Муҳиддин Кабирӣ: Бо ҳукумати феълӣ расидан ба истиқлоли воқеъӣ хаёли хом аст
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, дар суханроние ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мафҳуми истиқлол, заминаҳои таърихии ба даст омадани он, саҳми ҳаракатҳои истиқлолхоҳ ва вазъи давлатдории имрӯзи кишварро мавриди баррасии муфассал қарор дод.
Ӯ дар оғози суханронӣ гуфт, Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлоли миллӣ ва давлатӣ қарор дорад ва аз ин фурсат истифода бурда, ҳамаи онҳоеро табрик мегӯяд, ки воқеан орзуи истиқлолро доштанд, барои расидан ба он талош карданд ва мубориза бурданд. Кабирӣ ба шахсиятҳое, ки дар роҳи истиқлол саҳм гузоштаанд ва ҳанӯз дар қайди ҳаётанд, изҳори эҳтиром карда, гуфт, ҳузури онҳо барои миллат мояи ифтихор аст.
Ӯ ҳамчунин тамоми фарзандони истиқлолхоҳи миллатро, сарфи назар аз он ки дар дохили кишвар, хориҷ аз он, дар муҳоҷират ва ё дар зиндонҳо қарор доранд, ба муносибати солгарди истиқлол табрик гуфт. Кабирӣ барои ҳамаи шаҳидон ва гузаштагони миллат, ки дар роҳи истиқлол, озодӣ, ҳифзи ватан, нангу номуси миллӣ, давлатдорӣ ва арзишҳои динӣ талош кардаанд, аз Худованд талаби раҳмат намуд.
Ба гуфтаи ӯ, баъд аз тасарруфи сарзаминҳои минтақа аз ҷониби болшевикон дар ҳудуди сад соли гузашта, гурӯҳҳои зиёде аз фарзандони миллат барои озодӣ ва истиқлоли ватани худ мубориза бурданд. Бархе аз онҳо кушта шуданд ва гурӯҳи дигар маҷбур гардиданд ба муҳоҷират раванд. Ӯ аз Худованд хост, ки шаҳодати қурбониёни роҳи истиқлолро қабул карда, онҳоеро, ки имрӯз низ ба сабаби андеша ва муборизаҳои сиёсии худ дар зиндон қарор доранд, ҳарчи зудтар аз азобу машаққат раҳо ёбанд.
Кабирӣ масъалаи истиқлолро аз назари фикрӣ, назариявӣ ва амалӣ масъалаи бисёр печида номид ва гуфт, дар доираи як суханронии кӯтоҳ наметавон тамоми паҳлуҳои онро баррасӣ кард. Бо вуҷуди ин, ӯ кӯшиш кард дидгоҳи шахсии худ ва назари бахше аз неруҳои мубориз, бахусус Паймони миллии Тоҷикистонро баён карда, баъзе хусусиятҳо ва фаҳмишҳои марбут ба истиқлолро бо ҳамватанон дар миён гузорад.
Ба гуфтаи Кабирӣ, дар арафаи 9 сентябр дар Тоҷикистон мавзӯи истиқлол ва омодагӣ ба ҷашни он тамоми паҳлуҳои дигари ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро ба ҳошия мебарад. Дар телевизионҳо, расонаҳо, суханрониҳо, варзишгоҳҳо ва чорабиниҳои гуногун пайваста шиори истиқлол садо медиҳад, аммо худи истиқлол ба ҷойи он ки воқеияти рӯзмарраи зиндагии мардум бошад, ба шиори мавсимӣ табдил ёфтааст.
Ӯ гуфт, истиқлол набояд танҳо соле як бор, дар рӯзи 9 сентябр, таҷлил карда шавад. Истиқлол бояд ҳар рӯз ва ҳар соат дар вуҷуди ҳар инсон, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, дар вуҷуди миллат ва дар фаъолияти давлат эҳсос гардида, дар бахшҳои асосии зиндагӣ худро нишон диҳад.
Кабирӣ афзуд, истиқлол низ монанди дигар арзишҳо ва мафҳумҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла ваҳдати миллӣ, Наврӯз ва ҳатто арзишу идҳои динӣ, ба монанди Иди Фитр ва Иди Қурбон, тадриҷан ба шиор ва маросим табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, шакли зоҳирии ин ҷашну арзишҳо боқӣ мондааст, аммо муҳтаво, арзиш ва маънои воқеии онҳо дар зиндагии ҷомеа камтар эҳсос мешавад.
Ӯ гуфт, назари ӯ ва ҳамфикронаш дар бораи истиқлол ҳадди ақал аз дидгоҳи аксари раҳбарони имрӯзи Тоҷикистон фарқ мекунад. Кабирӣ дар ин бахш аз мардуми оддӣ интиқод накард ва гуфт, онҳо ба сабаби гирифторӣ ба мушкилоти рӯзгор, машаққати зиндагӣ, камбизоатӣ ва муҳоҷират на вақт ва на ҳавсалаи кофӣ доранд, ки дар бораи мафҳумҳое монанди истиқлол, озодӣ ва каромати инсон андеша кунанд. Ба гуфтаи ӯ, бархе шаҳрвандон ҳатто аз фикр кардан ва сухан гуфтан дар бораи чунин масъалаҳо метарсанд.
Кабирӣ гуфт, бахше аз тоҷикон дар бораи истиқлол зиёд фикр ва суҳбат мекунанд. Гурӯҳе онро, монанди ҳукумат, ҳамчун шиор истифода мебарад, аммо гурӯҳи дигар истиқлолро арзиш, тарзи зиндагӣ ва воқеияти ҳаррӯза медонад ва мехоҳад тамоми миллат низ онро ба ҳамин шакл эҳсос кунад.
Ба назари ӯ, барои ҳукумати Тоҷикистон ва қисми зиёде аз мансабдорон истиқлол падидае буд, ки аз берун ба онҳо таҳмил шуд ва ба таври тасодуфӣ ба даст омад. Ӯ гуфт, мақомоти он давра дар оғоз намедонистанд истиқлол чист, чӣ маъно дорад ва бо он чӣ бояд кунанд. Ба иддаои Кабирӣ, бахше аз ҳокимони имрӯза дар гузашта бо истиқлол мубориза карда, мехостанд Тоҷикистон ҳамчунон вобастаи Маскав ва Кремл ва ҳамчун як ҷумҳурии тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монад.
Ӯ иддао кард, ин неруҳо зери шиори барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамватанони худ ҷангида, гурӯҳеро кушта ва гурӯҳи дигарро маҷбур ба муҳоҷират кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо танҳо баъд аз он шиори худро тағйир доданд, ки ҳомиёни хориҷиашон ба идомаи чунин мавқеъ ниёз надоштанд.
Кабирӣ гуфт, фоҷиаи миллат, мардум ва давлат дар он аст, ки имрӯз шиори истиқлол дар дасти касоне қарор гирифтааст, ки бахше аз онҳо дар рӯзҳои аввали истиқлол бо шиори зидди истиқлол, барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ ва муқобили ҳукумати нахустини муросои миллӣ, ки мехост Тоҷикистон давлати воқеан мустақил бошад, мубориза мебурданд.
Ӯ барои нишон додани таъсири ин ривояти якҷониба ба наслҳои нав аз ҷавони 35-сола мисол овард. Ба гуфтаи Кабирӣ, чунин ҷавон ҳамсол ва ҳамнасли истиқлоли Тоҷикистон буда, 35 соли гузашта тақрибан якуним насли иҷтимоиро ташкил медиҳад. Аммо ин насл дар фазое ба воя расидааст, ки дар бораи таърихи воқеии истиқлол маълумоти кофӣ надорад.
Ӯ гуфт, як шаҳрванди 30 ё 35-солаи Тоҷикистон аз рӯзи таваллудаш дар телевизион асосан як чеҳраро мебинад, ки шиори истиқлолро дар даст дорад. Дар чунин фазо истиқлол бештар бо ҷамъ кардани мардум дар кӯчаҳо ва варзишгоҳҳо, рақсу суруд, парчамбардорӣ ва суханрониҳои расмӣ муаррифӣ мешавад, на бо сиёсати давлатие, ки инсон дар зиндагии ҳаррӯзаи худ озодӣ, каромат ва мустақил буданро эҳсос кунад.
Кабирӣ вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро яке аз намунаҳои равшани фосилаи миёни истиқлоли расмӣ ва воқеияти зиндагии шаҳрвандон номид. Ӯ гуфт, миллионҳо шаҳрванди тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва бархе аз онҳо дар шароити тарсу нигаронӣ аз пулис, мақомоти муҳоҷират, боздошт ва ихроҷ қарор доранд. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, бархе муҳоҷирон бо хатари ҷалб шудан ба ҷанги Русия алайҳи Украина рӯ ба рӯянд.
