Нигаронии созмонҳои ҳуқуқи башар аз афзоиши фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ

Ба дигарон фиристед

Чаҳор созмони ҳуқуқи башар аз маҳдудшавии озодиҳои шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ ҳушдор доданд. Дар изҳороти муштараки онҳо, ки 6 октябр барои конфронси Варшаваи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нашр шудааст, аз ҳукуматҳои минтақа хоста мешавад, таъқиби рӯзноманигорон, фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқро қатъ кунанд.

Шарикии байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар, Бюрои байналмилалии Қазоқистон оид ба ҳуқуқи башар ва риояи қонуният, Ассотсиатсияи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ва Ташаббуси туркманӣ оид ба ҳуқуқи башар аз афзоиши фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ ҳушдор доданд. Ин чаҳор созмон дар изҳороти муштарак барои конфронси Варшаваи САҲА аз ҳукуматҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, хостаанд, таъқиби рӯзноманигорон ва фаъолонро барои фаъолияти осоишта ва танқиди сиёсати давлат қатъ кунанд.

Муаллифон изҳорот гуфтанд, фаъолияти осоиштаи шаҳрвандон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аксаран ҳамчун таҳдид ба амният арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи онҳо, созмонҳои мустақил бо монеаҳои сабти ном, назорати аз ҳад зиёд ва маҳдудиятҳои маблағгузорӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Дар бахши Тоҷикистон, муаллифон менависанд, ки танҳо дар соли 2025 беш аз 80 созмони ҷамъиятӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд. Онҳо фишори мақомот ва мушкилоти молиро аз омилҳои асосии ин раванд медонанд. Ҳафт созмон бо қарори додгоҳ барҳам дода шудааст.

Изҳорот ҳамчунин ба парвандаи ҳомии ҳуқуқ Манучеҳр Холиқназаров ишора мекунад, ки ӯ ҳоло дар зиндон ҳукми 16 соли зиндонро адо мекунад. Ба таъкиди муаллифон, мақомоти Тоҷикистон даъватҳои сохторҳои байналмилалиро барои озод кардани ӯ иҷро накардаанд. Парвандаи рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова низ зикр мешавад. Созмонҳо таъқиби ӯро бо пажӯҳишаш дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон ва мусоҳибаҳо бо коршиносону мансабдорони собиқ пайванд медиҳанд.

Дар изҳорот аз идомаи беҷазоӣ барои нақзи ҷиддии ҳуқуқ ҳангоми саркӯби эътирозҳои соли 2022 дар Бадахшон, Қазоқистон ва Қароқалпоқистон низ нигаронӣ шудааст.

Муаллифон аз ҳукуматҳои минтақа талаб доранд, озодиҳои бунёдиро ҳифз кунанд. Онҳо аз шарикони байналмилалӣ низ мехоҳанд, ҳамкорӣ бо ин кишварҳоро бо талаби беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ҳамроҳ созанд.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *