
Ванҷ. Даҳшатафкании мақомот, вазъияти маориф ва саркуб шуданҳои аҳолӣ (аксҳо ва навор)
Истирдоди чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ба Душанбе дар поёни моҳи апрел ва нигаҳдории онҳо дар боздоштгоҳи №1 шаҳри Душанбе, дар идомаи боздоштҳои гурӯҳии қаблӣ, бори дигар таваҷҷуҳро ба ноҳияи Ванҷ, як минтақаи кӯҳистонӣ, ки солҳо боз дар канори диққати давлат ва таҳти чашми гумонбари сохторҳои амниятӣ қарор дорад, ҷалб мекунад.
Ба иттилои пайвандони боздоштшудаҳо, онҳо на танҳо аз иттиҳоми эълоншуда бехабар буданд, балки то имрӯз мақомот на сабаби боздошт ва на муҳтавои парвандаро шарҳ надодаанд. Маҳрумият аз дидор бо хешовандон ва набуди дастрасӣ ба адвокати мустақил нишонаест, ки ҳукумати марказӣ бо нотавонии амиқ дар баробари адолат ва қонун мехоҳад ин мардуми шарифро дар ҳоли саркуб ва сархамӣ нигоҳ дорад.
Ноҳияи Ванҷ, яке аз дурдасттарин минтақаҳои кишвар, солҳои тӯлонӣ гирифтори беаҳамиятии сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад. Мақомот на танҳо барои рушди инфрасохтор ва таълим дар ин минтақа чораҳои муассир наандешидаанд, балки мардуми ин ноҳияро, хусусан аҳолии ҷамоати Язғуломро таҳти назорати доимии мақомоти амниятӣ нигоҳ доштаанд.
Паст будани сифати таълим, набудани муассисаҳои таҳсилоти олӣ, камбуди омӯзгорони соҳибтахассус ва маҳдудияти дастрасӣ ба иттилооти озод дар ин минтақа боис шудааст, ки мардуми ин ноҳия аз имконоти рушди шахсӣ ва иҷтимоӣ маҳрум бошанд. Ин аст, ки аксарият рӯ ба муҳоҷират оварда ба Русия куч банданд. Бо як пайгирии оморҳо мешавад хулоса кард, ки дар ҳоле, ки нуфузи аҳолӣ дар кишвар ру ба афзудан аст, дар ин ноҳия ҳам хонанда кам шудааст ва ҳам муаллим. Дар ин бора поёнтар гап мезанем.
Боздошти 31 нафар дар моҳи декабри 2024 ва беш аз 20 нафари дигар дар моҳи марти 2025 бо иттиҳоми омодагӣ ба амалҳои террористӣ, ки аксарият аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ҳастанд, нишон медиҳад, ки бархӯрди давлат бо сокинони ин минтақа бештар характери сиёсӣ ва қасосгирӣ дорад. Дида мешавад, ки мақсади ҳукумат на муҳофизати амнияти миллӣ, балки саркӯб ва хомӯш кардани ҳар гуна эҳсоси мухолифат аст.
Он чи дар ноҳияи Ванҷ мебинем, як намунаи равшани дугонагии сиёсати давлат нисбат ба минтақаҳои дурдаст аст. Аз як тараф, давлат дар таъмини рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии он, аз ҷумла дар бахшҳои таълим, тандурустӣ ва шуғл ноком шудааст. Аз тарафи дигар, мақомот бо ин сиёсати душманонаи худ, мардуми ин минтақаро ба ҳоли аз фишору саркуб шуданҳо ҷон ба лаб омада оварда расонидаанд.
Бар замми ин, аҳолии ин ноҳия мудом аз ҷониби ҳукумати марказӣ фиреб мехуранд, ваъдабозиҳо дар ҳоли ваъда боқӣ мемонанд ва бо оморҳои дурӯғу ношуданӣ ҳукумати марказӣ шона холӣ мекунад. Мо инҷо наметавонем, ба ҳама соҳаҳо ворид шавем. Аммо, таҳқиқи вазъияти танҳо соҳаи мактабу маориф дар ин ноҳия ҳамаро бармало мекунад ва хонандаи гиромӣ хоҳад донист, ки ин мардум дар чӣ ҳоланд ва чаро дар ҳоли саркуб нигоҳ дошта мешаванд.
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук як матлаби омориеро хондам, ки ба қалами Умед Усмон рабт дорад ва дар бораи вазъи муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, нашр шудааст. Дар ин иттилоот ба таври равшан аз норасоии омӯзгорон, бахусус дар фанҳои муҳими таълимӣ, вазъи номуносиби мактабҳо ва маҳдуд будани имкониятҳои таълиму омӯзиш дар мактабҳои дурдаст ишора шудааст. Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Ванҷ 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунад ва аксар дар ҳолати нигаронкунанда қарор доранд.
Дар матлаб омадаст: “Ин мактабҳо дар деҳот ва ҷамоатҳои гуногуни ноҳия ҷойгиранд ва ба зиёда аз 5,600 хонандагон хизмат мерасонанд. Ягон мактаби миёна ба талаботи замона ҷавобгӯ нест. Бисёр муаллимони ҷавон ва касбии ноҳия, барои пайдо кардани корҳои беҳтар дар шаҳрҳои калон (Душанбе, Хуҷанд) ё кишварҳои хориҷӣ (бахусус Русия) ноҳияро тарк мекунанд. Ҳаҷми умумии норасоии муаллимон дар ҳар як мактаби миёнаи ноҳияи Ванҷ, ба таври миёна, аз 1 то 3 муаллими касбӣ (барои фанҳои муайян) кам аст. Дар баъзе мактабҳои хурд ё дар деҳаҳои дурдаст, ин рақам метавонад зиёдтар бошад. Дар бисёр мактабҳо муаллими касбии инглисӣ комилан нест ё кам аст. Фанҳои асосии дақиқ низ бо норасои муаллимони ихтисосёфта дучоранд.”
Баъди каме аҳамият додан дарёфтам, ки маълумот бо кумаки ҳуши маснӯъӣ пайдо ва навишта шудааст, аммо, як таҳқиқи содаи нимакасбӣ ба ман кумак кард, ки мушкилоти бадтар аз дар боло зикршударо пайдо кунам. Фиребу дурӯғҳои болохонадор дар бораи рушди соҳаи маориф дар ин ноҳия шаҳодат аз он медиҳанд, ки мушкилот дар Ванҷ беш аз он аст, ки дар тасаввури мост.
Ба таври мисол, пойгоҳи таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон АМИТ “Ховар” ҳануз соли 2010 навишта будааст, ки “дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб фаъолият дорад, ки бинои аксари ин мактабҳо дар даврони Истиқлолият бунёд гардидаанд. Дар солҳои охир бошад, ҳар сол 3 – 4 мактаб мавриди истифодаи хонандагон қарор мегирад. Кулли мактабҳои миёна дорои утоқҳои компютерианд.”
Тасаввур кунед, агар дар ин ноҳия ҳар сол 3 – 4 мактаб бунёд мегардид, аз соли 2010 ба ин тараф то 100 мактаби дигари “дорои утоқҳои компютерӣ” сохта ба истифода дода мешуданд.
Дурӯғ будани ин оморро як маълумот дар Википедия боз ҳам бармалотар мекунад. Дар Википедия гуфта шудааст, ки “дар соли таҳсилии 2011– 2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла, 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт.” Агар маълумоти “Ховар” дуруст мебуд, ақалан дар ин муддат, ин ноҳия на 50 мактаб, балки камаш 56 мактаб медошт.
Биёед, меравем ба пайгирии хабаре, ки баъди 8 соли хабари Ховар дар вебсайти расмии раисҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.
Зимни суханронӣ “дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар ноҳияи Ванҷ” санаи 11 сентябри соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунад, ки боз ҳам “дар ноҳияи Ванҷ 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 5700 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.” Дар ин муддати 8 сол ақалан ҳамин як мактаби дар ифтитоҳаш ширкаткардаи Эмомалӣ Раҳмон ба шумор ворид нашудааст. Ба тақаллуби шумори хонандагон дар ин ноҳия баъдтар бармегардем.
Худи раисҷумҳур зикр мекунад, ки “дар давоми соли гузашта ва нимсолаи аввали соли 2018 дар ноҳияи Ванҷ се мактаби нав ва чандин синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва ба истифода супорида шудаанд.” Бо ин ҳол, ақалан ҳамин се мактаби нави раисҷумҳур зикркарда, ки бино ба гуфтааш солҳои 2017 ва 2018 сохта ба истифода дода шудаанд, ба ҳисоби 50 мактаби ҳолати соли 2010 зам нашудааст.
Ин ҳам ба дарак, ҳатто ҳамон маълумоти Ховар, ки соли 2010 гуфта буд, “то охири соли ҷорӣ боз ду мактаби нав мавриди истифода қарор мегирад” ақалан дар соли 2018 ба шумори гузоришии Эмомалӣ Раҳмон ворид нашуда, дар шумори 50 мактаб боқӣ мондааст.
Баъди 6 соли ин гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон ва баъди 14 соли хабари пойгоҳи таблиғотии “Ховар”, ки соли 2010 гуфта буд, дар ноҳия 50 мактаб мавҷуд аст ва ҳар сол боз се чаҳор мактаб сохта, ба истифода дода шуда истодааст, нашрияи расмии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият”, санаи 18 марти соли 2024 зимни як матлабе бо унвони “Ванҷ. Авлавият ба рушди маориф“ менависад, ки “дар ноҳия 51-то муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 адад боғчаи кӯдакона фаъолият дорад.” Ҳамагӣ бо изофаи як адад мактаб аз шумори 14 соли пеш дар Ховар!?.
Акнун, бармегардем ба шумори хонандагони ноҳияи Ванҷ. Дар Википедия гуфта шудааст, ки ҳанӯз дар соли хониши солҳои 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ “7437 талаба таҳсил мекарданд, ки 928 муаллими соҳиби маълумоти олӣ ба онҳо дарс медоданд.”
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ “дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар ноҳияи Ванҷ” санаи 11 сентябри соли 2018 зикр мекунад, ки “дар ноҳияи Ванҷ 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 5700 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.” Дар муддати 6 соли минбаъд, ба ҷои ин ки бо зиёд шудани нуфузи аҳолии кишвар, бояд шумори хонандагон ҳам зиёд мешуд, 1737 хонанда кам шудааст.
Бояд гуфт, дар соли 2012 тибқи омори расмӣ аҳолии Тоҷикистон камтар аз 8 млн ва аниқтараш 7 697 500 нафарро ташкил медод. Дар соли 2018 бошад, аллакай 8 931 200 нафар, яъне наздик ба 9 млн нафар аст.
Биёед, акнун ба омори нашрияи расмии Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар соли 2024 назар мекунем. Оморе, ки баъди 6 соли маълумоти додаи Эмомалӣ Раҳмон ва баъди 12 соли маълумоти дар Википедия нашршуда, дода шудааст.
Дар нашрияи “Ҷумҳурият” аз санаи 18 марти соли 2024 гуфта мешавад, ки “маҷмуи хонандагони ин муассисаҳо (муассисаҳои таълимиии ноҳияи Ванҷ) 5656 нафарро ташкил ва ба онҳо 764 омӯзгор дарс медиҳад.” Баъди шаш соли суханронии Эмомалӣ Раҳмон боз камаш 44 хонанда кам шудааст. Нуфузи аҳолӣ зиёд, вале шумори хонандагон то рафт кам шудааст.
Илова бар ин, ба шумори муаллимони мактабҳои ноҳияи Ванҷ аҳамият додед? Сол ба сол то рафт кам шудааст.
Нигаред, соли таҳсили 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 928 нафар муаллими соҳиби маълумоти олӣ дар муассисаҳои таълимӣ дарс мегуфтаанд. Дар соли 2024 бошад, ин шумор “764 омӯзгор” зикр мешавад. Яъне дар давоми 12 сол ба ҷойи зиёд шудан, теъдоди омӯзгорон 164 нафар кам шудааст.
Ҳоло аз ҳукумати Ҷумҳурӣ ва ҳукумати ноҳияи Ванҷ мепурсем, ки зиёд шудани нуфузи аҳолии кишвар як су, аммо шумо, ин шумори будаи хонандагону муаллимон, ки дар ин муддати зикршуда кам шудаанд, куҷо гум кардед?
Инҳо куҷо рафтаанд?
Сарбагурез кардед?
Дар замоне, ки раисҷумҳур даъво дорад, “Давлату Ҳукумати кишвар бо андешидани тадбирҳои доимӣ шароити дарсомӯзии наврасону ҷавононро ба талаботи замони пешрафт мутобиқ гардонида истодааст” ин муаллимонро чи чиз маҷбур кард, то шогирдонашонро бо худ гирифта, аз ноҳия ва Тоҷикистон ғайб зананд?
Куҷо шуданд онҳо?
Дар бораи набудани шароит, норасоии мавод ва адабиёти таълим ҳоҷати гап ҳам нест. Чун худи ҳукумат иқрор дорад, ки “норасоии китобҳои дарсӣ ҳанӯз ҳам дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст.”
Ин шароит танҳо дар мисоли соҳаи маориф аст, акнун шароити кору зиндагии арзанда ва ҳифзи иҷтимоъӣ дар кадом вазъ бошад? Дар бораи иқтисод ҳоҷати гап ҳам нест. Барои фалаҷ будани ин соҳаҳо низ худи кам шудани шумори муаллимон ва хонандагони мактаб бо вуҷуди афзоиши нуфузи аҳолӣ далели гуёст.
Бо ҳамин шароит, ин мардум чаро дар муқобили ҳукумат қарор нагирад? Агар ҳамингуна фиребкорӣ, зулму ситам, дар ҳоли саркуб нигоҳ доштанҳо ба сари ҳар мардуми кишварҳои мутамаддин меомад, пои ҳукуматро аз сараш дармеовард. Ин ҳам дур нест. На боздошту даҳшатафканӣ пеши роҳи мардуми аз зулм ҷон ба лабомадаро мегирад, на бо дурӯғу фиреб «бузак-бузак, намур, фасли баҳор меояд» карданҳо.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating