
Истирдод, саркӯби фаромиллӣ ва Тоҷикистон
Истирдод ба Тоҷикистон: Чӣ чиз Аврупо ва Русияро дар маркази баҳсҳои ҳуқуқи инсон қарор додааст?
Пешгуфтор
Мусоҳибае, ки дар пеши рӯи шумост, тарҷумаи бахше аз мусоҳибаи подкасти Spotlight on Central Asia мебошад. Ин подкастро рӯзноманигорон Брюс Панниер ва Майкл Ҳиллиард бо ҳамкории The Times of Central Asia, The Oxus Society for Central Asian Affairs ва ҳамчунин European Neighbourhood Council таҳия мекунанд. Барнома ба баррасии рӯйдодҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст ва дар ҳар бахш бо иштироки коршиносони соҳа масъалаҳои муҳими минтақа мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Қисмати аслии ин подкаст ба чанд мавзӯи минтақа, аз ҷумла таҳаввулоти Афғонистон, фаъолияти гурӯҳи «Толибон», масъалаҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар рӯйдодҳои рӯз бахшида шудааст. Аммо дар ин нашр танҳо тарҷумаи он бахши мусоҳиба пешниҳод мешавад, ки ба Тоҷикистон дахл дорад.
Дар ин қисмат меҳмонони барнома, Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили ҳуқуқи инсон, дотсенти амалии ҳуқуқи инсон дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубии Иёлоти Мутаҳидаи Амрико ва инчунин меҳмони дигари барнома, Бахтиёр Сафаров, муассиси Central Asian Consulting ва коршиноси сиёсати Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Аврупо ва Русия, истифодаи механизмҳои байналмилалии ҷустуҷӯ ва бозгардонӣ, саркӯби фаромиллӣ, низоми паноҳандагии сиёсӣ ва муносибати додгоҳҳои аврупоӣ ба чунин парвандаҳо суҳбат мекунанд. Барои роҳатии хонанда, матни зер аз шакли гуфтугӯи подкаст ба шакли мусоҳибаи хаттӣ оварда шудааст.
***
Ровӣ: Бахши зиёди баҳсҳое, ки имрӯз дар бораи онҳо суҳбат мекунем, ба масъалаҳои маъмулии муҳоҷират ва сиёсати бозпасгирӣ (readmission) марбутанд. Аммо дар ҳафтаҳои охир чанд парвандаи пурсарусадо суолҳои ҷиддиеро ба миён овардаанд, ки оё баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ин равандҳо ҳамчун воситаи фишори сиёсӣ истифода мекунанд?
Бисёре аз ин гуфтугӯҳо ба нақши кишварҳое дахл доранд, ки ҳамчун нуқтаи транзитӣ амал мекунанд ё дар бозгардонидани шаҳрвандон ба кишварҳои аслии онҳо мусоидат менамоянд. Аммо парвандаҳои ахир нишон медиҳанд, ки масъала дигар танҳо муҳоҷират нест, балки ба ҳуқуқи инсон ва истифодаи сиёсӣ аз механизмҳои байналмилалии истирдод низ дахл дорад.
Барои он ки беҳтар дарк кунем воқеан чӣ рӯй дода истодааст, чаро ин сӯҳбати мо аҳаммияти бештар пайдо мекунад ва хатарҳои асосӣ дар куҷоянд, имрӯз ду меҳмони махсусро ба барнома даъват кардаем.
Меҳмони аввал Стив Свердлов, дотсенти ҳуқуқи инсон дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки худ чанде пеш ҳангоми сафар дар марзҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилот рӯбарӯ шуд.
Меҳмони дуюм Бахтиёр Сафаров, муассиси Central Asian Consulting ва коршиноси сиёсати дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад.
Стив ва Бахтиёр хуш омадед! Стив, мехоҳам суҳбатро бо шумо оғоз кунам.
Ҳар касе, ки дар ҳафтаҳои охир нашрияҳое мисли The Times of Central Asia-ро пайгирӣ кардааст, дидааст, ки чандин парвандаи муҳим вобаста ба истирдод ва бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар сархатти хабарҳо қарор гирифтаанд.
Чаро ин масъала имрӯз ба чунин мавзӯи муҳими баҳс табдил ёфтааст?
Стив Свердлов: Дар айни замон яке аз муҳимтарин парвандаҳо ба дархости ҳукумати Тоҷикистон аз Австрия барои истирдоди Шавкатҷон Шарипов, яке аз чеҳраҳои мухолифини тоҷик марбут аст.
