Зариф Ализода аз ҳимояи мансабдорон ба доварии интихобот меравад?

Ба дигарон фиристед

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 26 октябри соли 2026 якчанд тағйироти кадрӣ анҷом дод, ки агар ба ҳолномаи баъзе аз ин «кадрҳо» нигаред дилатон мешурад. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тағйироти кадрӣАнвар Сафарзодаро ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин карда, бо масъулони тозатаъини бахши рақамикунонии як қатор вазорату идораҳо мулоқот намуд. Ҳамзамон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳодҳои бозхонди роҳбарият ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бинобар анҷоми муҳлати ваколаташон ирсол гардид. Барои роҳбарии комиссия Зариф Ализода ва барои муовинати ӯ Ҷамшед Саидзода пешниҳод шудаанд. Зариф Ализода!!!??? Он ҳам ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ?

Воқеан аҷиб аст. Дар миёни ин тағйирот пешниҳоди номзадии Ализода аҳамияти хос дорад. Шахсе ба роҳбарии ниҳоди масъули таъмини ҳуқуқи интихоботӣ пешниҳод мешавад, ки дар мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон борҳо ба ҷонибдорӣ аз мансабдорон ва тавҷеҳи амалкарди ҳукумат муттаҳам шуда буд. Собиқаи сиёҳи ӯ ин суолро пеш меорад, ки шаҳрвандон аз чунин роҳбар то куҷо метавонанд ҳимояи ҳуқуқи худ дар баробари дахолати мақомоти давлатӣ ба рафти интихоботро интизор шаванд.

Хеле аз парванадҳои сиёҳи Зариф Ализода дар бойгонии Паём ҷамъ шудаанд, ки инҷо метавон ба қисмаке аз он ишора кард. Ҳанӯз соли 2017 дар мақолае бо номи «Омбудсмен ғараздору дурӯғгӯй аст ё созмонҳои ҳуқуқӣ?» фаъолияти Ализодаро аз ҳамин дидгоҳ баррасӣ карда будам. Онҷо гап дар сари он буд, ки ниҳоди барои ҳимояи шаҳрвандон таъсисёфта, дар амал ба сипари мақомоти давлатӣ табдил меёбад.

Дар он мақола таъкид шуда буд, ки «Ба ҷои он ки аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дифоъ кунад, ҳамеша омбудсмен дар Тоҷикистон аз паи дифоъи дастгоҳҳои ҳукуматист». Ҳамчунин муносибати Ализода ба интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ, муроҷиатҳои пайвандони маҳбусони НИТ ва Бузургмеҳр Ёров ва иштироки ӯ дар ҳайатҳои ҳукуматиро зикр карда будам.

Биёед, ба муносибати мансаби наваш, як таърихчаи сиёҳи ин «зонтик»-и Эмомалӣ Раҳмонро мурур кунем. Зариф Ализода моҳи майи соли 2009 нахустин омбудсмени Тоҷикистон таъин шуд. Қаблан ӯ мушовири давлатии президент дар масъалаҳои ҳуқуқӣ буд. Аз ин рӯ, мустақилияти ӯ аз дастгоҳи ҳокимият бояд бо мавқеъгирӣ ва амалҳои мушаххас собит мешуд.

Аммо дар солҳои аввали фаъолияташ низ мавридҳое сабт шуданд, ки ӯ аз мавқеъгирии ошкор мегурехт. Моҳи феврали соли 2010, ҳангоми баҳси додгоҳии се судя бо нашрияҳои «Фараж», «Азия-Плюс» ва «Озодагон», Ализода аз шарҳи қазия даст кашид. Тибқи гузориши хадамоти мониторинги НАНСМИТ, ӯ то равшан шудани вазъ барои изҳори назар омода набуд. Ҳамин тавр, дар баҳси намояндагони дастгоҳи додгоҳӣ бо расонаҳои мустақил аз омбудсмен мавқеи ошкори ҳимоятӣ дида нашуд.

Интиқодҳои баъдии ҳуқуқшиносон нишон медиҳанд, ки чунин муносибат танҳо ба як қазия маҳдуд набуд. «Азия-Плюс» рӯзи 19 майи соли 2014 назари Ойниҳол Бобоназароваро нашр кард, ки Ализода баъзан ҳангоми муроҷиати мардум аз мансабдорон ва намояндагони ҳукумат ҳимоят мекунад. Худо раҳматашон кунад, марҳум Файзинисо Воҳидова низ мустақилияти ӯро зери суол гузошта буд.

Дар айни ҳамон замон, Нигина Баҳриева камбуди асосии ҳамкории дафтари омбудсмен бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти омӯзишӣ ва ҳалли баъзе муроҷиатҳои инфиродиро дар вокуниш надодан ба нақзҳои ҷиддӣ ва оммавии ҳуқуқ ва анҷом надодани санҷишҳои мустақил медид.

Маҳз ҳамин бахши фаъолият барои арзёбии омбудсмен ҳалкунанда аст. Қабули муроҷиатҳо ва баргузории ҳамоишҳо заруранд, вале мустақилияти чунин ниҳод ҳангоми бархӯрди ҳуқуқи шаҳрванд бо манфиати мақомоти пурнуфуз санҷида мешавад.

Дар нишасти ҷамъбасти фаъолияти панҷсолаи Ализода, 16 июни соли 2014, созмонҳои ҷамъиятӣ аз хомӯшии ӯ дар бораи воқеаҳои моҳи майи Хоруғ ва парвандаи муҳаррири «Азия-Плюс» Олга Тутубалина интиқод карданд. Худи Ализода фаъолияти ниҳодро судманд арзёбӣ карда, аз қабули санадҳо ва таъсиси намояндагиҳо дар 11 минтақа хабар дода буд. Ин ҳам дар ҳолест ки Ализода зери тозиёнаи танқиди ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошт .

Аммо ҷиддитарин санҷиши фаъолияти ӯ масъалаи шиканҷаи боздоштшудагон буд. Дар ин маврид сухан танҳо аз арзёбии рӯзноманигорон ё мухолифон намеравад. Изҳороти худи Ализода дар санадҳои расмии СММ сабт шудааст.

Дар баённомаи ҷаласаи Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аз 7 майи соли 2018 ӯ гуфтааст, ки ҳангоми мониторинги дафтари омбудсмен мавридҳои шиканҷа ошкор нашудаанд. Дар мавриди Бузургмеҳр Ёров ба рад кардани шиканҷа аз ҷониби худи маҳбус ва баёноти хаттии ӯ такя кардааст.

Тибқи гузориши Радиои Озодӣ аз ҳамон нишаст, Ализода дар посух ба пурсиш дар бораи Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар аъзои боздоштшудаи ҲНИТ набудани шикояти расмиро пеш гузошт. Аммо дар ҳамон гузориш ба сабти суҳбати Ҳаит ишора мешуд, ки ӯ дар он аз латукӯб ҳангоми боздошт нақл мекард. Мефаҳмед? Сабт вуҷуд дошт, сабт! Ин оқои «зонтик» дар бораи набудани ариза гап мезанад.

Вақте шахс дар боздошт аст ва хабари бадрафторӣ ба берун мерасад, эътимод ба раддияи ӯ бе санҷиши мустақил метавонад амалан ба фоидаи мақомоти мавриди шикоят анҷом ёбад.

Аз таърихчаи ширкати Ализода дар Конфронси САҲА, моҳи сентябри соли 2019, ҳамчун роҳбари тими режим, гап ҳоҷат ҳам надорад. Чун бенангияшро расонаҳо навиштаанду наворҳо мавҷуданд. Суханрониҳои худаш шоҳиди русияҳии худаш аст.

Хулосаи Кумитаи зидди шиканҷа нишон дод, ки тавзеҳоти Душанбе нигарониҳоро бартараф накардаанд. Дар санади CAT/C/TJK/CO/3 Кумита аз натиҷаҳои ғайриқаноатбахши механизмҳои мавҷуда, аз ҷумла дафтари омбудсмен, дар баррасии баъзе қазияҳо нигаронӣ кард. Ҳамчунин аз пешниҳод нашудани маълумоти дархостшуда дар бораи таҳқиқи иддаоҳои шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳаит, Раҳматулло Раҷаб ва Саидумар Ҳусайнӣ изҳори таассуф намуд ва ошкор кардани маълумоти марбутро талаб кард.

Барои мансаби нави пешниҳодшуда муносибати пешинаи Ализода ба ҳуқуқи интихоботӣ низ аҳамияти мустақим дорад. Ҳуқуқшиноси машҳури тоҷик Ойниҳол Бобоназарова дар матлаби соли 2014-и «Азия-Плюс» гуфта буд, ки ҳангоми ҷамъоварии имзо барои номзадиаш дар интихоботи президентии соли 2013 аз боздошти ҷамъоварандагони имзо хабар додаанд, аммо аз омбудсмен вокунише надидаанд. Ба гуфтаи ӯ, Ализода баъдан ба интихобот баҳои мусбат дода буд. Интихоботи президентие мисли гузар аз Қабристонро мемонд ва алтернативаҳои ба қайд гирифташудаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби «мурдаҳо» буданд, Ализода ба он баҳои мусбат дода буд. Ёбеду гиред!

Акнун ҳамон шахс барои роҳбарии Коммиссияи марказии раъйпурсӣ ва интихобот пешниҳод мешавад, ки бояд ба шикоятҳои интихоботӣ беғаразона муносибат кунад ва маъракаи интихоботиро озоду шаффоф ба роҳ монад. Ин ҷо собиқаи мансабдорӣ ва дониши ҳуқуқӣ ҷойи эътимод ба мустақилияти амалиро гирифта наметавонад.

Оё бо ин ҳама русиёҳӣ фикр мекунед, шахсе бо собиқаи масъули ҳуқуқи шаҳрванд будан, ки фақат режимро аз мардум ҳимоят мекард, акнун метавонад интихоботи шаффофу демократӣ гузаронад? Мавқеъгириҳои сабтшудаи худи Ализода, интиқодҳои ҳуқуқшиносон ва хулосаҳои СММ барои чунин хулосагирӣ асос медиҳанд, ки ин фард ба ҷуз барои обро лой карда, моҳидории Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷомеа дигар ҳеҷ кумакаш нарасидааст.

Ҳатман, боварӣ дорам, дар байни парвандаҳое, ки бо ҷурми ҷиноят алайҳи башарият ба Додгоҳи байналмилалии Гаага пешниҳод шудаанд, парвандаи Ализода низ мавҷуд аст.

Бо ҳамин асосҳо, тахмин зада мешавад, интихоботи дар пешистода низ якеи дигар «обро лой карда моҳидорӣ»-и Эмомалӣ Раҳмон асту халос. Дигар ҳеҷ!

Шавкати Муҳаммад


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *