
Бозори “Самоҳ”-и шаҳри Ҳисор ба коми оташ рафт (аксу навор)
Субҳи имрӯз, 6-уми апрел, дар бозори “Самоҳ”-и шаҳри Ҳисор сӯхтор сар зад. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, оташсӯзӣ тақрибан наздик ба соати чаҳори субҳ оғоз шуда, дар муддати кӯтоҳ масоҳати васеъро фаро гирифтааст. Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, бахши асосии бозор, ки дар он сару либос фурӯхта мешуд, қариб пурра ба коми оташ рафтааст ва шиддати оташ ба ҳадде баланд буда, ки имкони наҷоти молу маҳсулот хеле маҳдуд гардид.
Яке аз шоҳидон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба “Паём” гуфт, ки сӯхтор шабона дар қисмати фурӯши “пӯшока” сар задааст. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимоли худ аз худ оташ гирифтани бозор хеле кам аст бо эҳтимоли зиёд бозор қасдан оташ зада шудааст. То кунун мақомоти расмӣ сабаби дақиқи ҳодисаро шарҳ надодаанд ва ҳаҷми хисорот ҳам расман эълон нашудааст, аммо бар асоси арзёбиҳои ибтидоӣ зарари молӣ метавонад хеле бузург бошад.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки тайи солҳои охир сӯхтор дар бозорҳои бузурги Тоҷикистон ба як падидаи такроршаванда табдил ёфтааст. Пештар дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе чанд маротиба сӯхторҳои калон рух дода, садҳо тоҷир зарар дида буданд. Дар бозори “Саховат” низ чунин ҳодисаҳо сабт шуда, қисматҳои алоҳидаи он пурра нобуд гардидаанд. Ҳамчунин дар бозорҳои шаҳри Бохтар ва дигар шаҳрҳо низ сӯхторҳои шабеҳ рух додаанд, ки бештар бахшҳои фурӯши либос ва дигар молҳои зудсӯхташавандаро фаро гирифтаанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки такрори чунин сӯхторҳо ба чанд омил вобаста аст, аз ҷумла риоя нашудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхторӣ, истифодаи шабакаҳои кӯҳна ва фарсудаи барқ, набудани назорати ҷиддии мақомоти масъул ва дар баъзе мавридҳо эҳтимоли оташзании қасдан бо ҳадафҳои иқтисодӣ. Бештар, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс бар ин аст, ки чунин ҳодисаҳои сухтор дар бозорҳо махсус бо ғаризаҳои рақобатӣ ба роҳ монда мешаванд. Инчунин, чандин маротиба бозорҳои калони сердаромад, баъди саркашии соҳибкорон аз амри мақомот дар бораи кучидан ба бозорҳои навсохти марбут ба наздикони раисҷумҳур ба коми оташ рафта буданд.
Бо вуҷуди ин ҳама, то ҳол ислоҳоти ҷиддӣ барои таъмини амнияти бозорҳо амалӣ нашудааст. Дар натиҷа, ҳар як чунин ҳодиса метавонад садҳо тоҷирро аз сармоя ва ҳазорон нафарро аз манбаи даромади худ маҳрум созад.