Мисли бисёр парвандаҳои дигар, мақомоти Тоҷикистон ӯро ба робита бо ифротгароӣ ва терроризм муттаҳам мекунанд. Мутаассифона, чунин амалия тақрибан беш аз даҳ сол боз идома дорад. Дар ин муддат бисёр кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ин раванд саҳм гирифтаанд. Пеш аз ҳама Олмон ва Австрия, инчунин Литва, Лаҳистон, Чехия, Фаронса ва Словакия.
Дар натиҷа, хатари воқеии бозгардонидани афрод ба кишваре ба вуҷуд меояд, ки дар он ҷо онҳоро шиканҷа ё таъқиби сиёсӣ интизор аст. Ин амал меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Иттиҳоди Аврупоро вайрон мекунад.
Қазияи Шавкатҷон Шарипов аз ҳамин қабил аст. Агар Австрия ӯро истирдод кунад, дар асл Австрия ба таҷрибае идома медиҳад, ки соли 2020 оғоз шуда буд.
Он замон Австрия Ҳизбулло Шовализода, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (IRPT)-ро ба Тоҷикистон бозпас фиристод. Пас аз бозгашт ӯ бо иттиҳомҳои дорои ангезаи сиёсӣ ба 20 соли зиндон маҳкум гардид ва ба яке аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистон табдил ёфт.

Агар ба Олмон назар кунем, чанд моҳ пеш Асадулло Бобоев ва писараш Муҳаммад низ ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд. Онҳо ба гурӯҳи дигари фаъолоне пайвастанд, ки солҳои охир аз кишварҳои аврупоӣ истирдод ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд. Дар байни онҳо метавон аз Абдуллоҳи Шамсиддин, Диловар Қурбонов ва Дилмурод Эргашев ном бурд. Шумораи чунин парвандаҳо он қадар зиёд аст, ки номбар кардани ҳамаи онҳо душвор мебошад. Ҳамаи ин ҳодисаҳо танҳо дар панҷ соли охир рух додаанд.
Қариб ҳамаи афроде, ки ба Тоҷикистон бозгардонида шудаанд, дар боздоштгоҳҳо мавриди бадрафторӣ қарор гирифта, баъдан бо муҳлатҳои аз ҳафт то даҳ соли зиндон маҳкум шудаанд. Аз ин рӯ, мо бо як мушкили бисёр ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастем.
Ин ҳам намунаи саркӯби фаромиллӣ (transnational repression) аст ва ҳам нишонаи он, ки баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо намехоҳанд масъулияти худро дар ин буҳрон ба таври ҷиддӣ эътироф намоянд.
Чӣ гуна механизми истирдод амал мекунад?
Ровӣ: Бахтиёр, акнун мехоҳам аз шумо бипурсам. Метавонед шарҳ диҳед, ки чунин парвандаҳо дар амал чӣ гуна сурат мегиранд? Ин раванд аз куҷо оғоз мешавад, кадом ниҳодҳо дар он иштирок мекунанд ва дар ниҳоят чӣ тавр шахс ба кишвари худ бозпас фиристода мешавад?
Бахтиёр Сафаров: Дар асл, ин масъала ба солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бармегардад. Соли 1992 ҳазорҳо нафар маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд. Бисёрии онҳо ба Афғонистон паноҳ бурданд, гурӯҳи дигар ба Русия ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ рафтанд. Он замон ҳамаи ин равандҳо хусусияти ғайрирасмӣ доштанд ва аз рӯи вазъият ҳал мешуданд. Ман хуб дар ёд дорам, ки ҳангоми донишҷӯ буданам дар шаҳри Хоруғ як ҳамсояи мо омад ва чанд рӯз дар назди мо зиндагӣ кард. Ӯ мехост ба Афғонистон рафта бародарашро ба Тоҷикистон баргардонад. Он вақт чунин бозгаштҳо одатан бе мушкил анҷом меёфтанд. Ҳадди ақал то имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 аксари бозгаштагон таъқиб намешуданд. Аммо вазъият аз соли 2015 ба баъд комилан тағйир ёфт. Ҳукумат ин равандро ба шакли муназзам ва ниҳодина даровард.
Имрӯз мақомоти Тоҷикистон аз механизмҳои байналмилалӣ, махсусан аз огоҳиҳои сурхи Интерпол (Interpol Red Notices), васеъ истифода мебаранд.

Номи шумораи зиёди шаҳрвандон ба чунин рӯйхатҳо ворид карда мешавад. Баъд мақомот мунтазир мешаванд, ки кадоме аз ин парвандаҳо дар хориҷ натиҷа медиҳад. Дар солҳои охир Олмон нисбат ба дигар кишварҳо бештар омода шудааст чунин афродро бозпас фиристад. Ҳоло Австрия низ ба ҳамин самт ҳаракат мекунад. Ба назари ман, ин ду давлат дар масъалаи ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон мавқеи фаъолтар гирифтаанд, ҳарчанд сабаби чунин ҳамкорӣ пурра рӯшан нест.
Ровӣ: Албатта, агар дар бораи истирдод суҳбат кунем, наметавон аз нақши Русия чашм пӯшид. Мехоҳам аз ҳардуи шумо бипурсам, ки Русия дар саркӯби фаромиллӣ чӣ нақш мебозад? Махсусан нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон.
Стив Свердлов: Тақрибан се сол пеш мо гузориши муфассале нашр кардем. Дар он беш аз 35 ҳолати гумшавӣ, рабуда шудан ва интиқолдоданҳои маҷбурии муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ шуда буд. Дар аксари ин ҳолатҳо одамон дар Русия рабуда мешуданд. Баъзеҳо ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешуданд. Бархеи дигар тибқи расмиёти расмии истирдод ба мақомоти Тоҷикистон супурда мешуданд.
Соли 2021 ва баъдан соли 2022, пас аз саркӯби эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бисёр помириҳое, ки дар Русия зиндагӣ мекарданд, барои эътироз назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ шуданд. Онҳо мехостанд нисбат ба вазъияти Бадахшон эътироз кунанд. Аммо маҳз баъд аз ҳамин ҳодисаҳо ҳамкории мақомоти амниятии Русия ва Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид шуд.
Ногаҳон одамон аз кӯчаҳои шаҳрҳои гуногуни Русия нопадид шудан гирифтанд. Ин танҳо ба як шаҳр маҳдуд набуд. Аз Маскав то дигар минтақаҳои Русия чунин ҳодисаҳо пай дар пай рух медоданд. Барои ҷомеаи тоҷикони муқими Русия, махсусан барои помириҳо, ин як давраи бисёр тарснок буд. Имкони изҳори назар, иштирок дар эътироз ё ҳатто танқиди ҳукумат амалан аз байн рафт. Одамон эҳсос мекарданд, ки ҳар лаҳза метавонанд дастгир ва ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.
Паноҳандаи сиёсӣ ва ҷинояткори воқеӣ: Додгоҳҳои Аврупо чӣ гуна онҳоро аз ҳам фарқ мекунанд?
Ровӣ: Биёед ба ин масъала аз як ҷиҳати дигар назар кунем. Фарз мекунем, ки шахсе дар Тоҷикистон ҷинояти вазнин содир мекунад. Масалан, дар ҳолати мастӣ садамаи нақлиётӣ ба вуҷуд меорад, ки бар асари он як оила ҳалок мешавад. Сипас ба Аврупо фирор карда, худро паноҳандаи сиёсӣ муаррифӣ мекунад. Дар чунин ҳолат судҳо чӣ гуна муайян мекунанд, ки кадом нафар воқеан таъқиби сиёсӣ мешавад ва кадом нафар танҳо мехоҳад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ фирор кунад?
Стив Свердлов: Ин саволи хеле муҳим аст, махсусан имрӯз, ки дар тамоми ҷаҳон масъалаи муҳоҷират ва паноҳандагӣ ба яке аз мавзӯъҳои асосии сиёсӣ табдил ёфтааст. Ман ҳамчун ҳуқуқшинос дар бисёр чунин парвандаҳо иштирок кардаам ва борҳо ҳамчун коршинос дар судҳо шаҳодат додаам. Аз таҷрибаи худ метавонам бигӯям, ки имрӯз дар кишварҳое мисли Олмон, Австрия ё Иёлоти Муттаҳида ҳар дархости паноҳандагӣ бо санҷиши хеле ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад. Шахсе, ки паноҳандагӣ мехоҳад, бояд далелҳои зиёдеро пешниҳод кунад. Ин далелҳо метавонанд ҳуҷҷатҳо, қарорҳои судӣ, маводи расонаӣ, шаҳодати шоҳидон ё дигар санадҳое бошанд, ки исбот мекунанд ӯ дар сурати бозгашт воқеан бо хатари шиканҷа, таъқиби сиёсӣ ё дигар нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон рӯбарӯ мешавад.
Фақат гуфтани он ки дар кишвари худ мушкил дорад, кофӣ нест. Барои гирифтани паноҳандагӣ бояд исбот шавад, ки давлат ё худ таъқибкунандаи асосист ё наметавонад шахсро аз таъқиб муҳофизат кунад. Дар бисёр ҳолатҳо судяҳо мехоҳанд бубинанд, ки алайҳи шахс парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва чаро ӯ иддао мекунад, ки ин парванда ангезаи сиёсӣ дорад. Албатта, чунин ҳуҷҷатҳо на ҳамеша вуҷуд доранд ва танҳо ба онҳо такя кардан дуруст нест. Ҳуқуқшиносон одатан мегӯянд, ки бояд тамоми вазъият дар маҷмӯъ арзёбӣ карда шавад. Дар айни замон низоми судӣ нисбат ба ҳолатҳои қаллобӣ дар масъалаи паноҳандагӣ хеле ҳассос аст. Прокуророн, судҳо ва ҳатто вакилони мудофеи паноҳҷӯён хуб медонанд, ки ҳар иддао бояд бо далелҳои воқеӣ тасдиқ шавад.
Дар амал бисёр нафарон маҳз аз сабаби набудани далелҳои кофӣ дархости паноҳандагиашонро мебозанд. Аз ин рӯ, имрӯз гирифтани паноҳандагӣ кори осон нест. Барои муваффақ шудан бояд вақти зиёд, ҳуҷҷатҳои зиёд ва кори ҷиддии ҳуқуқӣ анҷом дода шавад.
Бахтиёр Сафаров: Ман метавонам як мисоли воқеиро ёдовар шавам. Тақрибан ду моҳ пеш як шаҳрванди Тоҷикистон дар як тарабхона ҷавони дигареро латукӯб кард. Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле паҳн шуд ва қариб тамоми Тоҷикистон онро дид. Баъдтар маълум шуд, ки ин шахс ба яке аз кишварҳои Аврупо фирор кардааст. Аммо мақомоти он кишвар ӯро боздошт карда, ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Расонаҳо номи он давлатро зикр накарданд, танҳо гуфтанд, ки ин яке аз кишварҳои аврупоӣ буд. Аз ин рӯ бояд фарқ гузошт. Мо ҳоло дар бораи шахсоне суҳбат мекунем, ки воқеан бо сабабҳои сиёсӣ таъқиб мешаванд, на дар бораи касоне, ки барои ҷиноятҳои воқеӣ аз ҷавобгарӣ мегурезанд.
Ровӣ: Мехоҳам як саволи дигар диҳам.То чӣ андоза судҳои Аврупо воқеияти Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказиро мефаҳманд? Оё судяҳо медонанд, ки зиндагӣ дар вилояти Хатлон аз зиндагӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чӣ фарқ дорад? Ё масалан фарқи минтақаҳои гуногуни Қирғизистонро дарк мекунанд? Ё онҳо умуман дар бораи вазъи минтақа маълумоти кофӣ надоранд? Оё судҳои Аврупо воқеияти Тоҷикистонро дарк мекунанд?
Стив Свердлов: Мутаассифона, воқеият ин аст, ки дар бисёр мавридҳо ҳам прокуророн ва ҳам судяҳо ҳатто номи кишвареро, ки қарор аст шахс ба он истирдод шавад, дуруст талаффуз карда наметавонанд. Чӣ расад ба он ки фарқи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро донанд ё вазъи иҷтимоӣ ва сиёсиро дар онҳо дарк кунанд.
Ман намехоҳам ҳамаи судяҳо ё мақомоти муҳоҷиратро зери танқид қарор диҳам. Дар миёни онҳо мутахассисони воқеан донишманд ҳам ҳастанд. Аммо таҷрибаи ман нишон медиҳад, ки имрӯз, дар шароите, ки кишварҳои Ғарб зери фишори сиёсӣ барои коҳиш додани муҳоҷират қарор доранд, шумораи парвандаҳо хеле зиёд шудааст. Ин фишор боис мегардад, ки баъзан қарорҳо шитобкорона қабул шаванд ва дар натиҷа иштибоҳҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оянд.
Ростӣ, ҳолатҳое, ки ман бо судяҳо ё кормандони мақомоти муҳоҷират рӯ ба рӯ мешавам ва онҳо аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ маълумоти амиқ доранд, хеле каманд. Баъзеҳо тасаввуроти умумӣ доранд, аммо дар бисёр мавридҳо мо бо ноогоҳии комил рӯбарӯ мешавем. Баъзан Тоҷикистонро бо Покистон ё Афғонистон омехта мекунанд. Ё умуман намедонанд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон то чӣ андоза нигаронкунанда аст. Дар ҳоле ки дар бораи шиканҷа, таъқиби сиёсӣ ва маҳдуд шудани озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гузоришҳои зиёди байналмилалӣ нашр шудаанд.
Ба назари ман, яке аз сабабҳои асосӣ дар он аст, ки барои чунин қарорҳо амалан ҳеҷ арзиши сиёсӣ вуҷуд надорад. На дар Олмон, на дар Австрия, на дар Иёлоти Муттаҳида.
Вақте шахсе ба Тоҷикистон истирдод мешавад, қариб ҳеҷ баҳси сиёсӣ ё таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеа ба миён намеояд.
Дар бораи Афғонистон ё Русия вазъият дигар аст. Дар он мавридҳо расонаҳо бештар менависанд ва ҷомеа бештар вокуниш нишон медиҳад. Аммо вақте сухан дар бораи Тоҷикистон меравад, вазъияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ба назари ман, бештар аз ҳама нодида гирифта мешаванд. Дар ҳоле ки бисёре аз ин одамон баъди бозгашт амалан нопадид мешаванд. Онҳо ба низоме супурда мешаванд, ки баъдан тақдири онҳо дигар барои ҷомеаи байналмилалӣ номаълум мемонад. Ба фикрам ҳамаи мо бояд нисбат ба чунин вазъият эҳсоси масъулият дошта бошем.
Ровӣ: Бахтиёр, оё шумо низ чунин таҷрибаро мушоҳида кардаед?
Бахтиёр Сафаров: Бале.Ман ҳатто таҷрибаи шахсӣ дорам. Яке аз хешовандони ҳамсарам солҳои зиёд дар Русия зиндагӣ мекард. Баъд аз оғози ҷанги Украина ба ӯ низ даъватнома барои сафарбарӣ расид. Яъне мушкили тоҷикон танҳо таъқиби сиёсӣ набуд. Онҳое ҳам, ки аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданд, зери фишори дигар қарор гирифтанд.
Ба онҳо ошкоро мегуфтанд: «Мо медонем, ки шумо аз Бадахшон ҳастед. Мо оилаи шуморо мешиносем. Агар ба ҷанг наравед, метавонем шуморо ба Тоҷикистон истирдод кунем.»
Бинобар ҳамин бисёр одамон худро маҷбур ҳис карданд, ки ба ҷанг раванд. На барои он ки худашон мехостанд дар ҷанг иштирок кунанд. Балки барои он ки аз хатари бозгардонидан ба Тоҷикистон раҳо шаванд. Ин вазъият воқеан барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон фоҷиабор буд.
Ровӣ: Вақти барномаи имрӯза ба анҷом расид. Дар ду ҳафтаи оянда боз бо муҳимтарин рӯйдодҳои Осиёи Марказӣ бармегардем.
Агар мавзӯъҳои имрӯзаро ҷолиб донистед ё мехоҳед дар бораи онҳо маълумоти бештар гиред, метавонед моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед. Аз ҳар ду меҳмони мо Стив Свердлов ва Бахтиёр Сафаров барои ширкат дар ин барнома самимона сипосгузорем. Дониш ва таҷрибаи онҳо барои фаҳмидани равандҳое, ки аксаран аз назари ҷомеаи байналмилалӣ дур мемонанд, бисёр арзишманд аст. Ҳамчунин ба сарпарасти асосии барномаи мо The Times of Central Asia изҳори сипос мекунем. Мо дар омодасозии барнома пайваста аз гузоришҳо ва таҳлилҳои ин нашрия истифода мебарем, зеро онҳо яке аз мукаммалтарин манбаъҳои хабарӣ оид ба Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ниҳоят, ба ҳамаи шунавандагон барои ҳамроҳӣ ташаккур мегӯем.
То мулоқоти дигар, шаби хуш.