Ӯ пурсид, оё чунин инсонро метавон шаҳрванди воқеан мустақили Тоҷикистони мустақил номид. Ба назари Кабирӣ, ин муҳоҷир шиорҳои рангоранги истиқлол ва суханрониҳои роҳбарияти кишварро дар телевизион мебинад, аммо истиқлолро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ эҳсос намекунад.
Кабирӣ аз изҳороти таҳқиромези Сергей Миронов, сиёсатмадор ва раҳбари яке аз аҳзоби тарафдори ҳукумати Русия, дар бораи тоҷикон ёдовар шуд. Ӯ гуфт, вақте муҳоҷири тоҷик чунин суханонро мешунавад, эҳсос намекунад, ки дар пушти ӯ як давлат, ҳукумат ва миллати мустақил қарор дорад. Баръакс, ӯ худро инсони танҳо, таҳқиршуда ва аз ватан рондашуда мебинад, ки дар рӯ ба рӯи ҳокимоне қарор гирифтааст, ки ҳам ӯро таҳқир мекунанд ва ҳамзамон аз ҳукумати феълии Тоҷикистон пуштибонӣ менамоянд.
Ба гуфтаи Кабирӣ, тазод дар он аст, ки ҳукумати имрӯзи Русия аз ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят мекунад, аммо миллати тоҷик ва муҳоҷирони онро таҳқир менамояд. Ӯ пурсид, ки дар чунин вазъ истиқлолро дар куҷо метавон дид ва чӣ гуна метавон ин ҳолатро ҳадди ақал истиқлоли нисбӣ номид? Посухи худи ӯ ин буд, ки дар чунин муносибат нишонаҳои истиқлоли воқеӣ вуҷуд надоранд.
Раиси Паймони миллии Тоҷикистон гуфт, ин эътилоф аз рӯзҳои нахуст масъалаи истиқлолро ҳамчун як таҳаввули амиқи фикрӣ матраҳ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, истиқлоли воқеӣ бояд бар се рукни асосӣ бунёд шавад:
Рукни аввал инсони мустақил аст. Инсон бояд дар дохил ва хориҷи кишвар худро мустақил, озод ва соҳиби каромат эҳсос карда, бидонад, ки дар пушти ӯ як давлати мустақил истодааст ва аз ҳуқуқи ӯ ҳимоят мекунад. Рукни дувум ҷомеа ва миллати мустақил аст, ки бояд тавони андеша, интихоб ва тасмимгирии мустақилона дошта бошад. Рукни севум ҳукумат ва сохторҳои давлатии мустақиланд, ки дар қабули қарорҳои дохиливу хориҷӣ аз иродаи дигарон вобаста набошанд.
Ба гуфтаи Кабирӣ, ин се рукн бояд якдигарро такмил ва дастгирӣ кунанд. Танҳо дар он сурат метавон гуфт, ки истиқлол натиҷа додааст ва миллат воқеан ба он расидааст. Ӯ гуфт, Тоҷикистон барои расидан ба истиқлоли воқеӣ ҳам аз назари шахсӣ, ҳам миллӣ ва ҳам давлатӣ ҳанӯз фосилаи муайяне дорад ва бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳад.
Кабирӣ афзуд, агар касе гумон кунад, ки бо ҳамин ҳукумат ва ҳамин афроде, ки имрӯз зимоми давлатро дар даст доранд, Тоҷикистон ба давлати воқеан мустақил ва тоҷикон ба миллати мустақил табдил меёбанд, ин «хаёли хом» ва иштибоҳ аст. Ба гуфтаи ӯ, касе, ки истиқлолро ҳамчун арзиш ва мафҳум қабул надошта, барои он мубориза накарда ва бар зидди истиқлолхоҳон ҷангидааст, наметавонад бидуни бознигарии гузаштаи худ истиқлолро ба маънои воқеияш дарк ва татбиқ кунад.
Ӯ ҳамзамон ба як эътирози эҳтимолӣ посух дод. Ба гуфтаи Кабирӣ, мумкин аст баъзе шаҳрвандон бигӯянд, ки инсон метавонад иштибоҳ кунад, дар 10, 20 ё 35 соли пеш дидгоҳи дигар дошта бошад ва баъдан мавқеи худро тағйир диҳад. Аз ин рӯ, набояд ӯро танҳо барои фаҳмиши нодурусташ дар гузашта ҳамеша интиқод кард ва аз ҳаққи ҷонибдорӣ аз истиқлол маҳрум намуд.
Кабирӣ гуфт, ин андешаро мепазирад, ба шарте ки чунин тағйир воқеӣ бошад. Ба гуфтаи ӯ, агар ҳокимони имрӯз, ки замоне муқобили истиқлол буданд, ошкоро бигӯянд, ки 30 ё 35 сол пеш дар ҷониби нодурусти таърих қарор доштанд, таҳти таъсири таблиғоти болшевикӣ ва шӯравӣ буданд, истиқлолхоҳонро озор доданд, напазируфтанд ва ё куштанд ва имрӯз дарк кардаанд, ки Тоҷикистон бояд давлати мустақил мебуд, чунин бознигарӣ қобили қабул аст.
Ӯ гуфт, дар чунин сурат бояд муборизаи демократҳо, ҳаракати «Растохез», неруҳои миллӣ, Наҳзати исломӣ, рӯҳониёни огоҳ ва зиёиёни миллат барои истиқлол эътироф карда шавад. Аммо ба гуфтаи Кабирӣ, мақомоти Тоҷикистон то имрӯз иқрор накардаанд, ки дар он давра дар ҷониби нодурусти таърих қарор доштанд.
Кабирӣ гуфт, дарки воқеии ин масъала бояд нишонаҳои амалӣ дошта бошад. Ӯ барои тавзеҳи мавқеи худ ба таърихи густариши ҳокимияти болшевикон пас аз инқилоби Русия муроҷиат кард.
Ба гуфтаи ӯ, болшевикон инқилобро танҳо ба қаламрави Русия маҳдуд накарданд, балки кишварҳои мустақил ё нимамустақили Қафқоз, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон, инчунин Украина, Белорус, кишварҳои соҳили Балтик ва сарзаминҳои Осиёи Марказиро тасарруф карданд.
Ӯ гуфт, Осиёи Марказӣ дар он давра аз чанд воҳиди сиёсӣ иборат буд, ки бузургтарини онҳо Бухоро ба ҳисоб мерафт. Ба гуфтаи Кабирӣ, вақте Артиши Шӯравӣ ба ин сарзаминҳо ворид шуд, намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, озариҳо, чеченҳо, доғистониҳо, гурҷиҳо ва дигар халқҳо ба муқовимат бархостанд.
Ӯ таъкид кард, ки масъала мусалмон ё масеҳӣ, эронитабор ё туркитабор будани муборизон набуд. Масъала аз ватан, кишвар, сарзамин ва хоке иборат буд, ки тасарруф мешуд ва истиқлолашро аз даст медод.
Ба гуфтаи Кабирӣ, агар дар сари як давлати мустақил ҳукумати золим ё номуносиб қарор дошта бошад, онро баъдан метавон тағйир дод. Аммо аз байн рафтани худи давлат ва иваз кардани як ҳокимияти дохилӣ бо султаи хориҷӣ масъалаи комилан дигар аст.
Ӯ Бухороро намуна оварда, гуфт, ин давлат аз давраи Сомониён ба Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарохониён, Аштархониён ва баъдан Манғитиён гузашт, аммо Бухоро ҳамоно Бухоро боқӣ монд. Забону фарҳанги тоҷикӣ дар он ҳифз шуд ва таъсири он то нимҷазираи Ҳинд густариш ёфт.
Кабирӣ иддао кард, ки баъдан бар асари рақобат ва тавофуқҳои қудратҳои Русия ва Бритониё ва сиёсати онҳо дар муқобили унсурҳои марбут ба ислом, фарҳанги эронӣ ва забони форсӣ, минтақа ба вазъи дигаре кашонида шуд.
Ӯ гуфт, болшевикон дар оғоз Ҷумҳурии Халқии Бухороро таъсис дода, ба ҷавонбухороиён, маорифпарварон ва ҷадидон ваъда доданд, ки онҳо метавонанд давлати худро мустақилона идора кунанд. Ба гуфтаи Кабирӣ, ҷадидон ба ин ваъдаҳо соддалавҳона бовар карданд, аммо вақте воқеиятро дарк намуданд, кор аз кор гузашта буд ва бисёре аз онҳо саркӯб ва кушта шуданд. Гурӯҳи андаке тавонист бо мутобиқ шудан ба низоми нав ҷони худро наҷот диҳад. Ӯ дар ин замина аз устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуд.
Кабирӣ аз ҳукумати Тоҷикистон пурсид, ки оё он аз ҷиҳати фикрӣ ва маънавӣ омода аст муборизони зидди болшевикиро дар назди таърих сафед карда, онҳоро ҳамчун қаҳрамонони миллӣ эътироф намояд.
Ӯ пазируфт, ки дар ҳар мубориза, аз ҷумла дар муқовиматҳои зидди хориҷиён, афроди ҷинояткор, амалҳои нодуруст ва иштибоҳҳо вуҷуд дошта метавонанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар 30 соли пеш низ аз ҳар ду тараф чунин ҳодисаҳо ҷой доштанд. Аммо мавҷудияти амалҳои ҷинояткоронаи ҷудогона набояд моҳияти умумии мубориза барои ватан ва истиқлолро аз байн барад.
Кабирӣ гуфт, бар хилофи Тоҷикистон, дар бисёре аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ муборизони зидди болшевикӣ ҳамчун қаҳрамонони миллӣ эътироф шудаанд ва онҳоро дигар бо истилоҳҳои таҳқиромези давраи шӯравӣ, аз ҷумла «бандит» ва «босмачӣ», ном намебаранд. Ӯ дар ин замина аз Ӯзбекистони ҳамсоя низ мисол овард.
Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳанӯз онҳое, ки ин муборизонро қаҳрамони миллӣ мехонанд, мавриди ҳамла қарор гирифта, бо истилоҳҳои таҳқиромез ном бурда мешаванд ва ҳатто ба ақидаҳои пантуркистӣ ё кӯшиши кашидани ҷомеа ба самти дигар муттаҳам мегарданд.
Кабирӣ гуфт, ин муносибат яке аз далелҳоест, ки нишон медиҳад бахше аз ҳукумати феълӣ ҳаққи маънавии соҳибӣ кардани арзиши истиқлолро надорад. Ӯ бори дигар таъкид кард, ки ин интиқод ба ҳамаи кормандони давлатӣ дахл надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар сохторҳои давлатӣ афроди ватандӯст ва содиқ низ ҳастанд, ки корҳои маъмурӣ ва техникиро иҷро мекунанд. Интиқоди ӯ ба аксари касоне равона шудааст, ки зимоми асосии умурро дар даст доранд.
Ӯ баъдан аз чанд шахсияти мушаххаси давраи охири Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози истиқлоли Тоҷикистон ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ, дар синни 30 то 50-солагӣ ба сатҳи баланди илмию сиёсӣ расида, барои истиқлол бо қалам, суханронӣ, ташкили маҳфилҳо ва дигар роҳҳои имконпазир талош карданд.
Кабирӣ аз Тоҳири Абдуҷаббор, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигар намояндагони ҳаракатҳои миллӣ, озодихоҳ, динӣ ва демократӣ ёдовар шуд. Ӯ Сайид Абдуллоҳи Нуриро яке аз шахсиятҳое номид, ки дар давраи шӯравӣ ба иттиҳоми фаъолияти зиддишӯравӣ ва зидди Ҳизби коммунист зиндонӣ шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, моҳияти чунин иттиҳом мубориза барои озодӣ ва истиқлол буд, на танҳо таблиғоти динӣ.
Кабирӣ гуфт, ин шахсиятҳо, ки дар сафи аввали ҳаракатҳои миллӣ, озодихоҳ, динӣ ва демократӣ қарор доштанд, то имрӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун миллатдӯст, ватандӯст ва истиқлолхоҳ эътироф нашудаанд. Ба гуфтаи ӯ, касоне, ки дар гузашта муқобили истиқлол мубориза бурдаанд, имрӯз ҳокимиятро дар даст дошта, худро соҳиби андешаи истиқлол медонанд, аммо муборизони воқеии он давраро ҳамоно душман мешуморанд ва сиёҳ мекунанд.
Кабирӣ аз Қадриддин Аслонов, раиси вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи президент дар соли 1991, низ ёдовар шуд. Ӯ Аслоновро як коммунисти нисбатан равшанфикр номид, ки бар асари таҳаввулоти сиёсӣ дар замони эълони истиқлол дар раъси порлумон қарор дошт.
