
Лайк ва авф: иҷрои тавсияҳои СММ ё ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон?
Ҳукумати Тоҷикистон бекор кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои «лайк» ва авфи маҳкумшудагонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намунаҳои иҷрои тавсияҳои пешини ҷомеаи байналмилалӣ ва СММ муаррифӣ кард. Аммо дар дохили кишвар ин иқдомҳо бештар ба ташаббус ва сиёсати шахсии Эмомалӣ Раҳмон нисбат дода мешаванд. Муқоисаи ин ду баён масъалаи муҳимтареро пеш мегузорад, ин ҳам бошад ин аст, ки агар ислоҳи иштибоҳи Қонуни ҷазо барои лайк дастоварди президент бошад, масъулияти имзои ин қонун ва амалкарде, ки шаҳрвандонро ба зиндон бурд, бар дӯши кист?
Дар ҷаласаи СММ санаи 5 ноябри соли 2026 дар Женева, вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён бекор кардани ҷазо барои «лайк», татбиқи авф ва як қатор тағйироти қонунгузориро дар заминаи иҷрои тавсияҳои Созмони Милали Мутаҳид ном бурд. Дар Тоҷикистон бошад, иқдоме, ки аз паи фишори ҷомеаи байналмилалӣ ба миён омадааст ва ҳукумати Тоҷикистонро водор ба он кардааст, ки иқдомҳои бебандуборонаашро бознигарӣ кунад, “сиёсати хирадмандонаи пешво” номида мешавад. Ҳоло, агар қонуни “ҷазо барои лайк” иштибоҳ буд, Эмомалӣ Раҳмон, ки зери ин қонун имзо кардааст ва аз паи ин садҳо нафар пушти панҷараи зиндон шудаанд ва садҳо волидайн гирифтори фироқи фарзанд ва садҳо фарзандонро зиндаятим ва садҳо ҳамсаронро зиндаҷудо кардааст, азоби виҷдон мекашида бошад ё не?
Қонун кай тағйир ёфт ва пеш аз он чӣ шуд?
Рӯзи 14 майи соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон тағйироти Кодекси ҷиноятиро имзо кард, ки ҷавобгариро барои гузоштани «лайк ё дигар аломат» истисно мекард. Хабаргузории Reuters он рӯз хабар дод, ки тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 1500 нафар барои писандидан ё шарҳнависӣ зери муҳтавои аз назари мақомот ифротгароёна зиндонӣ шудаанд. Ин рақам танҳо «лайк»-ро дар бар намегирад ва онро набояд шумораи дақиқи маҳкумшудагон танҳо барои писандидан номид.
Заминаи ҳуқуқии чунин таъқиб ба тағйироти соли 2018 бармегардад. Ба навиштаи The Diplomat, ворид шудани ибораи «тавассути интернет» ба муқаррароти марбут ба даъвату сафедкунии терроризм ва ифротгароӣ роҳи таъқиби корбаронро барои вокунишҳои интернетӣ боз кард. Яъне, бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ мақомот шикори дигарандешон ва шахсони норозӣ ба иқдомҳои бебандуборонаашро ба роҳ монд.
Пас, сухан аз рафтори худсаронаи чанд корманди поёнӣ дар холигии ҳуқуқӣ намеравад. Таъқиб дар доираи қонунгузорӣ ва низоми тафтишоту додгоҳӣ сурат гирифтааст. Ба ҳамин далел, бекор кардани ҷазо бояд бо арзёбии масъулияти онҳое ҳамроҳ бошад, ки ин таҷрибаро ба роҳ монданд, имзо карданд, амалӣ намуданд ва идома доданд.
Раҳмон мақомотро танқид кард, аммо масъалаи масъулият боз монд
Дар суханронии моҳи октябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон аз парвандаҳои беасос барои «лайк» интиқод карда, гуфта буд: «Ба ин амал бояд хотима дода шавад». Ин суханонро «Азия-Плюс» рӯзи 29 октябр гузориш кардааст.
Ин мавқеъ барои тағйири амалкарди мақомот аҳамият дошт. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки чаро низоми тафтишотӣ ва додгоҳӣ барои ташхиси беасос будани чунин парвандаҳо мунтазири суханронии президент монд?
Агар парвандаҳо беасос буданд, масъала танҳо қатъи онҳо нест. Бояд рӯшан шавад, ки чанд нафар ноҳақ маҳкум шуданд, чанд ҳукм бекор гардид ва оё барои солҳои аздастрафтаи зиндагии онҳо ҷуброн пешбинӣ шудааст?
Таҳлили The Diplomat низ ба ҳамин тазод ишора мекунад ки дар низоме, ки қудрати ниҳоӣ дар дасти Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ҳам тағйироти маҳдудкунанда ва ҳам бозгашти баъдӣ аз онҳо зери роҳбарии ҳамон маркази қудрат сурат мегиранд.
Оё интиқоди байналмилалӣ таъсир дошт?
Ҳомиёни ҳуқуқ чунин таъсирро ошкоро матраҳ кардаанд. Роҳбари созмони «Озодии АвруОсиё» Лейла Сейитбек бекор шудани ҷавобгариро ба таври қобили мулоҳиза натиҷаи интиқоди пайвастаи ҷомеаи байналмилалии ҳомии ҳуқуқ арзёбӣ кардааст. Ин назари ӯ дар гузориши «Азия-Плюс» бо истинод ба мусоҳибааш бо «Настоящее время» оварда шудааст.
Далелҳои дастрас мавҷудияти интиқоди байналмилалӣ ва арзёбии ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи таъсири онро нишон медиҳанд. Баёни Ашӯриён, тибқи гузориши ҷаласа, ин иқдомҳоро ба ҳисоботи иҷрои тавсияҳо ворид мекунад. Худиқрории бемисл ва бармалокунандаи сиёсати бехирадонаи пешво.
Авфи 18 ҳазор нафар
Дар хабари расмии президенти Тоҷикистон аз 16 июни соли 2026, қабули қонуни авф «ифодаи сиёсати башардӯстонаи» Эмомалӣ Раҳмон номида шудааст.
Аммо «авфи беш аз 18 ҳазор нафар» маънои аз зиндон озод шудани ҳамаи онҳоро надорад. Тибқи маълумоти расмӣ, қонун ба 18 038 нафар дахл дошт: барои 11 305 нафар озодӣ аз маҳбас, муассисаҳои нигоҳдорӣ ё дигар ҷазоҳои ғайриҳабсӣ пешбинӣ шуда, муҳлати ҷазои 6733 нафари дигар бояд кам мешуд.
Қонуни авф низ дар ҳаёҳуи расонаҳои давлатӣ иқдоми башардустонаи шахси президент ва таҷлили солгарди истиқлол асоси қабули он муаррифӣ мешавад. Аммо Музаффар Ашуриён дар Женева гуфт, ки ин иқдом тибқи тавсияи СММ гирифта шуд.
Авф ҷойи сафедшавии шахси бегуноҳ зиндонишударо мегирад?
Афв ҷойи сафедкунӣ ва барқарор кардани ҳуқуқро намегирад. IPHR дар гузориши 21 октябри соли 2026 озод шудани чанд рӯзноманигор ва як блогерро дар доираи авф қадами мусбат арзёбӣ кард, вале таъкид намуд, ки ҳукмҳои онҳо боқӣ мондаанд. Созмон ҳамчунин мегӯяд, пас аз бекор шудани ҷавобгарӣ барои «лайк» таъсири тағйирот ба ҳукмҳои пешин ҳанӯз норӯшан аст.
Ин фарқи асосии ҳуқуқӣ аст. Авф метавонад шахсро аз ҷазо ё қисми он раҳо кунад, вале худ ба худ маънои ноҳақ будани айбдоркунӣ ва сафед шудани ӯро надорад. Маънои авф ин аст, ки воқеан шахси авфшуда гунаҳкор буд, вале авфкунанда ба ӯ раҳм карда, ӯро авф кард ва ҳамоно парвандаи авфшуда сиёҳ боқӣ мемонад.
Ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев дар шарҳи тағйироти соли 2025 ба «Азия-Плюс» аз қувваи бозгашти қонуни сабуккунанда ёдовар шуда буд. Ӯ ҳамзамон огоҳ кардааст, ки тағйирот маънои озодшавии худкори ҳамаи маҳкумшудагонро надорад ва барои бозбинии ҳукмҳо амалҳои ҳуқуқии дахлдор лозиманд. Аз ин бармеояд, як иқдоми кур курона ва бемасъулиятонаи роҳбарияти кишвар ҳаёти ҳазорон нафарро сузонидааст.
Сиёсати дупагонаи режим
Ҳоло мо аз гузориши Музаффар Ашуриён донистем, ки ин ҳама “сиёсати хирадмандона” зери фишори ҷомеаи байналмилалӣ гирифта шудааст. Тазод дар он пайдо мешавад, ки дар дохил тамоми эътибор ба як шахс дода шавад, аммо масъулияти маҳдудиятҳои пешин ва сузонидани ҳаёти ҳазорон нафар ба души кормандони мақомоти интизомӣ гузошта мешавад ва боз бо даҳони то бехи гуш бозаш раисҷумҳур таъкид мекунад, ки «Ба ин амал бояд хотима дода шавад».
Бисёр хуб, бояд ба ин амал хотима дода шавад, аммо кай?
