Рӯшноӣ аз пушти панҷараи тирезаи зиндон

ИА озодии маҳбусонро талаб кард: чаро Душанбе ба тавсияҳои такрорӣ амал намекунад?

Ба дигарон фиристед

Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хост, чанд маҳбусро фавран ва бидуни шарт озод кунад. Ин даъват дар баёнияи Хадамоти сиёсати хориҷии ИА, санаи 24 ноябр пас аз муколамаи ҳуқуқи инсон дар Душанбе, нашр шуд. Дар санад номи маҳбусон зикр нашудааст. Аммо Парлумони Аврупо пеш аз ин ҳам, ҳанӯз соли 2024 аз Душанбе раҳоии фаврӣ ва бидуни шарти рӯзноманигорони мушаххасро хоста буд.

ИА аз маҳдудиятҳои озодии баён ва фаъолияти иттиҳодияҳо, шароити кори расонаҳои мустақил ва вазъи ҳуқуқи инсон дар Бадахшон изҳори нигаронӣ кард. Брюссел гуфт, ки пешрафти воқеӣ дар ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва демократия барои густариши ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аҳамият дорад. Дар баёния аз таҳрим ё боздоштани ҳамкорӣ хабар дода нашудааст. Арзиши ин мавқеъ аз он вобаста аст, ки Брюссел пешрафтро бо чӣ месанҷад.

Вазорати адлияи Тоҷикистон баргузории мулоқотро тасдиқ кард. Дар гузориши вазорат аз дастрасӣ ба адолати судӣ, пешгирии шиканҷа, озодии иттиҳодияҳо, ҳуқуқи рақамӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон ёд мешавад. Аммо мавқеи мушаххаси Душанбе дар бораи раҳоии маҳбусон дар он оварда нашудааст.

Парвандаҳое, ки даъвати ИА ба онҳо зам шуданд

Қатъномаи 18 январи соли 2024-и Парлумони Аврупо раҳоии фаврӣ ва бидуни шарти ҳафт рӯзноманигор, аз ҷумла Улфатхоним Мамадшоева ва Далер Имомалиро талаб мекард. Аз баёнияи 24 ноябри соли 2026 муайян кардан имкон надорад, ки ИА ин бор киро дар назар дошт.

Гурӯҳи кории СММ оид ба боздошти худсарона соли 2019 маҳрум кардани Бузургмеҳр Ёров аз озодиро худсарона донист ва озодии фаврии ӯро тавсия дод. Ҳамин гурӯҳ соли 2024 дар парвандаи Манучеҳр Холиқназаров, Фаромӯз Иргашов ва Хурсандшо Мамадшоев баъди гирифтани посухи ҳукумат ба хулоса омад, ки маҳрум кардани ҳар се аз озодӣ худсарона буд. Паймони байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) моҳи октябри соли 2026 Ёров ва Холиқназаровро дар шумори афроде овард, ки ҳамоно муҳлатҳои тӯлонии зиндонро адо мекарданд.

Парлумони Аврупо 7 июли соли 2022 хост, истифодаи нерӯ аз ҷониби мақомоти интизомӣ, марги сокинон ва иддаоҳои шиканҷа дар ҷараён ва пас аз эътирозҳои солҳои 2021 ва 2022 дар Бадахшон мустақилона таҳқиқ шаванд. Дар баррасии моҳи ноябри соли 2026 дар Женева Бразилия, Фаронса ва Нидерланд боз масъалаи таҳқиқи рӯйдодҳои Бадахшонро матраҳ карданд. Ягонтои ин талабҳоро Тоҷикистон иҷро накардааст ва ҳоло бошад болои ин талабҳо бо талаби дигарбораи Иттиҳоди Аврупо зам шуд

Аз 172 тавсияи пазируфташуда то 248 тавсияи нав

Дар даври соли 2021-и Шарҳи универсалии даврӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ҷониби Тоҷикистон аз 234 тавсия 172-тояшро пазируфт. Ба арзёбии Human Rights Watch, Душанбе тавсияҳои калидиро иҷро накард ва вазъи ҳуқуқи инсон аз соли 2021 ба таври ҷиддӣ бадтар шуд. Дар даври нав, чунон ки «Паём» гузориш дода буд, намояндагони 95 давлат сухан гуфтанд ва Тоҷикистон 248 тавсия гирифт. Кишварҳо хостанд, ки боздошти худсарона ва таъқиби мухолифон қатъ шавад, шикоятҳо аз шиканҷа муассир таҳқиқ шаванд ва созмонҳои мустақил озодона фаъолият кунанд. Душанбе гуфтааст, ки тавсияҳоро баррасӣ мекунадб аммо мавқеи ниҳоии он нисбат ба ҳар тавсия ҳанӯз эълон нашудааст.

Ҳайати Тоҷикистон дар Женева аз қабули қонуни баробарӣ ва Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038 ёд кард. Дар айни ҳол, IPHR гузориш дод, ки аз марти 2025 то октябри 2026 маҳдудиятҳои озодии баён, иттиҳодияҳо ва гирдиҳамоии осоишта бештар шуданд. Human Rights Watch мегӯяд, ки бисёре аз хабарнигорон ва шахсиятҳои ҷамъиятӣ аз авфи соли 2026 баҳра набурданд ё муҳлати ҷазояшон андаке кам шудаасту халос.

Саркашӣ аз иҷро: меъёр натиҷа аст

Мақомоти Тоҷикистон солҳо боз дар муколамаҳои СММ ва ИА ширкат мекунанд, аммо дар масъалаҳои калидӣ ба мисли раҳоии боздоштшудагони худсарона, таҳқиқи мустақили рӯйдодҳои Бадахшон ва қатъи таъқиби рӯзноманигорону мухолифон натиҷае нишон надодаанд. Тавсияҳои нав ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ ҳастанд ва саркашӣ дар иҷро нашудани тавсияҳои қаблан пазируфташуда ва бе натиҷа мондани талабҳои мушаххаси қатъномаҳои Парлумони Аврупо дида мешавад. Дар ҳамин фосила, ба арзёбии Human Rights Watch ва IPHR, фишор бар расонаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мунтақидон шиддат гирифтааст. Паёмади ин сиёсат аз девори зиндон фаротар меравад ва ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандон ба иттилоъ, ба баёни андеша, ба мурофиаи одилона ва ба ҳимояи баробар дар назди қонун осеб мебинад. Меъёри муколамаи навбатӣ бояд ошкор бошад, ки кӣ озод шуд, кадом парванда бозбинӣ гардид ва натиҷаи кадом таҳқиқи мустақил ба мардум расид.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Нишонии почтаи электронии шумо нашр нахоҳад шуд. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.