Омори иқтисодӣ осмонбӯс, сатҳи зиндагӣ чӣ?

Ба дигарон фиристед

Иқтисоди Тоҷикистон бо суръате рушд мекунад, ки бисёр кишварҳо орзуяшро доранд. Ҳамин нишондоди рушди иқтисодии Тоҷикистонро аксарияти кишварҳои аврупоӣ надоранд. Аммо, аз ин рушд ба дастархони хонавода чӣ мерасад? Оё маош барои зиндагӣ мерасад, ҷойи кор пайдо мешавад ва вобастагӣ аз муҳоҷират камтар мегардад? Аз долонҳои ҳукуматӣ ягон нафари ба ин саволҳо ҷавоб медодагӣ бошад?

Ростӣ, ҳамин Бонки ҷаҳониро ҳеҷ фаҳмида намешавад. Дилхоҳ омори ҳукумати Тоҷикистонро далел қарор дода, аз рӯи он хулосагирӣ мекунад. Якбор ақалан санҷиш мегузаронида бошад, ки то куҷо рушдҳои осмонии Тоҷикистон ба воқеият наздик аст. Бубинед, Бонки ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар нимсолаи аввали соли 2026, 8,2 дарсад арзёбӣ мекунад. Ҳоло биёед сатҳи рушди ҳамин давраинаи кишварҳои аврупоиро бо Тоҷикистон қиёс кунем. 

Даъвои иқтисоддонӣ намекунам, аммо, ба ин назарам, ки ҳар шаҳрванд ҳақ дорад ва вазифааш ҳам ҳаст, ки ақалан фаҳми элементарии ҳамин оморҳоро дошта бошад. Бинобар, инҷо Шумо на назари як иқтисоддон, балки як шаҳрванди оддиро мехонед. Ҷойе иштибоҳе ёфтед, ҳатман ба он ишора кунед, то истифода кунем ва ислоҳ шавем.

Суръати рушди иқтисодии Тоҷикистон дар муқоиса бо чанд кишвари пешрафтаи Аврупо воқеан баланд аст. Хазинаи байналмилалии асъор барои соли 2026 рушди Тоҷикистонро 7,3 дарсад пешбинӣ мекунад. Ҳарчанд ин нишондод аз нишондоди Бонки ҷаҳонӣ, ки барои шаш моҳи аввали соли 2026 гузориш додааст, камтар аст, вале боз ҳам нисбати дигар кишварҳои пешрафта осмонист. Биёед қиёс мекунем. Ин нишондиҳанда барои Олмон 1,3, Италия 0,8, Австрия 0,6 ва Фаронса ҳамагӣ 0,4 дарсад аст. Ҳатто Испания бо 2,5 дарсад ва Литва бо 2,7 дарсад аз Тоҷикистон ақиб мемонанд. Дуруст аст, ки суръати рушди иқтисод бо сатҳи зиндагӣ як чиз нест. Иқтисоди хурдтар метавонад аз заминаи паст бо фоизи баланд рушд кунад, дар ҳоле ки иқтисоди бузургу пешрафта бо фоизи камтар ҳаҷми зиёди маҳсулоту даромади нав ба вуҷуд меорад. Аммо, рушди баланди Тоҷикистон то куҷо ба маоши кофӣ, ҷойи кори устувор ва зиндагии беҳтари мардум табдил мешавад? Аҷиб нест?

Ба ҳар ҳол Бонки ҷаҳонӣ иқрор мешавад, ки муҳаррики асосии рушди Тоҷикистон воридоти маблағ аз хориҷ ва истеъмоли хонаводаҳост. Яъне, пушти рақами дурахшони иқтисодӣ меҳнати муҳоҷирон истодааст. Ин чи хелӣ рушд будааст, ки вобастаи натиҷаи меҳнати “гастербайтер” бошад?

Бисёр хуб, қобили дарк аст, ки иқтисод метавонад ҳатто аз ҳисоби истеъмоли мардум ҳам воқеан рушд кунад. Аммо, ҳамин истеъмолгари бечора то “қоқ” шудани ҳамёнаш дар Тоҷикистон мемонад ва боз ҳам барои роҳкирои баргашт ба муҳоҷират қарз мегирад. Чизи дигар, афзоиши истеҳсолот ё сохтмон худ аз худ маънои онро надорад, ки даромади ҳар хонавода ҳамон қадар боло рафтааст.

Биёед, инҷо бо диққат ба гузориши Агентии омор, ки 26 октябр нашр шудааст, якбор назар кунем, ки то чӣ ҳад рушди рӯи қоғаз ба ҳаёти воқеии мардум таъсир доштааст.

Ин рақамҳо ба моҳи август тааллуқ доранд, ҳарчанд дар гузориши январ–сентябр ҷой гирифтаанд. 

Ҳисоби одӣ нишон медиҳад, ки маоши миёнаи соҳаи молиявӣ аз маоши соҳаи маориф тақрибан 4,2 баробар зиёд аст. Миёнаи худи соҳаи маориф бошад, тақрибан 32 дарсад аз миёнаи умумӣ поёнтар меистад. Ин муқоиса вазъи ҳар омӯзгор ё корманди бонкро алоҳида нишон намедиҳад, вале фарқи байни бахшҳоро равшан мекунад. Омади гап, аз ҳаминҷо пай мебаред, ки муаллим дар Тоҷикистон чӣ қадар қадру манзалат дорад.

Ҳамин ҷо ногуфта намонад, ки «маоши миёна» метавонад касро ба иштибоҳ барад. Он маоши аксари мардум нест. Метавонад маоши баланду осмонбуси наҳангҳои калон ҳисоби миёнаро боло барад. Ҳоло биёед, ба таври мисол моҷарои нафақаи Амонуло Ҳукумов, собиқ раиси Роҳи оҳани Тоҷикистонро ба ёд меорем. Ин моҷароро ҳанӯз соли 2015 Радиои Озодӣ  нашр карда, навишта буд, ки нафақаи Амонулло Ҳукумов, раиси собиқи «Роҳи оҳани Тоҷикистон»,18 ҳазор сомонӣ дар як моҳро ташкил медод, ки ин тибқи қурби ҳамондавраинаи сомонӣ тақрибан ба 3500 доллар рост меомад. Акнун ин маблағ агар бар асоси 60 дарсади музди меҳнати ӯ ҳисоб шуда бошад, пас маоши миёнаи моҳонаи ӯ бояд ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ мебуд, ки тақрибан бо қурби ҳамонвақта 5500 доллар дар як моҳ аст. Он замон маоши миёнаи кормандони соҳаи маориф тақрибан 710 сомониро ташкил медод. Яъне як худи Ҳукумов баробари 42 нафар омӯзгор маош дошт. 18 ҳазор сомонии нафақааш бошад, ба таври дигар гуем, ба музди меҳнати тақрибан 25 моҳи кории як корманди миёнаи соҳаи маориф дар соли 2015 баробар мешуд. Ёбеду гиред!

Ҳоло ҳамин маоши ҳисобшуда ҳам ҳатман маблағи софи ба дасти корманд расида нест. Барои фаҳмидани зиндагии воқеӣ даромади хонавода ва шумораи аъзои вобаста ба он низ зарур аст.

Масалан, агар хонаводаи панҷнафара танҳо як маоши баробар ба миёнаи маориф дошта бошад, ба ҳар узв моҳона тақрибан 398 сомонӣ рост меояд. Ин намунаи шартии ҳисоб аст, на омори хонаводаҳои Тоҷикистон. Аммо нишон медиҳад, ки чаро рақами маошро бе шумораи нонхӯрон ҳисоб кардан ҳисоби дуруст намедиҳад.

Яке аз далелҳои ҳукумат ин болоравии қобилияти харид аст. Мегӯянд, пул ҳаст, ки мардум харид мекунад, пул набошад мардум харид намекард. Аммо болоравии қобилияти харид ҳанӯз маънои зиндагии осударо надорад. Хонавода метавонад нисбат ба порсол каме бештар харид кунад ва ҳамоно барои табобат, иҷора ё таҳсили фарзанд қарз гирад. Индекси умумии нарх низ хароҷоти ҳар оиларо айнан инъикос намекунад.

Гиреҳи асосӣ ҷойи кор аст. Бонки ҷаҳонӣ таносуби шуғл ба аҳолии синни кориро дар Тоҷикистон 36 дарсад нишон медиҳад. Ин рақамро набояд ба маънои 64 дарсад бекорӣ хонд, зеро берун аз шуғл будан сабабҳои гуногун дорад. Вале он маҳдуд будани фарогирии шуғлро нишон медиҳад. 

