Обҳои Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя тақсим шуд. Тоҷикистон боз Торикистон мемонад?

Ба дигарон фиристед

Кишварҳои Осиёи Марказӣ боз сари мизи музокирот нишастанд, оби ду рӯдхонаи бузурги минтақаро барои зимистони дар пешистода тақсим карданд ва аз мувофиқа хабар доданд. Аммо, касе чизе нагуфт, ки Тоҷикистон чӣ қадар об мегирад, чӣ қадар об медиҳад ва дар ивази ин созиш чӣ манфиате ба даст меорад? 

Мақомоти Душанбе, ки дар бораи ҳар мулоқоти расмӣ бо тантана аз “сиёсати хирадмандона” лофи осмонӣ мезананд, аммо, то ҳол дар бораи ин созиш дамашон намебарояд. Мисли мурдаҳои садсола хомӯшанд.

Нашрияи байналмилалии The Times of Central Asia дар матлаби рӯзи 12 октябр ба ҳамин нуктаи муҳим таваҷҷуҳ карда, навиштааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ меъёрҳои нави истифодаи оби рӯдхонаҳои Омӯ ва Сирро барои тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 мувофиқа кардаанд, аммо ҳаҷми обе, ки ба ҳар кишвар ҷудо шудааст, дар маълумоти дастраси умум мушаххас нест.

Гап дар бораи тақсими захираи обе меравад, ки аз он равшании хонаҳои мардум, кори корхонаҳо, обёрии заминҳо ва ояндаи иқтисоди Тоҷикистон вобаста аст.

Кани маълумот барои мардум?

Рӯзи 7 октябр дар минтақаи Авазаи Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Намояндагони кишварҳои минтақа дар бораи истифодаи оби ҳавзаҳои Омӯ ва Сир, фаъолияти обанборҳо ва меъёрҳои нави гирифтани об ба мувофиқа расиданд.

Тоҷикистон низ дар ин нишаст намоянда дошт. Яъне Душанбе дар раванди қабули қарорҳо иштирок кардааст.

Аммо, чанд миллиард метри мукааб об барои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст? Оё ҳиссаи кишвар нисбат ба соли гузашта кам шудааст ё зиёд? Барои фаъолияти нерӯгоҳҳои барқи обӣ чӣ маҳдудият ё имконият пешбинӣ шудааст?

Ягон ҷавоб ба ин саволҳо пайдо нашуд. Хонандаи гиромӣ агар маълумоте пайдо кардед, ҳатман моро хабардор кунед. 

Дар як кишвари  шаффофкор, маълумоти марбут ба истифодаи захираҳои стратегӣ бояд барои баррасии ҷомеа дастрас бошад. Дар Тоҷикистон бошад, ҳатто барои фаҳмидани натиҷаи музокироти кишварҳои минтақа шаҳрванд маҷбур мешавад ба расонаҳои хориҷӣ муроҷиат кунад. Ман ҳам маълумотро дар ин бора бештар аз расонаҳои хориҷӣ гирифтам.

Тоҷикистон об дорад, аммо  аз бебарқӣ Торикистон шудааст

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва сарчашмаи қисмати муҳими обҳои минтақа аст. Рӯдхонаҳои пуроб, пиряхҳо ва иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ аз дороиҳои табиии он ба шумор мераванд.

Бо вуҷуди ин, мушкилоти таъминоти нерӯи барқ дар фаслҳои сард солҳо боз яке аз масъалаҳои ҷиддии зиндагии мардум боқӣ мондааст.

Дар чунин шароит, барои сокини як деҳаи Тоҷикистон, ки зимистон соатҳо бидуни барқ мемонад, шаф-шафҳо дар бораи «истифодаи оқилонаи захираҳои об» чандон тасаллибахш нест.

Мардум ҳақ дорад бипурсад, ки агар кишвар чунин иқтидори бузурги обӣ дорад, чаро то ҳол дар торикию сардӣ зимистон мегузаронад ва то ҳол ба биноҳои баландошёна ҳезуму таппак мекашонад?

Албатта, мушкили бебарқӣ танҳо ба тақсими об вобаста нест. Фарсудагии шабакаҳо, талафоти нерӯи барқ, идоракунии соҳа, вазъи обанборҳо ва рушди нокифояи иқтидорҳои истеҳсолӣ низ нақш доранд.

Аммо маҳз ҳамин омилҳо масъулияти ҳукуматро бештар мекунанд, на камтар.

Зеро пас аз даҳсолаҳои ваъдаи истиқлоли энергетикӣ, мардум ҳақ доранд натиҷа талаб кунанд.

Оморҳои пешина чӣ мегӯянд?

Барои мавсими обёрии соли 2026, аз моҳи апрел то октябр, тибқи маълумоти қаблан нашршуда, меъёрҳои гирифтани об барои Тоҷикистон аз ҳавзаи Омӯ 7,052 миллиард метри мукааб ва аз ҳавзаи Сир бошад 1,905 миллиард метри мукааб муайян шуда буданд.

Ин рақамҳо мутаносибан тақрибан 17,7 ва 16 дарсади меъёрҳои умумии гирифтани об дар ҳавзаҳои дахлдорро ташкил медоданд.

Барои муқоиса, меъёри Ӯзбекистон аз ҳавзаи Омӯ 16,02 миллиард ва аз ҳавзаи Сир 8,8 миллиард метри мукааб пешбинӣ шуда буд.

Албатта, муқоисаи одии ин рақамҳо тамоми воқеиятро нишон намедиҳад. Ӯзбекистон заминҳои васеи обёришаванда дорад ва сохтори истифодаи об дар ду кишвар яксон нест. Шояд таби ба фасодкорӣ одаткарда раҳбарияти Тоҷикистон аз ҳисоби ҳаққи Тоҷикистон заминҳои кишвари ҳамсояро сероб ва хонаҳояшонро чароғон мекунад.

Барои он ки як чунин гумон ба сар наояд, маълумоти шаффоф ва натиҷаҳои мушаххас лозим аст. Аммо канӣ ҳамон маълумот ва канӣ ҳамон натиҷаҳои мушаххас?

 Роғун сохтмони азим, ваъдаҳо болохонадор ва натиҷа бадтар аз пештар

Ҳар боре ки сухан дар бораи энергетикаи Тоҷикистон меравад, номи Роғун ба миён меояд. Ростӣ ҳар куҷое номи Роғун гирифта мешавад, дилам мешурад. Воҳимаи Роғун сипари ҳукумат аст ва ин тарҳи бузург ва аждаҳои буҷахур фақат ба мардум умеди “намур-намур ана баҳор мерасад” медиҳаду халос. 

Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон солҳост ин нерӯгоҳро яке аз пояҳои асосии истиқлоли энергетикии кишвар муаррифӣ мекунад.

Ба сохтмони он маблағҳои бузург равона шудаанд ва сарнавишти ин иншоот бо ояндаи иқтисодии кишвар пайванди мустақим дорад.

Аммо Роғун танҳо як иншооти дохилӣ нест. Он дар ҳавзаи рӯди Вахш, яке аз шохобҳои асосии Омӯ, ҷойгир аст. Бинобар ин, тарзи захира ва сар додани об дар оянда барои ҳамсояҳои поёноб низ аҳамият хоҳад дошт.

Чанд савол аст, ки ҷавоб металабад. Оё ҳукумати Тоҷикистон дар музокироти минтақавӣ барои истифодаи самараноки иқтидорҳои энергетикии худ шароити муносиб фароҳам меорад? Оё байни ниёзҳои энергетикии дохилӣ ва ӯҳдадориҳои обии минтақавӣ тавозуни дуруст вуҷуд дорад? Муҳимтар аз ҳама, оё шаҳрвандон метавонанд бубинанд, ки ин тавозун дар кадом рақамҳо ва кадом созишномаҳо ифода ёфтааст?

Аммо, савол пурсидан аз режими Тоҷикистон, мисли ба гӯши кар азон гуфтан аст. Ба ин саволҳо шояд дар қиёмат ҷавоб гирем. Ба ҷуз лоф дигар ҳеҷ. Ҳукумат метавонад ҳар қадаре мехоҳад аз бузургии Роғун бигуяд. Аммо, кош бо лофу дуруғбофӣ ҳама кор ҳал мешуд. 

Мантиқан, ин ҳаққи мардум аст, ки агар миллиардҳо сармоягузорӣ мешавад, аз нони даҳони мардум  канда, ба ин иншооти бузург сарф мешавад, вале мушкили таъминоти барқ ҳамоно боқӣ монад, аз самаранокии хароҷот ва идоракунии соҳа ҳисобот талаб кунад. Вале, инро ба кӣ мегӯӣ?

 Обро бо чӣ ҳисоб мекунанд ва миқдорашро чигуна чен мекунанд? 

Дар ҷаласаи охир масъалаи дигаре низ ошкор шудааст, ки набояд аз назар дур монад.

Дар нуқтаи ченкунии оби Керки, воқеъ дар рӯди Омӯ, ихтилоф дар нишондиҳандаҳои ҳаҷми ҷараёни об ба қайд гирифта шудааст.

Сода карда гӯем, дар баъзе ҳолатҳо сатҳи об яксон будааст, аммо маълумоти ҳаҷми ҷараён бо ҳам мувофиқат накардааст.

Аммо худи воқеа як саволи муҳимро ба миён мегузорад, ки вақте кишварҳо барои ҳар миллиард метри мукааб об музокира мекунанд, оё низоми ченкунии онҳо ба қадри кофӣ дақиқ ва боэътимод аст?

Дар чунин масъалаҳо як хатои техникӣ метавонад баҳси ҷиддии байнидавлатиро ба вуҷуд оварад.

Барои ҳамин, нашри маълумоти ченкунӣ ва санҷиши мустақили он бояд як бахши ҷудонашавандаи сиёсати обӣ бошад.

Вал-валаҳо дар бораи пиряхҳо

Мақомоти Тоҷикистон дар нишастҳои байналмилалӣ пайваста аз обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва зарурати ҳифзи захираҳои об гап зада, ҷомеаи ҷаҳониро “чилёсин” мекунад. 

Дуруст аст, ки коҳиши пиряхҳо метавонад дар оянда ба ҷараёни рӯдхонаҳо, таъминоти об ва истеҳсоли нерӯи барқ таъсири калон расонад. Ҳатто эҳтимол дорад обанбори Роғун ба об пур нашавад ва бо баландии зиёда аз 300 метр сарбанд сохтан ҳам шояд беҳуда бошад. 

Ана барои ҳамин, мубориза бо мушкилоти иқлимӣ танҳо бо баргузории ҳамоишҳои бошукӯҳ ва қабули эъломияҳо тамом не!

Бояд сиёсати дурусти дохилӣ оғоз шавад. Кам кардани талафоти об, навсозии шабакаҳои обёрӣ, беҳтар кардани идоракунии обанборҳо ва ҳисоботдиҳии дақиқ дар бораи маблағҳои сарфшуда бояд вуҷуд дошта бошад.

Дар Тоҷикистон, ки ҳам оби нӯшокӣ ва ҳам оби кишоварзӣ дар баъзе минтақаҳо мушкилоти дастрасӣ доранд, гап задан аз ташаббусҳои ҷаҳонӣ бояд бо натиҷаҳои мушаххаси дохилӣ ҳамроҳ бошад. Воҳимаи бе сару нугу бенатиҷа ба кӣ лозим?

Масъулияти ҳукумат танҳо муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги об нест. Масъулияти асосӣ ин аст, ки ин захираҳо ба зиндагии беҳтари шаҳрвандон хизмат кунанд.

Афғонистон низ ба тақсими об ворид мешавад

Дар ҳоле ки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар бораи тақсими об музокира мекунанд, дар ҷануби минтақа Афғонистон сохтмони канали бузурги Қӯштеппаро идома медиҳад.

Ин канал барои гирифтани об аз Омӯ пешбинӣ шудааст ва метавонад дар оянда ба ҳаҷми оби дастрас барои кишварҳои поёноб таъсир расонад.

Афғонистон узви Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ нест.

Яъне панҷ кишвари минтақа метавонанд дар байни худ ба мувофиқа расанд, аммо ин мувофиқа ҳамаи омилҳои таъсиргузор ба ҷараёни Омӯро фаро намегирад.

Ин вазъ барои Тоҷикистон низ муҳим аст. Душанбе бояд на танҳо дар музокироти мавсимӣ иштирок кунад, балки барои сиёсати дарозмуддати обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талаботи кишварҳои ҳамсоя омодагӣ дошта бошад.

Оё чунин стратегияи муфассал вуҷуд дорад ва агар вуҷуд дорад, чаро ҷузъиёти он барои баррасии ҷамъиятӣ ба таври кофӣ пешниҳод намешавад?

Ҳукумат бояд ба мардум ҳисобот диҳад, на танҳо ба ҳамсояҳо

Дар ин қазия як масъала аз ҳама бештар ҷалби таваҷҷуҳ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон дар музокироти минтақавӣ иштирок мекунанд, созишҳо қабул мешаванд, протоколҳо имзо мегарданд, аммо шаҳрвандон на ҳамеша медонанд, ки аз ин ҳама барои кишварашон чӣ натиҷа ҳосил шудааст.

Дар масъалаи об ин равиш махсусан нигаронкунанда аст.

Зеро об моликияти шахсии вазир, раиси кумита ё ягон мансабдор нест. Он захираи стратегии кишвар аст ва қарорҳои марбут ба истифодаи он ба зиндагии миллионҳо нафар таъсир мерасонанд.

Бинобар ин, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бояд ба ҷомеа равшан бигӯяд, ки Тоҷикистон дар созиши 7 октябр ба чӣ мувофиқа расид? Ҳиссаи кишвар чӣ қадар аст? Чӣ ӯҳдадориҳо қабул шуданд? Ин созиш ба фаъолияти нерӯгоҳҳо ва таъминоти нерӯи барқ чӣ таъсир мерасонад?

Ин саволҳо на сирри давлатӣ талаб мекунанду на маълумоти хусусии мансабдоронро. Онҳо ба сиёсати истифодаи захираҳои умумимиллӣ дахл доранд.

Агар нашри баъзе ҷузъиёти созиш маҳдудияти ҳуқуқӣ дошта бошад, мақомот бояд ҳадди ақал сабаби ин маҳдудиятро шарҳ диҳанд ва маълумоти қобили нашрро дастрас кунанд.

Об фаровон, ҳисобот канӣ?

Қазияи созиши нави тақсими об боз як масъалаи кӯҳнаи идоракунии Тоҷикистонро пеши назар меорад, ки фосилаи миёни изҳороти расмӣ ва маълумоте, ки ҷомеа барои санҷидани ин изҳорот дар ихтиёр дорад.

Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон солҳо боз истиқлоли энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва рушди нерӯгоҳҳоро аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии худ меномад.

Аммо ҳар қадар ин соҳа барои ояндаи кишвар муҳимтар бошад, ҳамон қадар зарурати ҳисоботдиҳӣ бештар мешавад.

Мардум набояд танҳо шунавандаи лофу газофҳо ва афсонахонии агентии иттилоотии “Ховар” бошанд. Онҳо ҳақ доранд, донанд, ки давлат бо захираҳои миллиашон чӣ гуна муносибат мекунад.

Ҳукумате, ки аз ҳар қатраи об ҳамчун сарвати миллӣ гап мезанад, бояд барои ҳар қарори муҳими марбут ба он дар назди миллат ҳисобот диҳад.

Зеро обро метавон бо протокол тақсим кард, аммо масъулиятро бо протокол аз дӯши ҳукумат бардоштан мумкин нест.

Ҳамин оддитарин чизро ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон кай мефаҳмида бошад?

Шавкати Муҳаммад 


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *