Панҷ фаъоли зиндонии Тоҷикистон дар феҳрасти пойгоҳи SOS-Defenders

Ба дигарон фиристед

Пойгоҳи байналмилалии SOS-Defenders парвандаҳои панҷ рӯзноманигор, ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро дар маҷмуаи худ оид ба ҳомиёни ҳуқуқи худсарона боздоштшуда сабт кардааст. Дар ин пойгоҳ маълумот дар бораи Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев, Манучеҳр Холиқназаров, Далери Имомалӣ ва Бузургмеҳр Ёров ҷой дода шудааст.

SOS-Defenders платформаест, ки Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа — OMCT ва шариконаш барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба боздошти худсаронаи ҳомиёни ҳуқуқ таъсис додаанд.

Се парвандаи марбут ба Бадахшон

Дар саҳифаи Улфатхоним Мамадшоева омадааст, ки рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 майи соли 2022 боздошт шуда, моҳи декабри ҳамон сол дар мурофиаи пӯшида ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст. Бино ба маълумоти пойгоҳ, моҳи июли соли 2026 муҳлати ҷазои ӯ бар асоси авф се сол кам шудааст.

Мақомот Мамадшоеваро ба ташкили нооромиҳо ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам карда буданд. Ӯ пеш аз боздошт даст доштан дар нооромиҳоро рад карда буд. SOS-Defenders парвандаи ӯро дар заминаи фишор ба фаъолияти мустақили рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқ баррасӣ мекунад.

Пойгоҳ ҳамчунин парвандаҳои Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси маҳкумшуда ба 30 соли зиндон, ва Манучеҳр Холиқназаров, роҳбари Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помирро, ки ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст, сабт кардааст.

Ҳар ду дар фаъолияти «Комиссияи 44» ширкат доштанд. Ин гурӯҳ пас аз рӯйдодҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ барои мусоидат ба муколамаи сокинон бо мақомот ва муайян кардани ҳолатҳои марги одамон фаъолият мекард.

Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона соли 2024 маҳрум кардани Мамадшоева, Иргашев ва Холиқназаров аз озодиро худсарона арзёбӣ карда, хостори раҳоии онҳо шудааст. Пайванд ба санадҳои дахлдори СММ дар маводи марбут ба ин парвандаҳо оварда шудааст.

Рӯзноманигор ва вакили дифоъ низ дар феҳрист

Дар саҳифаи Далер Бобиев, маъруф ба Далери Имомалӣ, парвандаи рӯзноманигори мустақил сабт шудааст. Ӯ моҳи октябри соли 2022 дар мурофиаи пӯшида ба даҳ соли зиндон маҳкум шуда буд. Аз ҷумлаи иттиҳомҳои эълоншуда алайҳи ӯ иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ буд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ, моҳи сентябри соли 2015, пас аз ба уҳда гирифтани ҳимояи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, боздошт шуд. Гурӯҳи кории СММ соли 2019 боздошти ӯро худсарона эътироф карда, озодии фаврии ӯро талаб карда буд. Бо вуҷуди ин, ӯ дар зиндон боқӣ мондааст.

Мавқеи мақомот

Мақомоти Тоҷикистон иддаоҳои таъқиби рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни ҳуқуқро бо ангезаҳои сиёсӣ ё касбӣ рад мекунанд. Намояндаи Тоҷикистон дар баррасии даврии вазъи ҳуқуқи инсон дар СММ рӯзи 5 ноябри соли 2026 низ чунин мавқеъро баён кардааст.

Сабти ин парвандаҳо таваҷҷуҳро ба масъалае ҷалб мекунад, ки солҳо боз дар муроҷиатҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ матраҳ мешавад. Ин ҳам бошад, иҷрои хулосаҳои ниҳодҳои СММ, дастрасӣ ба мурофиаи одилона ва ҳимояи шахсоне, ки барои фаъолияти осоиштаи худ зиндонӣ шудаанд, мебошад.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Нишонии почтаи электронии шумо нашр нахоҳад шуд. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.