
Аз «рукуди сохторӣ ва курсиҳои хаёлӣ» то «эҳёи мудирият ва интиқоли табиии қудрат»
Пажӯҳиши ҳамаҷониба, таҳлилӣ ва осебшиносона дар бораи тағйироти ахири Наҳзати исломии Тоҷикистон ва усули нави роҳбарӣ дар ҳаракатҳои исломии муосир
Муаллиф: Доктор Нурмуҳаммади Умаро
Доктор Нурмуҳаммади Умаро кист?

Доктор Нурмуҳаммади Умаро (Нурмуҳаммад Ҷумъа Хон) — донишманд, устоди донишгоҳ, пажӯҳишгар, тарҷумон ва коршиноси масоили динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Афғонистон мебошад.
Доктор Нурмуҳаммади Умаро зодаи шаҳри Кобули Афғонистон буда, дар шаҳри Ҳирот низ иқомат дорад. Аз соли 2007 ба ҳайси устоди ёвар дар Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод (International Islamic University Islamabad) дар Покистон фаъолият мекунад.
Доктор Амроъ дар баробари фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ, дар арсаи расонаҳои форсизабон низ ҳузури фаъол дорад.
Фаъолияти илмӣ ва фарҳангии ӯ ҳамчунин тарҷума ва муаррифии осори андешамандони исломиро дар бар мегирад. Доктор Нурмуҳаммад Амроъ дар баҳсҳои фикрӣ ва илмии марбут ба ҷунбишҳои исломии муосир, усулҳои роҳбарӣ, ислоҳоти ташкилотӣ, тарбияи кадрҳо ва ҷойгоҳи ниҳодҳои исломӣ дар ҷомеа иштирок мекунад.
Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook ва Telegram, низ фаъол буда, тавассути мақолаҳо, суханрониҳо ва барномаҳои таҳлилӣ андешаҳои худро ба аудиторияи форсизабон пешниҳод мекунад.
Дар яке аз навиштаҳои ахираш таҳти унвони «Аз рукуди сохторӣ ва курсиҳои хаёлӣ то эҳёи мудирият ва интиқоли табиии қудрат», доктор Амроъ таҳаввулоти роҳбарии Наҳзати исломии Тоҷикистонро баррасӣ карда, канорагирии Муҳиддин Кабирӣ ва интихоби Исломҷон Саидовро аз дидгоҳи гардиши қудрат, ислоҳоти сохторӣ ва ҷойгузинии наслҳо таҳлил кардааст.
Ӯ дар ин мақола масъалаи мондагории тӯлонии роҳбарон дар мақомҳои ташкилотӣ, шахсмеҳварӣ, меросгароӣ ва таъсири ҳалқаҳои манфиатдор ба сохторҳои роҳбариро мавриди интиқод қарор дода, бар зарурати тақвияти мудирияти ниҳодӣ ва интиқоли муназзами масъулиятҳо таъкид мекунад.
***
Аз «рукуди сохторӣ ва курсиҳои хаёлӣ» то «эҳёи мудирият ва интиқоли табиии қудрат»
Масъалаи «интиқоли қудрат, чархиши нухбагон ва пойдор мондан дар курсии раҳбарӣ» ҳамеша яке аз мураккабтарин, ҳассостарин ва осебпазиртарин ҷанбаҳои сохтории ҷараёнҳо, ҳизбҳо, ниҳодҳо ва ҳаракатҳои исломии муосир будааст. Ҳарчанд ҷараёнҳои исломӣ ҳамеша даъвои пешниҳоди намунаи одилонаи давлатдорӣ, ислоҳи ҷомеа ва мубориза бо истибдодро доштаанд, мутаассифона, онҳо дар сохторҳои дохилии худ аксаран ба ҳамон беморие гирифтор шудаанд, ки дигаронро аз он бозмедоштанд: гирифторӣ ба курсиҳои хаёлӣ, мондани доимӣ дар қудрат, шахсиятпарастии тақдисшуда ва меросӣ гардонидани идоракунӣ.
Дар чунин замони таърихии пур аз зиддиятҳо, ҳодисаи ахире, ки дар фазои Наҳзати исломии Тоҷикистон рух дод — яъне канорагирии ихтиёрии Устод Муҳиддин Кабирӣ дар авҷи нуфуз, маҳбубият ва тавоноӣ ва интихоби устод Исломиддини Саид ба унвони роҳбари нав — танҳо як тағйироти одии ташкилотӣ нест. Ин иқдомро метавон ҳамчун пешниҳоди як назарияи нави идоракунӣ, инқилоби ахлоқӣ ва роҳкори амалие барои муқобила бо як ихтилофи фикрӣ ва таърихӣ дар ҷаҳони ислом баррасӣ кард.
1. Гузар аз байни тӯфон: Давраи роҳбарии устод Муҳиддин Кабирӣ
Барои дарки аҳамият ва ҷанбаҳои ҷасуронаи иқдоми ахир, пеш аз ҳама бояд давраеро таҳлил кард, ки устод Муҳиддин Кабирӣ роҳбарии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Ба гуфтаи бисёре аз нозирон, андешамандон ва фаъолони сиёсии минтақа, устод Кабирӣ дорои шахсияти барҷаста, ҷойгоҳи баланди илмӣ ва фарҳангӣ ва нуфузи роҳбарии камназир мебошанд.
Ӯ дар яке аз ҳассостарин ва сангинтарин марҳилаҳои таърихӣ роҳбарии Наҳзатро ба уҳда дошт; марҳилае, ки ташкилот аз давраи ҳузур дар қудрат ва сулҳ ба муқобила бо ҳукумати диктаторӣ ва эълони ошкорои ҷанги беамон рӯ ба рӯ гардид.
— Рӯ ба рӯ шудан бо саркӯби шадид ва ҳадафманд: Ҳукумати диктаторӣ тамоми созишҳои қаблиро поймол карда, муборизаи фарогиреро алайҳи ҳизб оғоз намуд.
— Таҳаммули талафоти бузурги инсонӣ: Теъдоди зиёде аз аъзоён ва роҳбарони барҷастаи ҳизб ҷони худро аз даст доданд.
— Зиндонӣ кардан, шиканҷа ва фишор ба хонаводаҳо: Даҳҳо нафар аз кадрҳо ва роҳбарони аршади ҳизб ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуда, мавриди шиканҷаҳои шадид қарор гирифтанд. Хонаводаҳои онҳо низ аз озору азият дар амон намонданд.
— Идоракунӣ дар давраи муҳоҷират: Боқимондаи аъзоёни ҳизб маҷбур шуданд ба кишварҳои гуногуни Шарқу Ғарб муҳоҷират кунанд ва дар ғурбат зиндагӣ намоянд.
Дар тамоми ин масири душвору пурталотум, устод Кабирӣ тавонистанд бо хирадманди ва дироят ва дурандешӣ инсиҷоми ташкилотро нигоҳ доранд, садои мазлумияти аъзоро ба гӯши ҷомеаи байналмилалӣ расонанд ва ҳизбро дар давраи муҳоҷират зинда, фаъол ва пӯё нигоҳ дорад.
2. Назарияи Кабирӣ: фалсафаи интиқоли қудрат дар авҷи тавонмандӣ
Бо вуҷуди талошҳо, исрорҳо ва фишорҳои шадиди афроди бонуфуз, мудирон, собиқадорон ва аъзои ҳизб, ки мехостанд устод Кабирӣ ҳамчунон роҳбарии ҳизбро идома диҳанд, ӯ ба ин фишорҳо тан надод ва эълон кард, ки замони тағйири чеҳраи роҳбарӣ ва ворид шудани шахсияти ҷавонтар ба майдони амал фаро расидааст.
Роҳбари нав, устод Исломиддин, бо таваҷҷуҳ ба шинохт ва эҳтироме, ки нисбат ба устод Кабирӣ доштанд, аз ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамчунон дар вазифаҳои роҳбарӣ ва идории ҳизб ҳузури фаъол дошта бошанд. Аммо устод Кабирӣ аз пазируфтани ҳар гуна масъулияти расмии идорӣ худдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҳамчун як сарбоз дар майдони фаъолият ҳузур хоҳанд дошт.
Фалсафаи стратегии устод Кабирӣ дар ин тасмим бар чанд асли бунёдӣ устувор аст:
1. Пешгирӣ аз интиқоли маҷбурии қудрат: супоридани масъулият дар авҷи тавонмандӣ
Устод Кабирӣ бар ин боваранд, ки қудрат бояд дар замоне ба насли нав супурда шавад, ки роҳбари пешин ҳанӯз аз тавоноӣ, самаранокӣ ва нерумандии кофӣ бархӯрдор аст.
Агар ташкилотҳо мунтазир шаванд, то «аҷали ҳатмӣ» фаро расад ва марг ё нотавонии роҳбар ӯро аз мақом канор занад, интиқоли қудрат ногаҳонӣ, ғайритабиъӣ ва дар шароити буҳронӣ сурат хоҳад гирифт.
Паёмадҳои чунин интиқоли изтирории қудрат иборатанд аз:
— Саросемагӣ дар интихоб: Ташкилот дар шароити буҳронӣ ва бо шитоб ба интихоби роҳбар даст мезанад.
— Омода набудани роҳбари нав: Роҳбари нав барои пазируфтан ва дарк кардани ин масъулияти сангин фурсати кофӣ пайдо намекунад.
— Маҳрум шудан аз ганҷинаи таҷриба: Роҳбарияти нав аз таҷриба, донишу андӯхтаҳо ва роҳнамоии роҳбари пешин маҳрум мемонад.
2. Ҳузури роҳбари пешин дар мақоми «мушовир ва сарбоз»
Вақте ки интиқоли қудрат дар замони тавоноии роҳбари пешин сурат мегирад, ӯ барои роҳбарияти нав ҷой холӣ мекунад, вале комилан аз саҳна канор намеравад. Баръакс, ҳамчун мушовири арзишманд ва сарбози дорои нуфуз дар паҳлуи роҳбари нав қарор мегирад, то устуворӣ ва рушди ташкилот таъмин гардад.
3. Осебшиносии решаӣ: равоншиносии «курсиҳои ваҳмӣ» ва боқимондаҳои тафаккури ҷоҳилият
Иқдоми устод Кабириро бояд дар муқобили як воқеияти талху музмин дар таърихи ҳаракатҳои исломӣ арзёбӣ кард. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки дар мақоми қудрат ба таври зараровар ва тӯлонӣ боқӣ мондан, натиҷаи се ихтилофи амиқи фикрӣ ва сохторӣ мебошад:
1. Ҳалқаҳои лоббигарони манфиатдор ва «худбоварии ваҳмӣ»
Дар бисёре аз ташкилотҳои исломӣ афроде ба курсии роҳбарӣ менишинанд ва ба тадриҷ дучори навъе худбоварии хаёлӣ мешаванд. Дар атрофи онҳо лоббиҳое нуфуз ташкил мекунанд, ки манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, идорӣ ва мавқеи иҷтимоии худро дар боқӣ мондани ҳамон роҳбар мебинанд.
Ин лоббиҳо бевосита ба роҳбар чунин фикрҳоро талқин мекунанд:
— Ӯ фарди «аз мо беҳтарон» аст.
— Канорагирии ӯ хиёнати бузург ба ислом, мусулмонон, ҷамоат ва ормонҳо мебошад.
— Будани ӯ маънои ҳаёти ҷамоатро дорад ва набудани ӯ гӯё қиёматро барпо мекунад!
Дар натиҷаи чунин талқинҳо, шахс ба тасаввуроти ғайривоқеӣ гирифтор шуда, курсии роҳбариро на ҳамчун «амонат ва масъулияти сангин», балки ҳамчун «шарафи зотӣ ва мақоми дастнорас» мешиносад ва дигар омода намешавад, ки аз он даст кашад.
2. Паёмадҳои харобиовари «якбуъдӣ кардани ташкилот»
Вақте ки шахсе даҳсолаҳо дар мақоми қудрат боқӣ мемонад:
— Ҷамоат аз ҳолати ҳамфикрӣ, пӯёӣ ва пешрафт дур шуда, ба андозаи ақл, ҷаҳонбинӣ ва маҳдудиятҳои фикрии як шахс хурд мегардад.
— Наслҳои баъдӣ ба таври якандоза ва танҳо дар қолаби тасаввуроти ҳамон шахс тарбия меёбанд.
— Ин харобӣ ва фасоди амиқи сохторӣ роҳи роҳбарони ояндаро чунон мебандад, ки ислоҳи он барои наслҳои баъдӣ бениҳоят душвор ва ҳатто ғайриимкон мегардад.
3. Нақди «тақаддуси нутфа» ва меросгароӣ
Яке аз воқеиятҳои талх дар бисёре аз ҳаракатҳо, муассисаҳо, масҷидҳо ва мадрасаҳои динӣ ин аст, ки идоракунӣ аз падарон ба фарзандон ба таври меросӣ мегузарад.
Бо вуҷуди мавҷудияти афроди шоистатар, ботаҷрибатар ва тавонотар дар ҷомеа, мутаассифона, осори «насабпарастӣ ва тақдис кардани насаби гузаштагон», ки аз боқимондаҳои тафаккури ҷоҳилияти гузашта аст, ҳанӯз дар рагу пайи бисёре аз фаъолиятҳои исломӣ ҷараён дорад.
4. Ду ибрати таърихӣ: аз посухи Малик Ҳусейн то фоҷиаи роҳбарии 25-сола
Барои дарки амиқи ин осеб, бояд ду намунаи мушаххаси таърихиро дар минтақа баррасӣ кунем.
Посухи Малик Ҳусейн ба Дабири кулли вақти Ихвонулмуслимин дар Урдун
Дар ҷараёни «инқилоби нон» дар Урдун, ки фақр ва фишорҳои иқтисодӣ мардумро ба эътирозу нооромӣ кашонда буд, аҳзоби сиёсӣ ва исломӣ ҷамъ омаданд, то барои ором кардани вазъият тавассути устод Халифа, Дабири кулли вақти Ихвонулмуслимин дар Урдун, ба Малик Ҳусейн паём расонанд:
«Шумо ба нафъи писаратон Абдуллоҳ аз тахт даст кашед, то ин буҳрон фурӯ нишинад».
Шоҳ Ҳусейн аз устод Халифа пурсид:
«Шумо чанд сол боз дабири кулл ва роҳбари ин ҷамоат ҳастед?»
Ӯ посух дод: «21 сол».
Шоҳ Ҳусейн интиқоди ошкоро ва такондиҳандае кард:
«Ҷаноби Халифа! Шумо 21 сол боз натавонистаед аз як курсӣ ва мақоми хаёлии роҳбарӣ, ки аслан мавҷудияти воқеии берунӣ надорад, даст кашед. Пас чӣ гуна аз ман, ки подшоҳ ҳастам ва беш аз 20 сол дар қудрат набудаам, интизор доред, ки аз тахту тоҷи худ даст бикашам?!»
Ин ҳодисаи таърихӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна исломгароён баъзан аз масъалаҳое, ки худ дар ботлоқи онҳо фурӯ рафтаанд, ғофил мемонанд, вале худро сазовори насиҳат кардани дигарон медонанд.
Таҷрибаи талхи ҳаракати исломии минтақа: роҳбарии 25-сола ва басташавии роҳи ислоҳот
Дар ҳамин минтақа, дар як кишвари дорои 250 миллион аҳолӣ, ҳаракати бузург ва пешсафи исломӣ вуҷуд дошт, ки замоне дар сатҳи байналмилалӣ нақш меофарид.
Роҳбарии ин ҳаракат тақрибан 25 сол дар дасти як шахс боқӣ монд. Ӯ борҳо аз истеъфо сухан гуфт, аммо ҳалқаҳои манфиатҷӯи атроф бо талқини ин ақида, ки ҳузури ӯ «фарзи айн» аст, ӯро дар мақом нигоҳ доштанд, то он ки марг ӯро аз саҳна канор зад.
Паёмадҳои талхи ин роҳбарии 25-сола чунин буданд:
— Якчанд насл бо тафаккур ва ҷаҳонбинии хоси ҳамон шахс ба воя расиданд.
— Пас аз даргузашти ӯ, шахси рӯҳонӣ, шоиста ва мутобиқ ба маромномаи аслӣ барои роҳбарӣ интихоб гардид.
— Ин роҳбари ислоҳталаб пас аз чор соли талошҳои амиқ натавонист тағйироти ҷиддӣ ворид кунад, зеро тамоми сохтори ташкилот аз рӯи тафаккур ва мароми шахси пешин қолаб гирифта буд.
— Дар ниҳоят, ӯ эълон кард: «Ин ҷамоат ислоҳпазир нест».
— Пас аз он, ҷамоат ба ҳамон низоми инҳирофёфта баргашт ва имрӯз, тибқи арзёбии муаллифи мақола, аз ислом ва тарбияи исломӣ танҳо «ном»-еро бо худ дорад.
Муқоисаи амалии ду намунаи идоракунӣ
Барои беҳтар дарк кардани фарқиятҳои бунёдии байни ин ду дидгоҳ, нишондиҳандаҳои асосии идоракунӣ дар ду намунаи «анъанавӣ ва осебдида» ва «муосир ва табиъӣ» дар зер муқоиса мешаванд.
1. Замони чархиши қудрат
— Намунаи рукуд ва меросгароӣ: (Намунаҳои осебдида): Қудрат то фаро расидани аҷал, марги роҳбар ё ба вуҷуд омадани шароити изтирорӣ бетағйир боқӣ мемонад.
— Намунаи муосир ва табиъӣ — (Наҳзати исломии Тоҷикистон): Интиқол ва гардиши қудрат маҳз дар авҷи тавоноӣ, самаранокӣ ва нерумандии роҳбари пешин сурат мегирад.
2. Нигоҳ ба курсии роҳбарӣ
— Намунаи рукуд ва меросгароӣ: (Намунаҳои осебдида): Курсии роҳбарӣ ҳамчун шарафи зотӣ, ҳаққи хонаводагӣ ё мақоми дастнорас қабул мешавад.
— Намунаи муосир ва табиъӣ — (Наҳзати исломии Тоҷикистон): Курсии роҳбарӣ амонат ва масъулияти сангин буда, дорои маҳдудияти замонӣ ва танҳо василаи хизмат ба шумор меравад.
3. Нақши лобиҳои пурнуфузи атроф
— Намунаи рукуд ва меросгароӣ — (Намунаҳои осебдида): Наздикон бо талқини он ки ҳузури роҳбар «фарзи айн» аст, кушишм мекунанд манфиатҳои шахсии худро ҳифз кунанд.
— Намунаи муосир ва табиъӣ — (Наҳзати исломии Тоҷикистон): Ҳалқаҳои бонуфуз ва афроди наздик ба роҳбарият ба тарбияи кадрҳо ва фароҳам намудани шароит барои ворид шудани насли ҷавон мусоидат мекунанд.
4. Сохтори фикрии аъзои ташкилот
— Намунаи рукуд ва меросгароӣ: — (Намунаҳои осебдида): Тафаккури аъзоён якбуъдӣ, комилан вобаста ба як шахс ва ислоҳнопазир мегардад.
— Намунаи муосир ва табиъӣ — (Наҳзати исломии Тоҷикистон): Сохтори фикрӣ пӯё, барномамеҳвар, бар асоси ҳамандешӣ ва ниҳодинашуда мебошад.
5. Ҷойгоҳи роҳбари пешин
— Намунаи рукуд ва меросгароӣ: (Намунаҳои осебдида): Роҳбари пешин то охирин нафас дар қудрат боқӣ мемонад ва пас аз маргаш комилан аз саҳна хориҷ мешавад.
— Намунаи муосир ва табиъӣ: — (Наҳзати исломии Тоҷикистон): Роҳбари пешин ҳамчун мушовири аршад ва ҳамроҳ боқӣ монда, хидмати худро дар мақоми «сарбоз» идома медиҳад.
6. Оинномаи роҳкорҳо: даъват ба ҳамандешии нухбагони ҷаҳони ислом
Ин таҷрибаҳо ва ибратҳои таърихӣ ба мо имконияти муҳим медиҳанд, то роҳбарон, андешамандон ва коршиносони ҳаракатҳои исломӣ гирди ҳам омада, паймоннома ва барномаи фарогири идоракуниро таҳия кунанд.
Барои раҳоӣ аз ин мушкилот, ҳаракатҳои исломӣ бояд чораҳои зеринро амалӣ намоянд:
1. Маҳдуд кардани муҳлати роҳбарӣ
Дар оинномаҳо бояд ҳадди ниҳоии муҳлати роҳбарӣ муайян карда шавад, масалан, на бештар аз ду давраи пайдарпай. Ин иқдом метавонад роҳи лоббигарӣ ва мондани доимӣ дар қудратро маҳдуд созад.
2. Барҳам додани фарҳанги меросгароӣ
Муборизаи сохторӣ бо хешутаборбозӣ ва меросӣ гардонидани масъулиятҳо дар мадрасаҳои динӣ, масҷидҳо ва ҳизбҳо зарур аст.
3. Истифода аз илмҳои инсоншиносӣ ва идоракунии муосир
Барои бунёди сохторҳои устувор, омодасозии фаъолонаи кадрҳо ва арзёбии даврии самаранокӣ бояд аз дастовардҳои илми идоракунӣ, ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ истифода шавад.
4. Ниҳодмеҳварӣ ба ҷойи шахсмеҳварӣ
Бояд ақли дастаҷамъӣ, шӯроҳои тахассусӣ ва барномамеҳварӣ ҳукмрон гарданд, то ташкилот бо рафтани як шахс ба фурӯпошӣ ё инҳироф дучор нашавад.
Ниҳоят
Сарнавишти ҳаракатҳое, ки дар тӯли чоряк аср дар доми курсиҳои хаёлӣ ва ҳалқаҳои манфиатҷӯ гирифтор шуда, дар ниҳоят ба «таҳрифи мафҳумҳои тарбиявӣ ва исломӣ» расидаанд, ҳушдори ҷиддии таърихӣ барои муборизон ва фаъолони динӣ мебошад.
Дар муқобили ин фоҷиа, иқдоми устод Муҳиддин Кабирӣ ва интихоби устод Исломиддини Саид дар Наҳзати исломии Тоҷикистон, аз нигоҳи муаллифи мақола, ҳамчун чароғе равшан ва намунае қобили таваҷҷуҳ дар фазои фаъолияти исломии минтақа муаррифӣ мешавад.
Ин ҳодиса, тибқи таҳлили мақола, нишон медиҳад, ки роҳи наҷоти ҳаракатҳои исломӣ бозгашт ба арзишҳои аслӣ, шикастани бутҳои шахсмеҳварӣ ва меросгароӣ ва супоридани зимоми кор ба насли ҷавон дар айёми тавоноии роҳбарони пешин мебошад.
Танҳо бо чунин роҳ ҳаракати исломӣ метавонад рӯҳи воқеии «ҷамоат», «тарбия» ва «ормонхоҳӣ»-ро дар рагҳои худ зинда нигоҳ дорад.
Доктор Нурмуҳаммади Умаро
