Муаззама Қодирова: «Тоҷикистон ба додгоҳҳои мустақил ниёз дорад, на ба кафолатҳои ҳуқуқии рӯйи коғаз»

Ба дигарон фиристед

Ҳуқуқшиноси тоҷик аз фишор ба вакилон, муҳокимаҳои пӯшидаи додгоҳӣ, шиканҷа дар зиндонҳо ва зарурати назорати байналмилалӣ изҳори нигаронӣ кард.

Муаззама Қодирова, вакили мудофеъ ва ҳомии мустақили ҳуқуқи башари тоҷик, ки матни суханронияш дар Конфронси САҲА дастраси Паём ТВ шуд, масъалаи набуди истиқлоли воқеии низоми додгоҳии Тоҷикистон, фишор ба адвокатҳо, маҳдуд шудани ҳуқуқи боздоштшудагон ба ҳимоя, муҳокимаҳои махфии додгоҳӣ ва вазъи маҳбусонро матраҳ кард.

Ӯ таъкид намуд, ки бидуни истиқлоли додрасҳо ва таъмини амнияти вакилони мудофеъ, шаҳрвандон наметавонанд ба баррасии одилонаи парвандаҳои худ умед банданд.

Ба гуфтаи Қодирова адвокатҳо дар Тоҷикистон аз ҳимояи шахсони муттаҳам дар парвандаҳои дорои хусусияти сиёсӣ ҳарос доранд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон бо боздошт ва зиндонӣ кардани бархе аз вакилони мудофеъ ва рӯзноманигорон фазои тарсу ҳаросро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст. Ин вазъ боис шудааст, ки бисёре аз адвокатҳо аз қабули парвандаҳои сиёсӣ худдорӣ кунанд, зеро нигаронанд, ки худ низ мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор гирифта, озодии худро аз даст медиҳанд.

Қодирова гуфт, ки ин мушкилотро на танҳо ҳамчун ҳуқуқшинос, балки ҳамчун шахсе матраҳ мекунад, ки худ бо пайомадҳои фишор барои фаъолияти касбӣ рӯбарӯ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар фаъолияти ҳуқуқҳимоявиаш алайҳи ӯ бар асоси чаҳор моддаи қонунгузории ҷиноятӣ парванда боз шуда, чандин сол аст, ки маҷбур шудааст дур аз Тоҷикистон, дар муҳоҷират зиндагӣ кунад.

«Ман имрӯз на танҳо ҳамчун ҳуқуқшинос, балки ҳамчун шахсе сухан мегӯям, ки худаш оқибатҳои фишор барои фаъолияти касбиро таҷриба кардааст», — изҳор дошт Қодирова.

«Вақте додрас ва адвокат зери фишоранд, адолати судӣ вуҷуд дошта наметавонад»

Яке аз масъалаҳои асосие, ки Муаззама Қодирова дар суханронии худ ба он таваҷҷуҳ кард, истиқлоли низоми додгоҳӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба мурофиаи одилона буд.

Ӯ гуфт, ки бо фаъолияти низоми додгоҳии Тоҷикистон аз наздик ошност ва мушкилоти онро на аз рӯйи шунидаҳо, балки бар асоси таҷрибаи мустақими касбии худ арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, дар парвандаҳои ҷиноятие, ки хусусияти сиёсӣ доранд, вакилони мудофеъ борҳо ба нокифоя будани далелҳои айбдоркунӣ ва нақзи қонун дар ҷараёни тафтишот ишора мекунанд. Аммо, ба иддаои ӯ, ин далелҳо на ҳамеша дар тасмимҳои додгоҳ ба таври зарурӣ ба назар гирифта мешаванд.

Қодирова изҳор дошт, ки дар чунин ҳолатҳо баъзан чунин тасаввур ба вуҷуд меояд, ки вазифаи додгоҳ на муайян кардани ҳақиқат, балки иҷрои қарори қаблан таъйиншуда мебошад.

«Вақте додрас ва адвокат таҳти фишор қарор доранд, мурофиаи одилонаи додгоҳӣ имконнопазир мегардад», — таъкид кард ӯ.

