
Ҳукумати оилавӣ, истиқлоли қалбакӣ ва лаҷомҳои сиёсии Тоҷикистон
Талаби Русия барои канор гузоштани фаъолияти низомии НАТО аз Осиёи Марказӣ баҳсро аз доираи ҷанги Украина фаротар мебарад. Агар чунин маҳдудият ба тавофуқи қудратҳои бузург роҳ ёбад, интихоби шарикони амниятии Тоҷикистон ва ҳамсояҳои он ба масъалае табдил меёбад, ки берун аз минтақа ҳал мешавад. Яъне ба ихтиёри худи Тоҷикистон вобаста нест.
Дар гузориши таҳлилии The Times of Central Asia, таҳлилгари сиёсӣ Стивен М. Бланд ба ҳамин мушкил таваҷҷуҳ кардааст. Ба навиштаи ӯ, Маскав маҳдуд кардани фаъолияти НАТО дар Осиёи Марказиро дар музокироти марбут ба Украина матраҳ кардааст, дар ҳоле ки намояндагони панҷ кишвари минтақа дар ин музокирот иштирок надоранд.
Стивен Бланд ҳушдор медиҳад, ки манъи фарогир метавонад ба барномаҳои ҳамкорие таъсир расонад, ки кишварҳои минтақа бо интихоби худ ба онҳо пайвастаанд. Дар таҳлили ӯ, масъала танҳо рақобати Русия ва НАТО нест. Ҳаққи тасмимгирии давлатҳое матраҳ аст, ки бояд паёмадҳои чунин маҳдудиятҳоро таҳаммул кунанд.
Талаби кӯҳна дар шароити нави сиёсӣ
Санади пешниҳодкардаи Русия дар моҳи декабри соли 2021 нишон медиҳад, ки талаби маҳдуд кардани ҳузури НАТО дар Осиёи Марказӣ собиқа дорад. Моддаи ҳафтуми тарҳи созишномаи Маскав бо паймон пешбинӣ мекард, ки кишварҳои узви НАТО дар Украина ва дигар давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ фаъолияти низомӣ анҷом надиҳанд.
Дар муқаддимаи ҳамин санад Русия ба принсипҳои амнияти баробар ва тақсимнопазир такя мекард. Аммо дар банди амалӣ аз давлатҳои дигар талаб мешуд, ки доираи ҳамкории худро дар қаламрави кишварҳои сеюм маҳдуд кунанд. Яъне кафолати амнияти Маскав бояд бо танг шудани имконоти интихоби дигар давлатҳо таъмин мешуд.
Бозгашти ин талаб ба баҳсҳои сиёсӣ маънои ҳосил шудани тавофуқро надорад. Таҳлилгар низ таъкид мекунад, ки маълумоти дастрас барои хулоса баровардан дар бораи эҳёи тамоми талабҳои соли 2021 асос намедиҳад. Маҳдуд кардани фаъолияти НАТО ва қатъи ҳамаи ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ бо Амрико мафҳумҳои яксон нестанд.
Бо вуҷуди ин, худи пешниҳоди чунин маҳдудият мантиқи сиёсати Маскавро ошкор мекунад. Русия мехоҳад на танҳо муносибати худро бо Ғарб, балки ҳудуди муносибатҳои кишварҳои дигар бо Ғарбро низ ба музокира гузорад.
Тоҷикистон бо тасмими худ ба ҳамкорӣ пайвастааст?
Муносибатҳои Тоҷикистон бо НАТО соли 1992 оғоз шуданд. Душанбе 20 феврали соли 2002 ба барномаи «Шарикӣ ба хотири сулҳ» пайваст. Ин таърих ҳам дар маълумоти НАТО ва ҳам дар шарҳи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сабт шудааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ омодасозии кадрҳои низомӣ, амнияти марз, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, минарӯбии башардӯстона ва рафъи оқибатҳои офатҳои табииро аз самтҳои ҳамкорӣ ном мебарад.
Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо НАТО-ро наметавон танҳо ба масъалаи пойгоҳ ё истиқрори неруҳои хориҷӣ маҳдуд донист. Омӯзиши мутахассисон ва тақвияти идораи марз низ ба ҳамин муносибатҳо дохил мешаванд.
Агар манъи васеъ чунин барномаҳоро фаро гирад, Душанбе метавонад як қисми воситаҳои амалии таъмини амнияташро аз даст диҳад. Доираи таъсир аз матни ҳар гуна тавофуқ ва тарзи иҷрои он вобаста хоҳад буд, аммо ҳаққи интихоби шарикон аз ҳоло мавзӯи баҳс шудааст.
Маскав ҳанӯз дар минтақа нуфуз дорад, аммо на мисли пештара
Таҳқиқоти Институти муносибатҳои байналмилалии Финландия тасвири мураккабтареро пешниҳод мекунад. Кристиина Силван дар гузориши моҳи ноябри 2026 бо номи «Русия ҳамчун бозигари амниятӣ дар Осиёи Марказӣ» менависад, ки Маскав ҳанӯз шарики марказии амниятии кишварҳои минтақа аст, аммо бартарии пешинааш тадриҷан коҳиш меёбад.
Ба навиштаи ӯ, талаботи ҷанги Украина ва таҳримҳои бахши саноати низомии Русия содироти силоҳи ин кишварро ба минтақа маҳдуд кардаанд. Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар посух харид аз шарикони дигарро густариш медиҳанд. Ин раванд пеш аз соли 2022 ҳам оғоз шуда буд.
Силван ҳамзамон таъкид мекунад, ки зерсохторҳои СААД, иншооти низомии Русия ва ҳамкориҳои омӯзишӣ бо Маскав боқӣ мондаанд. Яъне сухан аз хориҷ шудани Русия аз минтақа намеравад. Сухан аз кам шудани имкони он барои танҳо муайян кардани тартиби амниятӣ меравад.
Дар чунин шароит, маҳдуд кардани шарикони алтернативӣ метавонад барои Маскав роҳи ҳифзи бартарӣ бошад. Вақте интихоби дигарон танг мешавад, нуфузи шарики ҳозир низ бе пешниҳоди имконоти беҳтар тақвият меёбад.
Чин низ аз иқтисод ба амният мегузарад
Коҳиши бартарии Русия худ аз худ истиқлолияти бештари Тоҷикистонро таъмин намекунад. Таҳқиқоти Роллан Исмоил дар Институти муносибатҳои байналмилалии Фаронса нишон медиҳад, ки Чин дар минтақа танҳо сармоягузор ва шарики тиҷоратӣ боқӣ намемонад.
Дар гузориши 6 июли соли 2026, ки Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ мекунад, муаллиф аз ташаккули нақши нави амниятии Пекин мегӯяд. Ба арзёбии ӯ, Чин бо афзоиши таъсир ба суботи дохилии кишварҳо меъмории амниятии худро месозад.
Роллан Исмоил ин равандро сабаби рақобати афзоянда, вале аксаран пинҳони Чину Русия медонад. Вобастагӣ аз захираҳо ва пуштибонии сиёсии Пекин низ барои кишварҳои минтақа масъалаи ҳифзи мустақилияти стратегиро ба миён меорад.
Барои Тоҷикистон паёмади ин таҳлил равшан аст. Иваз шудани як такягоҳи хориҷӣ бо такягоҳи дигар ҳанӯз сиёсати мустақил намесозад. Мустақилият ба қобилияти Душанбе барои муайян кардани шартҳои ҳамкорӣ, нигоҳ доштани интихоби алтернативӣ ва ҳимояи манфиатҳои кишвар вобаста мемонад.
Ҷанги Украина имконият ва хатарро ҳамзамон афзудааст
Маркази таҳқиқоти шарқшиносии Лаҳистон дар гузориши «Осиёи Марказӣ, боби нав», ки 19 майи соли 2026 нашр шудааст, ҷанги Русия алайҳи Украинаро омили тағйири муҳити стратегии минтақа медонад. Кори муҳтавои ин гузориш моҳи декабри соли 2025 анҷом ёфтааст.
Муҳаққиқони марказ менависанд, ки ҷанг аз як тараф хатари сиёсати империявии Русияро намоёнтар кард ва аз тарафи дигар таваҷҷуҳи бозигарони хориҷиро ба минтақа афзуд. Ин тағйирот барои кишварҳои Осиёи Марказӣ имкони бештаре барои амал ба вуҷуд овард.
Аммо гузориш аз афзоиши эҳтимолии рақобату таниш миёни қудратҳои хориҷӣ низ мегӯяд. Густариши муносибатҳо бо шарикони гуногун метавонад фазои интихобро васеъ кунад, вале минтақа ҳамзамон ба майдони рақобати шадидтар табдил меёбад.
Талаби маҳдуд кардани фаъолияти НАТО дар ҳамин шароит маънои бештар пайдо мекунад. Он метавонад яке аз талошҳои Маскав барои бастани фазое бошад, ки кишварҳои минтақа мехоҳанд барои гуногун кардани робитаҳояшон истифода баранд.
Мушкили ҳукуматдории баста
Ҳифзи ҳаққи интихоби Тоҷикистон танҳо масъалаи муносибат бо Русия, Чин ё Ғарб нест. Он ба тарзи қабули қарор дар дохили кишвар низ вобаста аст.
Силван дар таҳқиқоти худ худкомагии ҳукуматҳои минтақа ва робитаҳои наздики онҳо бо бозигарони русиву чиниро аз маҳдудиятҳои густариши ҳамкориҳои алтернативӣ мешуморад.
Вақте шартҳои созишномаҳои амниятӣ, уҳдадориҳои гирифташуда ва хароҷоти онҳо барои ҷомеа дастрас нестанд ва дар сари дастархони меҳмондории як оила ҳаллу фасл мешаванд, назорати манфиатҳои миллӣ душвор мешавад. Мақомот метавонанд ҳар наздикшавӣ ба шарики хориҷиро муваффақияти дипломатӣ муаррифӣ кунанд, дар ҳоле ки ҷомеа барои арзёбии нархи он маълумоти кофӣ надорад.
Дар ин ҳолат мафҳуми «амният» метавонад тамоми баҳсро пӯшонад. Пурсиш дар бораи шартҳои ҳамкорӣ, доираи фаъолияти шарики хориҷӣ ё маҳдуд шудани муносибат бо давлатҳои дигар ба канор меравад. Аммо маҳз ҳамин шартҳо муайян мекунанд, ки ҳамкорӣ қобилияти давлатро тақвият медиҳад ё вобастагии онро амиқтар мекунад.
Сиёсати бисёрсамта бояд ҳаққи интихоб дошта бошад
Таҳлилҳои Бланд, Силван, Исмоил ва Маркази таҳқиқоти шарқшиносии Лаҳистон аз як воқеияти муштарак хабар медиҳанд. Тартиби амниятии Осиёи Марказӣ тағйир меёбад, вале Русия ҳанӯз абзорҳои ҷиддии нуфузро нигоҳ доштааст. Чин нақши худро васеъ мекунад ва кишварҳои минтақа барои пайдо кардани шарикони бештар талош доранд.
Дар ин миён, гузоштани маҳдудиятҳо бе иштироки худи давлатҳои минтақа маънои сиёсати бисёрсамтаро аз байн мебарад. Тоҷикистон наметавонад сиёсати мустақили хориҷиро эълон кунад, агар доираи шариконаш дар музокираи дигарон бе иштироки худаш муайян шавад.
Масъала интихоби як қудрат алайҳи қудрати дигар нест. Масъала он аст, ки Душанбе ҳаққи қабули қарорро дар ихтиёри худ нигоҳ медорад ё онро тадриҷан ба шарикони пурнуфуз месупорад.
Амнияти Тоҷикистон набояд ба банди иловагии муомилаи Русия бо Ғарб табдил ёбад. Ҳар тавофуқе, ки интихоби кишварро бе иштироки он маҳдуд мекунад, истиқлолиятро аз сатҳи ҳуқуқ ба сатҳи шиор поин мебарад. Барои ҳукумате, ки пайваста аз соҳибихтиёрӣ сухан мегӯяд, ҳимояи ҳамин ҳақ санҷиши воқеии сиёсати хориҷӣ аст.
Таҳлилгари тоҷик Абдуманнон Шералиев низ дар таҳлили 21 ноябри худ дар «Азда ТВ» Тоҷикистонро аз кишварҳое ҷудо мекунад, ки аз заъфи Русия барои коҳиши вобастагӣ истифода бурдаанд. Ӯ менависад, ки «кишварҳои собиқи Шӯравӣ (ба истиснои Тоҷикистон) бо истифода аз заъфи Русия вобастагиашон аз ин кишварро хеле камтар карданд». Ба арзёбии Шералиев, пойгоҳи низомии 201 метавонад барои нигоҳ доштани Тоҷикистон дар доираи нуфузи Маскав ва барқарор кардани таъсири Русия дар тамоми минтақа истифода шавад. Дар ин таҳлил ҳузури низомӣ ва вобастагии иқтисодӣ ду абзори ба ҳам пайвастаи нуфузи Русия болои Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд.
Дар партави таҳлили Абдуманнон Шералиев, ҳузури низомӣ ва вобастагии иқтисодӣ барои Маскав ба лаҷоме бар даҳони ҳукумати хонаводагии Тоҷикистон табдил меёбанд. Вақте Кремл мехоҳад доираи ҳамкориҳои амниятии Душанберо дар музокира бо Ғарб бидуни иштироки Тоҷикистон муайян кунад, соҳибихтиёрии кишвар зери фишори манфиатҳои Русия мемонад. Барои ҳукумате, ки бақои худро аз манфиатҳои дарозмуддати давлату миллат болотар мегузорад, пуштибонии қудрати хориҷӣ метавонад аз озодии интихоби кишвар болотар дониста шавад. Нархи ин муносибатро ҷомеа бо танг шудани имконоти рушди мустақил мепардозад, дар ҳоле ки садои шиорҳои соҳибистиқлолӣ гӯши оламро кар кардааст.