Кабирӣ гуфт, дар аксари ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ санадҳои истиқлолро раҳбарони порлумонҳо имзо карданд. Тоҷикистон низ баъд аз шикасти кӯшиши табаддулоти Кумитаи давлатии ҳолати фавқулода дар Маскав, дар охири моҳи август ва аввали сентябри соли 1991, ба эълони истиқлол рӯ овард.
Ӯ гуфт, баъзе ҷумҳуриҳо, аз ҷумла Арманистон, барои эълони истиқлол раъйпурсӣ баргузор карданд ва ба ҳамин сабаб ин раванд дар онҳо чанд моҳ бештар тӯл кашид. Аммо аксари ҷумҳуриҳое, ки истиқлолро тавассути порлумон эълон карданд, ин корро баъд аз шикасти табаддулоти Маскав анҷом доданд.
Кабирӣ аз таҷрибаи шахсии худ дар он рӯзҳо ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, он замон донишҷӯ ва аз фаъолони донишҷӯӣ буд. Ӯ ҳамроҳи донишҷӯёни дигар талош мекард, ки роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиши табаддулоти Маскавро маҳкум кунад.
Ба гуфтаи ӯ, раиси вақти донишгоҳ, ки мушовири Қаҳҳор Маҳкамов, президенти вақти Тоҷикистон буд, намехост Маҳкамов Кумитаи давлатии ҳолати фавқулодаро маҳкум кунад, зеро роҳбарияти ҷумҳурӣ дар оғоз аз он пуштибонӣ карда буд ва умед дошт Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор ва ҳифз мешавад.
Кабирӣ гуфт, донишҷӯён дар донишгоҳ гирдиҳамоӣ ташкил карда, раиси донишгоҳро водор намуданд бо президент мулоқот кунад. Ба гуфтаи ӯ, раиси донишгоҳ, ки шахси хубу самимӣ буд, баъди суҳбат бо донишҷӯён назди Маҳкамов рафт ва аз ӯ ваъда гирифт, ки табаддулоти Маскавро маҳкум ва истиқлоли Тоҷикистонро эълон хоҳад кард. Баъдан, ба гуфтаи Кабирӣ, чунин ҳам шуд.
Ӯ гуфт, роҳбарияти сиёсии он давра дар оғоз аз Кумитаи давлатии ҳолати фавқулода пуштибонӣ карда, хостори ҳифзи Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Аммо баъди шикасти табаддулот Қаҳҳор Маҳкамов истеъфо дод ва Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои Олӣ, роҳбарии муваққати давлатро ба уҳда гирифт.
Ба гуфтаи Кабирӣ, 9 сентябри соли 1991 матни Эъломияи истиқлол, ки аз ҷониби Тоҳири Абдуҷаббор таҳия шуда буд, қабул гардид ва Қадриддин Аслонов зери он имзо гузошт. Ӯ гуфт, эҳтимол дорад андешаи Аслонов дар бораи истиқлол то он замон пухта шуда буд, зеро вай аз ҷумлаи коммунистони нисбатан равшанфикр ба ҳисоб мерафт. Ба гуфтаи Кабирӣ, Аслонов санади истиқлолро бо ифтихор имзо кард.
Раиси Паймони миллии Тоҷикистон баъдан ба сарнавишти Қадриддин Аслонов пардохта, аз шаҳрвандон пурсид, ки оё медонанд ӯро баъдан кӣ ва бо чӣ иттиҳом кушт.
Кабирӣ иддао кард, ки Аслонов аз ҷониби неруҳои вобаста ба ҳокимони имрӯза кушта шуда, имзои санади истиқлоли Тоҷикистон ҳамчун «гуноҳ»-и ӯ муаррифӣ гардидааст. Ӯ аз шоҳидони он ҳодисаҳо ва муҳаққиқони таърихи муосир даъват кард, ки аснод ва воқеаҳои он давраро дубора омӯзанд ва муайян созанд, ки Аслонов дар куҷо, аз ҷониби кӣ ва бо кадом иттиҳом кушта шудааст.
Кабирӣ Қадриддин Аслоновро шахсе номид, ки барои истиқлоли миллат ҷони худро аз даст дод ва барои пазируфта шудани шаҳодати ӯ дуо кард. Ӯ пурсид, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон барои Аслонов ягон лавҳаи ёдгорӣ ё муҷассама насохта, дар маросимҳои давлатии вобаста ба истиқлол номи ӯро ба таври шоиста зикр намекунад.
Иддаои марбут ба ангеза ва омилони куштори Қадриддин Аслонов дар ин суханронӣ ҳамчун мавқеи худи Кабирӣ баён шуд. Гузоришҳои таърихӣ кушта шудани Аслоновро дар соли 1992 зикр мекунанд, аммо ангезаи мушаххасе, ки Кабирӣ пешниҳод кард, ба таҳқиқ ва санадҳои мустақили бештар ниёз дорад.
Кабирӣ гуфт, бар асоси чунин далелҳо ва воқеаҳо ба ин натиҷа расидааст, ки ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон барои соҳибӣ кардани арзиши истиқлол ҳаққи маънавии кофӣ надорад. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, шиори истиқлол дар дасти ҳамин ҳукумат қарор гирифтааст.
Ӯ афзуд, мусибати миллӣ танҳо дар тасарруфи шиорҳо ва арзишҳо маҳдуд намешавад. Ба гуфтаи Кабирӣ, давлат, миллат, бойгонӣ, сарват ва имкониятҳои кишвар низ дар ихтиёри гурӯҳе қарор гирифтаанд, ки бо миллат, истиқлол ва давлатдории воқеӣ пайванди маънавии лозимро надоранд. Ӯ гуфт, ин гурӯҳ давлатдорӣ ва истиқлолро бештар ҳамчун имконияти ҳифзи қудрат ва манфиатҳои худ истифода мекунад.
Кабирӣ дар қисми хотимавии суханронӣ гуфт, ӯ ва бахше аз неруҳои мубориз, миллӣ, ислоҳталаб ва озодихоҳ масъалаи истиқлолро ҳамин гуна мебинанд. Ба гуфтаи ӯ, мубориза барои истиқлоли воқеӣ аз он сабаб идома дорад, ки онҳо ба расидани миллат ва кишвар ба чунин истиқлол бовар ва итминон доранд.
Ӯ гуфт, дер ё зуд миллати тоҷик ва Тоҷикистон ба истиқлоли воқеӣ хоҳанд расид. Аз ҳамин сабаб, мубориза барои истиқлоли инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ идома хоҳад ёфт.
Раиси Паймони миллии Тоҷикистон аз ҳамаи ҳамватанон, ҳамфикрон ва бахусус истиқлолхоҳони воқеӣ даъват кард, ки бародарону хоҳарони худро, ки дар сафи аввали мубориза қарор доранд ва дар шароити гуногун фаъолият мекунанд, танҳо нагузоранд.
Ӯ гуфт, ҳар кас бояд мувофиқи тавоноии худ ба ин афрод кумак кунад. Ба гуфтаи Кабирӣ, камтарин шакли пуштибонӣ метавонад дуо кардан дар ҳаққи онҳо ва худдорӣ аз бадгӯиву туҳмат бошад. Ҳамзамон ӯ аз шаҳрвандон хост, ҳар навъи кумаки дигареро, ки аз дасташон меояд, ба муборизони роҳи озодӣ ва истиқлоли воқеӣ расонанд.
Кабирӣ дар поёни суханронӣ бори дигар аз Худованд хост, ки мардуми Тоҷикистонро ҳарчи зудтар ба истиқлоли воқеии инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ бирасонад.
Ба ин тартиб, суханронии Муҳиддин Кабирӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон аз доираи як паёми маъмулии табрикӣ берун рафта, ба бознигарии таърихи сад соли охир, заминаҳои ба даст омадани истиқлол, сарнавишти ҳаракатҳои миллӣ ва вазъи имрӯзи давлатдорӣ табдил ёфт.
Меҳвари асосии суханронии ӯ ин буд, ки истиқлол танҳо бо парчам, маросим, ҷашн ва эъломияи ҳуқуқӣ комил намешавад. Аз дидгоҳи Кабирӣ, истиқлол замоне воқеӣ хоҳад буд, ки инсон дар дохил ва хориҷ худро озод, соҳибҳуқуқ ва дорои каромат эҳсос кунад, ҷомеа ва миллат тавони интихоби мустақилона дошта бошанд ва давлат дар ҳифзи шаҳрвандон ва қабули қарорҳои сиёсӣ аз иродаи бегонагон вобаста набошад.
