Саркӯби фаромарзии марбут ба Тоҷикистон дар Конфронси САҲА баррасӣ мешавад

Ба дигарон фиристед

Рӯзи 13 октябр дар ҳошияи Конфронси буъди инсонии САҲА дар Варшава ду нишаст оид ба саркӯби фаромарзӣ баргузор мешавад. Дар тавсифи ҳар ду нишаст Тоҷикистон зикр шудааст.

Тибқи барномаи расмӣ, Институти озодӣ ва амнияти рӯзноманигорон — IRFS — нишастеро таҳти унвони «Паноҳгоҳи амн нест: муқобила бо саркӯби фаромарзӣ дар минтақаи САҲА» ташкил мекунад. Қарор аст дар он ҳолатҳои марбут ба Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия, Беларус, Қазоқистон ва Туркманистон баррасӣ шаванд.

Дар тавсифи нишаст аз таҳдид ба рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифони сиёсӣ дар хориҷ, фишор ба пайвандони онҳо, сӯиистифода аз Интерпол, парвандаҳои дорои ангезаи сиёсӣ ва кӯшишҳои одамрабоӣ ёд шудааст.

Ҳамзамон, Форуми ӯзбеку олмонӣ барои ҳуқуқи инсон, Бунёди «Русияи озод» ва Бунёди ҷаҳонии волоияти қонуни «Juridia» нишасти дигареро дар бораи тамоюлҳои саркӯби фаромарзӣ аз Русия то Осиёи Марказӣ баргузор мекунанд.

Муаллифони тавсифи ин нишаст иддао доранд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду узви ҳаракати мамнуъшудаи «Гурӯҳи 24»-ро дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 аз Туркия маҷбуран нопадид кардаанд. Ба навиштаи онҳо, тибқи гузоришҳо, ҳар ду дар Душанбе бидуни имкони иртибот бо ҷаҳони берун нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳарчанд дар тавсиф номи ин ду нафар оварда нашудааст, санаҳо ва ҷузъиёти зикршуда ба парвандаи Суҳроби Зафар, роҳбари собиқи «Гуруҳи 24» ва Насимҷон Шарипов, намояндаи собиқи ин гурӯҳ дар Туркия мувофиқат мекунанд. Тибқи изҳороти муштараки Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, Насимҷон Шарипов 23 феврал ва Суҳроби Зафар 10 марти соли 2024 дар Туркия нопадид шуданд. Human Rights Watch дар санади 9 апрели соли 2026 хабар дод, ки ҳар ду баъдан дар боздошт дар Тоҷикистон пайдо шуда, пас аз мурофиаи пӯшида Суҳроби Зафар ба 30 сол ва Насимҷон Шарипов ба 20 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ин созмон ҳамчунин аз нишонаҳои шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба онҳо хабар додааст.

Дар ҳамин матн ба гузориши соли 2026-и Freedom House истинод мешавад, ки тибқи он, дар соли 2025 ҳадди ақал 54 ҳукумат ба саркӯби фаромарзӣ даст задаанд. Муаллифон мегӯянд, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ аз робитаҳои амниятӣ бо Маскав барои таъқиби мунтақидон дар хориҷ истифода мекунанд.

Қарор аст дар нишастҳо роҳҳои ҳимояи афроди дар хатар, пешгирии сӯиистифода аз механизмҳои байналмилалӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани масъулон баррасӣ шаванд.

Ҳар ду нишаст аз соати 09:00 то 10:00 ба вақти Варшава баргузор мешаванд. Нишасти IRFS дар толори «Opera» ва нишасти Русияву Осиёи Марказӣ дар толори «Krolewski» баргузор мегардад.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *