
Султонзода дар конфронси САҲА аз набуди истиқлоли додгоҳҳо дар Тоҷикистон интиқод кард
Паём ТВ | 9 октябри соли 2026
Салим Султонзода, дар конфронси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки 9 октябр дар шаҳри Варшава баргузор шуд, аз набуди истиқлоли воқеии низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон, дахолати ниҳодҳои қудратӣ ба мурофиаҳои судӣ ва фишор болои додрасҳо шадидан интиқод кард.
Ӯ зимни суханронии худ дар бахши «Волоияти қонун – 2» таъкид намуд, ки ҳарчанд Конститутсияи Тоҷикистон мустақилияти додрасҳоро кафолат медиҳад, дар амал низоми додгоҳии кишвар таҳти таъсири ҷиддии ҳокимияти иҷроия қарор дорад.
Ба гуфтаи Султонзода, яке аз нигарониҳои асосӣ дахолати эҳтимолии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ ва таъсири зиёди мақомоти додситонӣ ба қарорҳои додгоҳҳо мебошад.
Вай таъкид кард, ки мушкили асосӣ танҳо дахолати мақомоти давлатӣ нест, балки фазои тарсу ҳаросест, ки худи додрасҳо дар он фаъолият мекунанд.Ба гуфтаи ӯ, додрасе, ки бар хилофи манфиатҳои намояндагони бонуфузи ҳукумат ё худи ҳокимият қарори мустақилона қабул мекунад, метавонад бо хатари барканорӣ аз вазифа ё ҳатто таъқиби ҷиноӣ бар асоси иттиҳомоти сохта рӯбарӯ шавад.
Султонзода гуфт, дар чунин шароит додрас миёни иҷрои қонун ва тарс аз паёмадҳои қарори худ қарор мегирад.Ӯ ҳамчунин баргузории мурофиаҳои пушти дарҳои баста алайҳи мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва вакилони дифоъро мояи нигаронии ҷиддӣ донист ва масъалаи риояи ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаро матраҳ кард.
Дар бахши дигари суханронии худ Салим Султонзода ба иқдоми мухолифони тоҷик ва созмонҳои ҳуқуқи башар дар моҳи апрели соли 2025 ишора намуд.
Ба гуфтаи ӯ, намояндагони мухолифони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба Дафтари додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ маводеро дар бораи ҷиноятҳои эҳтимолӣ алайҳи башарият пешниҳод карда, масъалаи масъулияти эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва дигар мансабдорони баландпояро матраҳ намудаанд.
Султонзода афзуд, ки дар чунин шароит хабарҳо дар бораи нияти эҳтимолии Тоҷикистон барои хориҷ шудан аз Оинномаи Рум, ки асоси ҳуқуқии фаъолияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ мебошад, нигарониҳои бештареро дар мавриди пойбандии Душанбе ба уҳдадориҳои байналмилалиаш ба вуҷуд меорад.
Ӯ аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки истиқлоли воқеии додгоҳҳоро таъмин намуда, ба дахолати сохторҳои қудратӣ ба мурофиаҳои судӣ хотима диҳанд, амнияти додрасҳо ва вакилони дифоъро кафолат дода, меъёрҳои байналмилалии мурофиаи одилонаро риоя кунанд.
Салим Султонзода дар поёни суханронии худ таъкид кард: «То замоне ки додрас аз ҳокимият бештар аз нақзи қонун битарсад, адолати судии мустақил вуҷуд дошта наметавонад».
Вай ҳамчунин гуфт, ки бидуни додгоҳи мустақил волоияти қонун имконнопазир аст ва бидуни волоияти қонун Конститутсия аҳамияти амалии худро аз даст медиҳад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки масъалаи истиқлоли додгоҳҳо, таъқиби мухолифони сиёсӣ ва вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои мавриди баҳси намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар боқӣ мемонад.
