
Чин амнияти шаҳрвандонашро аз Эмомалӣ хост, тоҷиконро кӣ ҳимоят мекунад?
Сарвазири Чин Ли Қян дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон хост, барои ҳифзи шаҳрвандон ва ширкатҳои чинӣ чораҳои ҷиддӣ андешад. Ин дархост дар ҳоле садо дод, ки соли гузашта панҷ шаҳрванди Чин дар Тоҷикистон кушта шуданд. Дар ҳамон мулоқот Ли Қян тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва табодули иттилооти иктишофиро низ пешниҳод кард.
Мулоқот рӯзи 19 октябри соли 2026 дар Душанбе баргузор шуд. Тибқи баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Чин, Ли Қян гуфт, ду кишвар бояд ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқро густариш дода, дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ иттилоот табодул кунанд. Дар ҳамин баёния аз Раҳмон нақл мешавад, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳо бо Пекин ва ҳамоҳангии бештар омода аст.
Хабаргузории Reuters ёдовар шудааст, ки дар охири соли гузашта панҷ шаҳрванди Чин дар ҳамлаҳо дар Тоҷикистон кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ҳамлагарон аз қаламрави Афғонистон амал мекарданд. Ҳамин аст, ки ба навиштаи Reuters амнияти шаҳрвандони Чин дар сатҳи сарвазир ба миён гузошта шуд.
Пекин барои ҳифзи шаҳрвандонаш аз Душанбе амал мехоҳад. Дар сатҳи баланди муносибати дипломатӣ Эмомалӣ Раҳмон «ба кунҷак рост мешавад» ва аз ӯ талаб мешавад, ки иттилооти иктишофиро табодул кунад. Ин муносибат барои ҳукумати Тоҷикистон бояд дарс бошад. Бояд Эмомалӣ Раҳмон ёд гирад, ки чигуна бояд аз шаҳрвандони худ дар хориҷ ҳимоят кард. Ҷони муҳоҷири тоҷик низ бояд дар мулоқотҳои баландпоя бо Русия ва дигар кишварҳо ҳамин қадар вазн дошта бошад. Дар Чин солона наздик ба 12 млн нафар мефавтанд, аммо, қазияи ҳамин 5 нафари фавтида дар Тоҷикистон, барои кишвари дорои 1,5 милиард аҳолӣ дур аз назар нашудааст.
Акнун ҳамин ҳолатро бо Тоҷикистон қиёс кунед. Солҳост, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади садҳо шаҳрванд бармегардад. Тибқи таҳқиқоти Маркази ҳуқуқи инсон, танҳо дар шаш соли аз 2008 то 2013 аз Русия 4887 ҷасад оварда шудааст. Муаллифон таъкид мекунанд, ки ин омор пурра нест, зеро бархе аз фавтидагон дар худи Русия дафн мешаванд.
Соли 2014 ҷасади боз 862 нафар ва соли 2018 ҷасади 966 тоҷикистонӣ аз Русия ба ватан оварда шудааст. Сабабҳои марг гуногун будаанд, аз беморӣ ва садама то ҳодисаҳои истеҳсолӣ то куштор.
Дар солҳои охир ҳам ин раванд идома дорад. Соли 2021 мақомот аз фавти 950 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ, асосан дар Русия, хабар доданд. Соли 2025 танҳо фурудгоҳи Душанбе 1585 ҷасад қабул кардааст. Ҳисоби дигар фурудгоҳҳо ва омори вуруди ҷасадҳо бо роҳҳои заминӣ вуҷуд надорад. Шояд ба ҳисоби Фурудгоҳи Душанбе ҳамин қадари дигар ё ҳатто бештар зам шавад. Бо ҳамин ҳисобҳо дар ин 35 соли истиқлолият тақрибан 50 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ фавтидаанд ва ё кушта шудаанд.
Аммо барои дидани мушкил омори сиюпанҷсола ҳам шарт нест. Ҳамин рақамҳо нишон медиҳанд, ки масъала аз мусибати ҳазорон хонавода меравад. Пушти ҳар тобут фарзандони бепадар, волидони мотамдор ва наздиконе мемонанд, ки бояд сабаби марг ва натиҷаи тафтишотро донанд.
Хабаргузории «Азаттык Азия» моҳи июли соли 2026 хабар дод, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шумораи ҷасадҳои аз хориҷ овардашударо нагуфта, масъаларо ба салоҳияти мақомоти қудратӣ ҳавола кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки пештар Хадамоти муҳоҷират ин маълумотро нашр мекард.
Инҷо таваҷҷӯҳ кунед, Душанбе барои табодули маълумоти амниятӣ бо шариконаш омодагӣ нишон медиҳад. Барои ҳифзи муҳоҷирони худаш мижа таҳ намекунад. Чаро ҳамин омодагӣ бо ҳамин ҷиддият барои ҳифзи ҷону шаъни инсонии шаҳрвандони худи Тоҷикистон лозим набошад. Ақалан сабаби маргу кушташуданҳо чаро пайгирӣ намешавад? Мардум бояд натиҷаи ин ҳамкориҳоро дар амнияти худ, дастрасӣ ба вакил ва расидан ба адолат бубинанд. Аммо ба ҷои иҷрои ин ҳама масъулиятҳо, ҳушу ёди режими Тоҷикистон дар таъқиби озодманишон ва дигарандешон аст.
Ҳамин тавр ба асли мақсади коридани ин сатрҳо расем ва бояд гуфт, ки Душанбе бояд равшан кунад, ки маълумоти табодулшаванда бо Чин чӣ гуна истифода мешавад ва кӣ истифодаи онро назорат мекунад. Дар баёнияи мулоқот ин кафолатҳо шарҳ дода нашудаанд.
Талаб аз ҳукумати Тоҷикистон одист. Ҳамон қадаре, ки ба кишварҳои дуст ваъда медиҳад, ки «Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳо ва ҳамоҳангии бештар омода аст», аз дигар кишварҳои мизбони муҳоҷирони тоҷик ҳам ваъда гирад, ки шаъну шараф ва саломативу каромати инсонии онҳо ҳифз мешавад. Ҳамон қадаре ки барои пайдо кардану баргардондани мунтақидон талош мекунад, барои ҳифзи шаҳрвандони дар ғурбат мондаву дар муҳоҷират дармондааш ҳам талош кунад. Муҳоҷир бояд ҳанӯз дар зиндагиаш пуштибонии давлатро эҳсос намояд, на ин ки номи ӯ танҳо дар омори ҷасадҳои ба ватан овардашуда пайдо шавад. Агар ба Шумо курсиву мансабатон азиз аст ва баҳри бақои он ҳушу ёдатон дар таъқиби дигарандешон аст, барои ҳар нафари дигар ҷонаш азиз аст ва ҳифзи ҷону мол ва шаъну шарафи шаҳрвандон масъулияти шумост.
