
Қотил бе ҷазо, хабарнигор пушти панҷара — ҳушдори ЮНЕСКО ва вазъи Тоҷикистон
ЮНЕСКО ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо беҷазоӣ барои ҷиноятҳо алайҳи рӯзноманигорон ҳушдор медиҳад, ки 86 дарсади парвандаҳои куштори хабарнигорон дар ҷаҳон аз назари додгоҳӣ ҳал нашудаанд. Барои Тоҷикистон ин масъала ҳам ба кушторҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пайванд дорад ва ҳам ба вазъи имрӯзаи рӯзноманигороне, ки созмонҳои ҳомии озодии матбуот аз зиндонӣ шудан, муҳокимаҳои пӯшида ва эҳтимоли шиканҷаи онҳо хабар медиҳанд.
Дар маълумоти ЮНЕСКО ба муносибати 2 ноябри соли 2026 гуфта мешавад, ки дар солҳои 2024 ва 2025 дар ҷаҳон 189 рӯзноманигор дар ҳамлаҳои хушунатомез кушта шудаанд. Аз ин шумора 67 дарсад дар минтақаҳои даргирӣ ҷон бохтаанд. Панҷоҳ нафар дар ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар шаш минтақаи ҷангӣ кушта шудаанд. Ба арзёбии созмон, технологияҳои нав шакли таҳдидро дигар мекунанд, вале ҷавобгарии омилони ҷиноятҳо ҳамоно нокифоя мемонад.
Тибқи ҳамин маълумот, сатҳи ҷаҳонии беҷазоӣ нисбат ба арзёбии қаблӣ як банди фоизӣ афзуда, ба 86 дарсад расидааст. Ин нишондиҳанда маънои онро дорад, ки аксарияти парвандаҳои сабтшудаи куштори рӯзноманигорон ҳанӯз ба ҳалли додгоҳӣ нарасидаанд.
ЮНЕСКО таъкид мекунад, ки беҷазоӣ танҳо ба аҳли расона зарар намерасонад. Тарс аз ҳамла ва набудани ҳимоя метавонад ба пинҳон мондани фасод, ҷиноят ва нақзи ҳуқуқи инсон мусоидат кунад. Шиори маъракаи имсола низ ҳамин мушкилро бозтоб медиҳад , ки «Таҳдидҳо тағйир меёбанд, вале беҷазоӣ боқӣ мемонад».
Барои Тоҷикистон баҳси қатли рӯзноманигорон таърихи дарднок дорад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992–1997 рӯзноманигорон низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, маъруф ба CPJ, дар гузориши таърихии худ қайд кардааст, ки ҳам Фронти халқӣ ва ҳам мухолифини мусаллаҳ хабарнигоронро барои фаъолияти касбиашон ҳадаф мегирифтанд.
Бо вуҷуди ин, гуфтани он ки дар Тоҷикистон ҳеҷ кас барои куштори рӯзноманигорон ҷазо нагирифтааст, дақиқ нест. CPJ 29 июли соли 2003 хабар дода буд, ки Додгоҳи олӣ ду нафарро барои ҳамдастӣ дар куштори Муҳиддин Олимпур, хабарнигори Би-би-сӣ, ва Виктор Никулин, хабарнигори шабакаи ОРТ, ба зиндон маҳкум кард. Созмон он замон ин иқдомро истиқбол намуда, идомаи расидагӣ ба куштори дигар рӯзноманигоронро хоста буд.
Имрӯз масъалаи амнияти аҳли матбуоти Тоҷикистон бештар бо таъқиби ҷиноятӣ, зиндон ва маҳдуд шудани имкони кори мустақил матраҳ мешавад. CPJ дар гузориши 17 апрели соли 2026 ба Шурои ҳуқуқи инсони СММ навиштааст, ки аз соли 2022 нӯҳ рӯзноманигор ба муҳлатҳои тӯлонӣ, то 20 сол зиндонӣ шудаанд.
Ба арзёбии CPJ, ҳашт нафар аз ин нӯҳ рӯзноманигор бо иттиҳомҳои беасоси марбут ба терроризм ва ифротгароӣ маҳкум шудаанд. Созмон мегӯяд, ки ҳамаи нӯҳ муҳокима пушти дарҳои баста гузашта, дар аксари қазияҳо иддаои шиканҷа ё бадрафторӣ барои гирифтани эътироф вуҷуд доштааст.
Муҳокимаи пӯшида санҷиши мустақили чунин баҳсҳоро душвор мекунад. Вақте ҷомеа ба далелҳои айбдоркунӣ, раванди мурофиа ва муҳтавои пурраи ҳукм дастрасӣ надорад, наметавонад арзёбӣ кунад, ки ҷинояти воқеӣ исбот шудааст ё фаъолияти хабарнигорӣ мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Мавҷуд будани ҳукм худ ба худ ҳамаи саволҳоро дар бораи одилона будани мурофиа аз байн намебарад.
Озод шудани бархе маҳбусон низ ин баҳсро пурра намебандад. Созмони «Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон» (IPHR) дар арзёбии ахираш озодии чанд рӯзноманигор ва як блогерро дар моҳи июли соли 2026 бар асоси афв иқдоми мусбат донист. Аммо таъкид кард, ки ҳукмҳои онҳо сафед нокарда боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, афвро набояд бо сафед кардани шахс ё эътирофи беасос будани таъқиби ӯ баробар донист.
CPJ ҳамчунин аз афзоиши фишор ба рӯзноманигорони дар хориҷбуда, аз ҷумла парвандаҳои ғоибона ва озори наздикони онҳо дар Тоҷикистон, хабар додааст. Ин нишон медиҳад, ки аз кишвар рафтан ҳамеша маънои раҳоӣ аз таҳдидро надорад.
Омори куштор ва маълумот дар бораи зиндонӣ шудани рӯзноманигорон ду масъалаи ҷудогонаанд. Аммо ҳар ду ба як савол бармегарданд, ки оё хабарнигор метавонад бе тарси интиқом кор кунад ва дар сурати нақзи ҳуқуқаш ба таҳқиқи мустақилу додгоҳи одилона умед бандад?
Барои Тоҷикистон посух ба ин савол танҳо бо ёдбуди хабарнигорони кушташуда ё эълони афв дода намешавад. Нашри натиҷаи таҳқиқи ҳамлаҳо, расидагии мустақил ба иддаоҳои шиканҷа ва дастрасии ҷомеа ба далелу ҳукмҳои додгоҳӣ имкон медиҳанд, ки ҳимояи рӯзноманигорон аз ваъда ба амали санҷиданӣ табдил ёбад.
