Тоҷикистон дар СММ аз 95 давлат 248 тавсияи ҳуқуқи башар гирифт

Ба дигарон фиристед

Тоҷикистон дар даври чоруми Шарҳи универсалии даврии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ 248 тавсия гирифт. Дар баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар, ки 5 ноябри соли 2026 дар Женева баргузор шуд, намояндагони 95 давлат суханронӣ карданд. Ин рақамҳоро хабаргузории «Ховар» низ бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария тасдиқ кардааст.

Рӯзи 13 ноябр Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврӣ бахши тавсияҳои лоиҳаи гузориши Тоҷикистонро қабул кард. Гузоришро аз номи сегонаи кишварҳои ҳамоҳангсоз, Ҷопон, Эстония ва Кот-д’Ивуар, намояндаи Ҷопон муаррифӣ намуд. Ҳайати Тоҷикистон дар баррасии 5 ноябр таҳти роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашӯриён иштирок дошт.

Дар миёни тавсияҳо қатъи таъқиби сиёсӣ, раҳоии боздоштшудагони худсарона, таъмини озодии рӯзноманигорон ва хотима додан ба саркӯби фаромарзӣ ҷой доранд. Норвегия аз Тоҷикистон хост, таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон, вакилони ҳуқуқи башар ва мухолифони сиёсиро қатъ карда, амалҳои саркӯбгарона алайҳи шаҳрвандони тоҷик дар хориҷро поён диҳад.

Ин кишвар ҳамчунин тавсия дод, ки созмонҳои ғайридавлатии бо ангезаҳои сиёсӣ басташуда имкони сабтиноми дубора ва идомаи фаъолият пайдо кунанд. Норвегия аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки нигарониҳои марбут ба амнияти миллӣ ва ифротгароиро барои саркӯби эътирозҳои осоишта истифода накунанд ва барои таҳқиқи шикоятҳо аз шиканҷаву бадрафторӣ механизми мустақилу муассир таъсис диҳанд. Беҳтар кардани шароити зиндонҳо низ аз тавсияҳои ин кишвар буд.

Ҷопон ба Тоҷикистон тавсия дод, ки Конвенсияи байналмилалии ҳифзи ҳамаи шахсон аз нопадидсозии маҷбуриро тасвиб кунад. Таҳияи нақшаи миллии амал дар соҳаи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи инсон мутобиқ ба принсипҳои роҳнамои СММ пешниҳоди дигари ин кишвар буд. Намояндаи Ҷопон таъкид кард, ки ин ду тавсия дар даври қаблӣ низ пешниҳод шуда буданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи 13 ноябр гуфт, ки Душанбе ҳамаи 248 тавсияро бо иштироки вазоратҳо ва ниҳодҳои дахлдор баррасӣ мекунад. Ӯ афзуд, ки мақомот барои ба амалҳои мушаххас табдил додани тавсияҳои мавриди пуштибонии Тоҷикистон талош хоҳанд кард.

Тоҷикистон ҳанӯз мавқеи ниҳоии худро нисбат ба ҳар яке аз тавсияҳо эълон накардааст. Тибқи маълумоти дар ҷаласа пешниҳодшуда, кишвар бояд посухи худро на дертар аз иҷлосияи 64-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пешниҳод намояд.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Нишонии почтаи электронии шумо нашр нахоҳад шуд. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.