асосӣ ба самаранокии иҷрои онҳо, дастрасии шаҳрвандон ба адолат ва имконияти назорати мустақил дахл дорад.
Санҷиши навбатии Тоҷикистон дар моҳи ноябр
Баҳси мазкур дар остонаи як рӯйдоди дигари муҳими байналмилалӣ ба миён омадааст. Қарор аст моҳи ноябри соли 2026 Тоҷикистон аз давраи чоруми Шарҳи умумии даврии ҳуқуқи инсон (UPR) дар СММ гузарад. Ин раванд ба кишварҳои узви СММ имкон медиҳад, ки вазъи ҳуқуқи инсон ва иҷрои тавсияҳои қаблиро арзёбӣ кунанд.
Дар давраи пешини ин раванд, соли 2021, Тоҷикистон беш аз 80 тавсияи марбут ба озодиҳои шаҳрвандӣ гирифта буд. CIVICUS ва шариконаш мегӯянд, ки қисми зиёди ин тавсияҳо то ҳол иҷро нашудаанд.
Аз ин рӯ, баррасии моҳи ноябр метавонад барои муқоисаи уҳдадориҳои расмии Тоҷикистон бо арзёбиҳои мустақили байналмилалӣ фурсати муҳим бошад.
Масъалаҳои меҳварии ин баррасӣ озодии матбуот, фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ, пешгирии шиканҷа, ҳуқуқи боздоштшудагон ва масъулияти мақомоти давлатӣ барои нақзи ҳуқуқи инсон хоҳанд буд.
Пайомадҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ
Баҳси нав дар бораи Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат аҳамият дорад. Нахуст, қатъи баррасии шикоят дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ метавонад фишори мустақими як механизми байналмилалиро коҳиш диҳад. Вале аз ҷониби дигар ин маънои қатъ шудани назорат ниҳодҳои СММ ё созмонҳои мустақилро надорад.
Махфӣ мондани уҳдадориҳои ҳукумат арзёбии пешрафтро мушкил мекунад. Агар мазмун, муҳлат ва меъёрҳои иҷрои ин уҳдадориҳо маълум набошанд, муайян кардани натиҷаҳои онҳо барои ҷомеа душвор хоҳад буд.
Масъалаи Бадахшон ва қазияҳои рӯзноманигорону фаъолон аз доираи баҳси дохилӣ берун рафта, ба муносибатҳои Тоҷикистон бо механизмҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон таъсир мерасонад. Андозаи воқеии чунин таъсир аз мавқеи давлатҳои узви СММ ва натиҷаҳои равандҳои минбаъда вобаста хоҳад буд.
Идомаи баҳсҳо дар бораи маҳдуд шудани фазои шаҳрвандӣ нишон медиҳад, ки масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон танҳо баҳси сиёсӣ нест. Он бо дастрасии шаҳрвандон ба адолат, эътимод ба ниҳодҳои давлатӣ ва имконияти иштироки ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои кишвар робитаи мустақим дорад.
Ҳамин аст, ки изҳороти нави CIVICUS ва созмонҳои шарики он нишон медиҳад, ки бо вуҷуди қатъи баррасии шикояти марбут ба Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, масъалаи вазъи бади ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамоно дар рӯзномаи созмонҳои байналмилалӣ боқӣ мемонад.
Инҷо муҳим ин нест, ки чаро як расмиёти махфӣ анҷом ёфт, балки як муаммои ҷавобхоҳ ин аст, ки оё ҳуқуқҳои шаҳрвандони осебдида барқарор шудаанд, ҳолатҳои марги баҳсбарангез таҳқиқ гардидаанд ва механизмҳои пешгирии нақзи такрории ҳуқуқи инсон тақвият ёфтаанд?
Посух ба ин саволҳо бештар аз интишори маълумоти санҷишпазир, дастрасии нозирони мустақил ва натиҷаҳои амалии ислоҳот вобаста аст.
Баррасии ҳуқуқи инсон дар моҳи ноябри соли 2026 яке аз имкониятҳои наздик барои муайян кардани ин хоҳад буд, ки Тоҷикистон то куҷо ба тавсияҳои байналмилалӣ амал кардааст ва кадом масъалаҳо ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд. Ба назар мерасад, созмонҳои байналмилалии дифоъи ҳуқуқи башар аз вазъияти бади сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба таври лозимӣ огоҳ ҳастанд ва минбаъд то бартарафии мушкилот ҳукумати Тоҷикистон аз дасти ин созмонҳо осуда нахоҳад буд.