Ба арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, маблағи интиқолии муҳоҷирон дар соли 2025 ба тақрибан 46 дарсади ММД баробар будааст. Ин маънои онро надорад, ки 46 дарсади маҳсулоти дохилӣ дар хориҷ истеҳсол шудааст. Муқоиса ҳаҷми азими пулеро нишон медиҳад, ки хонаводаҳо аз берун мегиранд ва дастнигарии Тоҷикистон ба маблағи муҳоҷирро бармало мекунад. 

Аттия Варис, коршиноси мустақили СММ, дар изҳороти 31 август ин мушкилро равшан баён карда гуфтааст, ки «Интиқоли маблағ ҷойгузини шуғли кофӣ, шоиста ва пурсамар дар дохили кишвар шуда наметавонад». 

Дар Тоҷикистон новобаста аз кризисҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, тибқи омор, сол ба сол камбағалҳо пулдортар мешаванд. Яъне дар коҳиши фақр низ тибқи омор Тоҷикистон пешрафт дорад. Бонки ҷаҳонӣ ҳиссаи аҳолии зери хатти байналмилалии 4,20 доллар дар рӯзро барои соли 2025 тақрибан 14,8 дарсад арзёбӣ мекунад. Рақами 13,2 дарсад барои соли 2026 пешбинӣ аст. Ба назар мерасад, ин меъёр ҳам аз қобилияти харид ҳисоб шудагӣ аст. 

Биёед ба воқеият рост омадан ё наомадани ҳамин ҳисобро дида мебароем. Тибқи меъёри байналмилалӣ агар даромади як ноновари хона, ба сари ҳар узви оила барои як рӯз камтар аз 4,20 доллар бошад, аҳли он хона камбизоат ҳисоб мешаванд. Фарз кардем, як муаллими мактаб 5 фарзанд дорад. Бо худашу ҳамсараш 7 нафар. Ноновари хона танҳо худаш аст. Маоши миёнаи корманди соҳаи маориф тақрибан 2 ҳазор сомонӣ аст. 2 ҳазор сомониро ба 7 тақсим мекунем, тақрибан 286 сомонӣ мешавад. Ин 286 сомониро ба як моҳ 30 рӯз тақсим мекунем, мешавад 9,53 сомонӣ, яъне ҳамагӣ бештар аз 1 доллар. Акнун 4,20 доллар куҷою 1 доллар куҷо? Аз ҳамин ҳисоб чанд фоизи корманди соҳаи маориф метавонад берун аз хати камбизоатӣ бошад? Баландмаоштарин соҳа дар Тоҷикистон, ин кормандони соҳаи бонкӣ ҳастанд, бо ҳамин ҳисоб агар ҳисоб кунем, ҳатто аксарияти онҳоро низ даромади рузонаашон ба сари ҳар нафари узви оила 4,20 доллар нест. Хонандаи азиз метавонад мустақилон бо ҳамин ҳисоби даромади рӯзона ба сари ҳар нафар 4 доллару 20 сентро ҳисоб кунад, ки дар Тоҷикистон чанд фоизи аҳолӣ ба сари ҳар нафар дар рӯз 4 доллару 20 сент даромад доранд ва аз рӯи ҳамин маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон чанд дар сади аҳолӣ аз камбизоативу нодорӣ раҳоӣ ёфтаанд.

Пас, баҳси моҳ ҳам бар сари мавҷуд будани рушди оморӣ нест. Баҳс бар сари сифат ва воқеияти он аст. Агар афзоиши иқтисодӣ ба ҷойи кори шоиста, маоши кофӣ ва хизматрасонии дастрас табдил нашавад, мардум ҳақ доранд бипурсанд, ки ин рушдҳои воҳима куҷоянд? 

Ҳукумат набояд танҳо рақами рушди иқтисодро нишон диҳад. Бояд нишон диҳад, ки чанд хонавода аз даромади дохили кишвар зиндагӣ карда метавонад, чанд нафар аз зарурат муҳоҷир мешавад ва кадом гурӯҳҳо аз фоидаи рушд канор мемонанд. Иқтисоди муваффақро танҳо аз баландии сутунҳои оморӣ намесанҷанд. Онро аз зиндагии одамоне месанҷанд, ки ин оморҳо бояд ба онҳо хизмат кунанд.

Шавкати Муҳаммад


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *