
Кабирӣ: «Масъалаи таъқиби мухолифони тоҷик акнун ба доираҳои илмии Ғарб ҳам роҳ ёфтааст»
Масъалаи таъқиби мухолифони сиёсӣ дар хориҷ аз кишвар ва истифодаи механизмҳои байналмилалӣ барои фишор ба онҳо дар як ҳамоиши илмӣ дар Донишгоҳи озоди Берлин мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин ҳамоиш, ки бо иштироки коршиносон аз Амрико, Аврупо, Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд, вазъи саркӯбгариҳои фаромиллӣ дар Русия ва Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии гуфтугӯ будааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш иштирок ва суханронӣ кардааст, дар суҳбат бо Паём гуфт, барои нахустин бор масъалаи таъқиби мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар дар чунин сатҳи илмӣ ва академӣ ба таври ҷиддӣ матраҳ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин нишаст дар доираи ҳамоиши солонаи Ҷамъияти Аврупои Шарқӣ ва Донишгоҳи озоди Берлин баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ҳамасола дар муддати ду-се рӯз доир шуда, дар он масъалаҳои мухталифи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва таърихии кишварҳои Аврупои Шарқӣ, бахусус давлатҳои собиқи сотсиалистӣ, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Кабирӣ гуфт, имсол дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш мавзӯи саркӯбгариҳои фаромиллӣ (Transnational Repression) ҷойгоҳи махсус дошт ва барои баррасии он коршиносони амрикоиву аврупоӣ ва намояндагоне аз Тоҷикистону Русия даъват шуда буданд.
Тоҷикистон дар канори Русия: чаро ин масъала муҳим аст?
Ба гуфтаи раҳбари ПМТ, яке аз нуктаҳои қобили таваҷҷуҳи ҳамоиш ин буд, ки Тоҷикистон дар баробари Русия ҳамчун яке аз мавзӯъҳои асосии баҳс интихоб шудааст.
«Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ буд, ки дар ин нишаст масъалаи таъқиби шаҳрвандонаш дар хориҷ аз кишвар ба таври ҷиддӣ баррасӣ шуд. Ин нишон медиҳад, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа, фаъолияти мақомоти Тоҷикистон дар ин самт таваҷҷуҳи бештари коршиносони байналмилалиро ба худ ҷалб кардааст», — гуфт Кабирӣ.
Ӯ таъкид кард, ки саркӯбгариҳои фаромиллӣ дар солҳои охир ба яке аз масъалаҳои доғи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматҳои худкома аз роҳу василаҳои гуногун барои таъқиби шаҳрвандон ва мухолифони сиёсии худ дар хориҷ истифода мекунанд.
Кабирӣ мегӯяд, чунин амалҳо на танҳо амният ва зиндагии шаҳрвандони дар муҳоҷират қарордоштаро зери хатар мегузоранд, балки ба қонунгузорӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои мизбон низ таъсир мерасонанд.
Ба арзёбии ӯ, густариши ин амалия боис шудааст, ки сиёсатмадорон ва коршиносони ғарбӣ нисбат ба фаъолияти баъзе ҳукуматҳо дар қаламрави кишварҳои дигар бонги хатар зананд.
Аз таҷрибаи шахсӣ то истифодаи Интерпол
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, суханронии ӯ дар ҳамоиши Берлин аз ду бахш, баррасии назариявии падидаи саркӯбгариҳои фаромиллӣ ва пешниҳоди мисолҳои мушаххаси таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар иборат буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар бахши дувуми суханронӣ ҳам аз таҷрибаи шахсии худ ва ҳам аз қазияҳои марбут ба шаҳрвандони тоҷик дар Аврупо ва кишварҳои дигар мисол овардааст.
Ӯ мегӯяд, ҳадафи асосӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба истифодаи механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои фишор ба мухолифони сиёсӣ будааст.
«Паёми асосии мо ин буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ин масъаларо ҷиддӣ бигирад ва нагузорад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз механизмҳои байналмилалӣ, бахусус созмонҳои мубориза бо терроризм, Интерпол ва дигар ниҳодҳо барои мубориза бо мухолифони сиёсии худ дар хориҷ аз кишвар сӯиистифода кунад», — гуфт Кабирӣ.
Ба ақидаи ӯ, зарур аст, ки ниҳодҳои байналмилалӣ дар баррасии дархостҳои ҳукуматҳо миёни ҷиноятҳои воқеӣ ва парвандаҳое, ки метавонанд ангезаҳои сиёсӣ дошта бошанд, тафовут гузоранд.
Чӣ гуна Тоҷикистон аз кишвари умедбахш ба мавзӯи нигаронии коршиносон табдил ёфт?
Кабирӣ мегӯяд, пас аз суханронии ӯ иштироккунандагони ҳамоиш суолҳои зиёде матраҳ карданд, ки бештари онҳо ба таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон ва муносибати мақомот бо мухолифон рабт доштанд.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз суолҳои марказӣ ин буд, ки чӣ гуна Тоҷикистон, ки замоне ҳамчун кишвари умедбахш арзёбӣ мешуд, ба вазъияте расидааст, ки масъалаи таъқиби шаҳрвандонаш ҳатто дар хориҷ аз кишвар мавриди баҳси коршиносони байналмилалӣ қарор мегирад.
Раҳбари ПМТ бар ин назар аст, ки таваҷҷуҳи муҳаққиқони ғарбӣ ба чунин қазияҳо нишон медиҳад, ки масъалаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дигар танҳо мавзӯи баҳсҳои сиёсӣ нест.
«Агар қаблан масъалаи Тоҷикистон бештар дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ матраҳ мешуд, ҳоло он ба доираҳои академӣ ва илмӣ низ роҳ ёфтааст. Коршиносони ғарбӣ ҳам дар бораи ин вазъ бонги хатар мезананд», — гуфт ӯ.
«Ин нишонаи хубе барои Тоҷикистон нест»
Муҳиддин Кабирӣ қарор гирифтани номи Тоҷикистон дар баробари Русия дар як нишасти махсуси марбут ба саркӯбгариҳои фаромиллиро аз нигоҳи эътибори байналмилалии кишвар нигаронкунанда арзёбӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ нишон медиҳад, ки масъалаи муносибати ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифони сиёсии худ дар хориҷ аз кишвар дигар танҳо дар доираи баҳсҳои дохилии тоҷикон маҳдуд намешавад.
«Ин ки номи Тоҷикистон дар сархати чунин баҳсҳо дар баробари Русия қарор мегирад, нишон медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон аз марзҳои қобили таҳаммул гузаштааст. Акнун парвандаи Тоҷикистон дар муҳити академӣ ва илмии Ғарб ҳам мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дорад. Ва ин, мутаассифона, барои Тоҷикистон нишонаи бисёр бад аст», — таъкид кард Кабирӣ.
Ба назари ӯ, таваҷҷуҳи афзояндаи коршиносон ва муҳаққиқони байналмилалӣ ба масъалаи саркӯбгариҳои фаромиллӣ метавонад боиси ҷиддитар шудани баҳсҳо дар бораи масъулияти ҳукуматҳо барои таъқиби шаҳрвандонашон дар хориҷ аз кишвар гардад.
Кабирӣ бар ин назар аст, ки матраҳ шудани масъалаи Тоҷикистон дар чунин нишастҳои илмӣ як паёми муҳим дорад, ки таъқиби мухолифони сиёсӣ дар хориҷ аз кишвар дигар танҳо масъалаи дохилии як давлат нест, балки ба мавзӯи нигаронии байналмилалӣ ва баҳси ҷиддии коршиносон табдил ёфтааст.
