
Олмон ихроҷи Сайидтайиб Саидмамадов ба Тоҷикистонро манъ кард
Сайидтайиб Саидмамадов, фаъоли тоҷик ва намояндаи ҷомеаи помирӣ, рӯзи 18 ноябри соли 2026 аз боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Ҳофи Олмон озод шуд. Озодии ӯ баъди он сурат гирифт, ки Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагони Олмон ихроҷаш ба Тоҷикистонро манъ ва дастури пешинаи ихроҷро бекор кард.
Тибқи матни номаи Идораи марказии муҳоҷирати ҳукумати Франконияи Миёна, ки ба «Паём» пешниҳод шудааст, Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагони Олмон рӯзи 17 ноябр дар парвандаи Саидмамадов қарори нав қабул кардааст. Бо ин қарор қисми марбут ба ихроҷи ӯ дар тасмими 31 январи соли 2024 тағйир ёфта, манъи бозгардондан ба Тоҷикистон бар асоси банди панҷуми моддаи 60-и Қонуни иқомати Олмон муқаррар шудааст.
Дар нома таъкид мешавад, ки баъди ин тасмим асосҳои таъйин ё идомаи боздошти ӯ барои иҷрои ихроҷ дигар вуҷуд надоштанд. Аз ҳамин сабаб Саидмамадов аз муассисаи нигоҳдории муҳоҷирон дар Ҳоф раҳо ва додгоҳи маҳаллӣ аз озодии ӯ огоҳ карда шудааст.
«Паём» рӯзи 18 ноябр бо такя ба манбаи худ хабари озодшавии Саидмамадовро нашр карда буд. Номаи пешниҳодшуда акнун асоси ҳуқуқии ин озодшавӣ ва бекор шудани дастури ихроҷро равшан мекунад.
Барои рӯзи 19 ноябр дар додгоҳи маҳаллии Ҳоф ҷаласаи баррасии боздошти ӯ дар интизори ихроҷ таъйин шуда буд. Идораи муҳоҷират дар нома навиштааст, ки бо аз байн рафтани нақшаи ихроҷ эҳтимол зарурати ин ҷаласа низ бартараф шудааст.
Манъи ихроҷ бар асоси банди панҷуми моддаи 60 ба уҳдадориҳои Олмон тибқи Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон такя мекунад. Мувофиқи ин меъёр, агар бозгардондани шахс бо талаботи конвенсия мухолиф бошад, ихроҷи ӯ иҷозат дода намешавад. Дар номаи пешниҳодшуда ҷузъиёти далелҳое, ки Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагон барои қабули қарор арзёбӣ кардааст, шарҳ дода нашудааст.
Дар ин ҳуҷҷат аз эътирофи мақоми паноҳанда ё додани иҷозаи иқомати доимӣ сухан намеравад. Тасмими зикршуда манъи ихроҷ ба Тоҷикистон аст. Идораи муҳоҷират масъалаи ҷойгиркунии минбаъдаи Саидмамадовро низ матраҳ карда, ӯро барои муайян кардани ҷойи нави истиқомат ба маркази қабули муҳоҷирон роҳнамоӣ кардааст.
Саидмамадов рӯзи 19 октябри соли 2026 дар Олмон боздошт шуда буд. Дар рӯзҳои аввал наздикону ҳамфикронаш аз маҳалли нигоҳдорӣ ва вазъи ҳуқуқии ӯ маълумоти кофӣ надоштанд. «Паём»