Ба назари Қодирова, ин вазъ метавонад эътимоди шаҳрвандонро ба ниҳодҳои адлия коҳиш диҳад ва ҳуқуқи асосии инсон ба ҳимояи муассири додгоҳиро зери суол барад.

Маҳдуд шудани дастрасӣ ба вакили мудофеъ дар парвандаҳои сиёсӣ

Масъалаи дигари мавриди нигаронии ҳуқуқшинос маҳдуд шудани ҳуқуқи гумонбарон ва айбдоршавандагон ба кумаки пурраи ҳуқуқӣ мебошад.

Қодирова гуфт, ки дар бархе парвандаҳои дорои хусусияти сиёсӣ шахсони боздоштшуда амалан аз имкони мулоқоти озодона бо вакилони мудофеи худ маҳрум мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳолатҳоеро сабт кардаанд, ки адвокатҳо ҳатто имкони мулоқот бо зерҳимояҳои худро надоштаанд.

Ӯ таъкид кард, ки ҳуқуқ ба вакили мудофеъ яке аз кафолатҳои асосии мурофиаи одилона аст ва маҳдуд кардани он метавонад имкони дифои шахси айбдоршавандаро ба таври ҷиддӣ коҳиш диҳад.

Аз дидгоҳи Қодирова, ҳифзи мустақилияти адвокатҳо бояд яке аз самтҳои асосии ислоҳоти низоми адлия дар Тоҷикистон бошад.

Муҳокимаҳои махфӣ ва набуди назорати ҷомеа

Дар бахши дигари суханронии худ Муаззама Қодирова ба масъалаи мурофиаҳои пӯшида ва махфӣ шудани парвандаҳои ҷиноятӣ таваҷҷуҳ кард.

Ӯ изҳор дошт, ки дар баъзе парвандаҳо муҳри махфият ба василае табдил меёбад, ки имкони назорати ҷомеа бар фаъолияти додгоҳҳоро маҳдуд мекунад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, вақте маводи парванда ва ҷараёни мурофиа барои ҷомеа дастнорас аст, рӯзноманигорон ва шаҳрвандон наметавонанд муайян кунанд, ки шахси айбдоршаванда маҳз барои чӣ муҳокима мешавад ва кадом далелҳо асоси ҳукми додгоҳ қарор гирифтаанд.

Қодирова аз парвандаҳои соли 2025 ёдовар шуд, ки ба гуфтаи ӯ, мурофиаҳои онҳо паси дарҳои баста баргузор гардида, муҳтавои айбдоркуниҳо ва далелҳои пешниҳодшуда ба таври оммавӣ ифшо нашудаанд.

Ӯ бо матраҳ кардани як суоли асосӣ гуфт:

«Агар ҳеҷ кас натавонад санҷад, ки дар дохили толори додгоҳ чӣ гузаштааст, ҷомеа чӣ гуна метавонад ба одилона будани ҳукм эътимод кунад?»

Ҳуқуқшинос бар ин назар аст, ки шаффофияти мурофиаҳои додгоҳӣ ва имкони назорати мустақил аз шартҳои муҳими эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ мебошанд.

Шиканҷа, марги маҳбусон ва набуди кумаки тиббӣ

Муаззама Қодирова дар идомаи суханронии худ ба вазъи муассисаҳои ислоҳӣ ва шароити нигаҳдории маҳбусон дар Тоҷикистон низ ишора кард.

Ӯ гуфт, ки пайомадҳои фишор ва нақзи ҳуқуқи инсон танҳо ба ҳукмҳои додгоҳӣ маҳдуд намешаванд, балки метавонанд дар шакли шиканҷа, шароити номусоиди зиндонҳо, маҳрумият аз кумаки тиббӣ ва ҳатто марги маҳбусон зуҳур кунанд.

Қодирова ба гузоришҳои созмонҳои байналмилалии Amnesty International ва Human Rights Watch ишора карда, гуфт, ки ин созмонҳо дар соли 2025 аз нақзи ҷиддии ҳуқуқи маҳбусон, мушкилоти шароити нигаҳдорӣ ва ҳолатҳои марг дар зиндонҳо хабар додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолатҳо зарурати таҳқиқоти мустақил ва назорати муассир бар фаъолияти муассисаҳои ислоҳиро бештар мекунанд.

Ҳуқуқшинос таъкид кард, ки давлат на танҳо барои иҷрои ҳукми маҳкумшудагон, балки барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои бунёдии онҳо низ масъул мебошад.

Афви соли 2026 ва сарнавишти маҳбусоне, ки дар зиндон мемонанд

Дар суханронии худ Қодирова ҳамчунин ба масъалаи афви маҳкумшудагон дар соли 2026 таваҷҷуҳ кард.

Ӯ бо ишора ба рақамҳои пешниҳодкардааш гуфт, ки афв 18 ҳазору 38 маҳкумшударо фаро мегирад ва қарор аст беш аз 11 ҳазор нафари онҳо аз маҳбас озод шаванд.

Бо вуҷуди ин, ҳуқуқшинос таъкид намуд, ки озод шудани бахше аз маҳбусон набояд масъалаи шароити нигаҳдории онҳое, ки дар зиндон боқӣ мемонанд, аз мадди назар дур кунад.

«Бо онҳое, ки пушти панҷара мемонанд, чӣ мешавад? Онҳо дар чӣ шароите нигаҳдорӣ мешаванд ва кӣ риояи ҳуқуқҳои онҳоро назорат мекунад?» — суол гузошт Қодирова.

Ба назари ӯ, барои арзёбии воқеии вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар танҳо шумораи афвшудагон кофӣ нест. Зарур аст, ки шароити муассисаҳои ислоҳӣ, дастрасии маҳбусон ба кумаки тиббӣ ва имкони шикоят аз муносибати ғайриқонунӣ низ таҳти назорати мустақил қарор гиранд.

Муаззама Қодирова ба Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо як қатор пешниҳодҳои мушаххас ироа кард.

Ӯ хостори тақвияти назорати мустақили байналмилалӣ бар фаъолияти додгоҳҳо, ниҳодҳои адвокатура ва муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ дар Тоҷикистон шуд.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ бо сохторҳои давлатии Тоҷикистон бояд на танҳо бар изҳорот ва уҳдадориҳои расмӣ, балки бар иҷрои воқеии меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар асос ёбад.

Қодирова ҳамчунин пешниҳод кард, ки масъалаи ҷорӣ кардани таҳримҳои ҳадафманд ва дигар чораҳои маҳдудкунанда нисбат ба шахсоне баррасӣ шавад, ки далелҳои боэътимоди даст доштани онҳо дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон вуҷуд доранд.

Ӯ зарурати таъмини истиқлоли додрасҳо, амнияти касбии вакилони мудофеъ, ҳуқуқи ҳар як айбдоршаванда ба ҳимояи комил ва таҳқиқи мустақили ҳолатҳои шиканҷа ва марг дар маҳбасҳоро махсус таъкид намуд.

Ба гуфтаи Қодирова, чунин чораҳо бояд ба таъсиси механизмҳои воқеии ҳифзи ҳуқуқи инсон мусоидат кунанд, на танҳо ба қабули санадҳо ва эъломияҳои нав.

 «Ҳатто маҳбус бояд ҳамчун инсон бо каромат боқӣ бимонад»

Муаззама Қодирова дар анҷоми суханронии худ таъкид кард, ки Тоҷикистон пеш аз ҳама ба ниҳодҳои воқеан мустақил ва муассири ҳуқуқӣ ниёз дорад.

Ӯ гуфт, ки кафолатҳои ҳуқуқӣ танҳо замоне арзиш доранд, ки дар амал иҷро шаванд ва ҳар шаҳрванд, новобаста аз мавқеи сиёсӣ ё айбдоркуниҳои пешниҳодшуда, тавонад аз ҳуқуқҳои худ истифода барад.

«Тоҷикистон на ба кафолатҳои расмии рӯйи коғаз, балки ба ниҳодҳои амалкунанда ниёз дорад: додгоҳи мустақил, адвокати озод ва зиндоне, ки дар он ҳатто маҳбус ҳам инсон боқӣ мемонад», — гуфт Муаззама Қодирова.

Қодирова аз созмонҳои байналмилалӣ хост, ки дар арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба иҷрои амалии уҳдадориҳои давлат ва таъсиси механизмҳои мустақили назорат таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *