Манзараи шаҳри Душанбе

Аз 27 то 29 ноябр дар Душанбе ва чанд минтақа ғубор пешбинӣ мешавад

Ба дигарон фиристед

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз афзоиши ғубор дар ҳавои Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 27 то 29 ноябр ҳушдор дод. Ховар огоҳии агентиро 25 ноябр нашр кард.

Тибқи пешгӯии агентӣ, ғубор аз самти ҷануб ва ҷанубу ғарб ворид мешавад. Афзоиши зарраҳои PM10 ва PM2.5 дар ҳаво дар назар аст. Дар огоҳӣ миқдори пешбинишудаи ин зарраҳо барои ҳар минтақа нишон дода нашудааст.

Агентӣ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сайругашти тӯлонӣ дар кӯчаҳо, бахусус дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, худдорӣ шавад.

Акси бойгонии Душанбе: Adam Harangozó / Wikimedia Commons, CC BY-SA 4.0.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Нишонии почтаи электронии шумо нашр нахоҳад шуд. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.