Густариши ҳузури ҷаҳонии Чин ва чолиши истиқлолияти кишварҳои хурд
Як гузориши таҳлилӣ, ки дар сомонаи CAS Services нашр шудааст, аз эҳтимоли густариши ҳузури Чин дар сатҳи ҷаҳонӣ, махсусан дар минтақаи уқёнуси Ором, хабар медиҳад. Ба навиштаи муаллиф, ин таҳлил бар асоси як санади гӯё фошшуда таҳия шуда, дар он гуфта мешавад, ки Чин метавонад то соли 2030 то 50 пойгоҳи дорои аҳамияти логистикӣ ва эҳтимолан ҳарбиро дар минтақаҳои гуногун бунёд намояд.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки ин пойгоҳҳо на танҳо пойгоҳҳои анъанавии ҳарбӣ, балки бештар инфрасохторҳое мисли бандарҳо, фурудгоҳҳо ва марказҳои таъминотӣ хоҳанд буд, ки метавонанд истифодаи дугона — иқтисодӣ ва амниятӣ — дошта бошанд. Муаллифон бар ин назаранд, ки чунин шабака метавонад ба Чин имкони тавсеаи нуфузи геополитикӣ ва тақвияти ҳузури худ дар минтақаҳои калидиро фароҳам оварад.
Ҳамзамон, дар матлаб зикр мешавад, ки чунин раванд метавонад тавозуни қудратро дар минтақаи уқёнуси Ором тағйир диҳад ва ба рақобати геополитикӣ миёни қудратҳои бузург таъсир расонад. Аммо, бо вуҷуди ин иддаоҳо, гузориш таъкид мекунад, ки маълумоти пешниҳодшуда то ҳол аз ҷониби манбаъҳои мустақил тасдиқи пурра наёфтааст ва бештар хусусияти таҳлилӣ дорад.
Аммо, инҷо мо ба пушту паҳлуи ин баҳс менигарем, ки агар ин иқдом амалӣ шавад ва ё дар ҳоли амалӣ шудан бошад, ба кишвари мо Тоҷикистон ва ё дар умум ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ таъсир дорад? Шахсан, ҳангоми мутолеаи ин матлаб тасаввуроте пеши назарам омад, ки дар ҳоли пиёда шудан, тасаввури дар куҷои ин стратегия қарор доштани Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод хеле мушкил аст.
Матлабе, ки дар сомонаи CAS Services нашр шудааст, худ ба худ як санади исботшуда дар бораи стратегияи давлатии Чин нест, балки бар пояи як “ёддошти махфии гӯё фошшуда” навишта шудааст. Яъне то ин лаҳза мо ҳақ надорем онро ҳамчун воқеияти қатъӣ қабул кунем. Аммо ҳатто агар худи рақами “50 пойгоҳ” тасдиқи мустақил надошта бошад, як чиз равшан аст, ки таҳлилгарони ҷиддӣ дар Ғарб ва Уқёнуси Ором дер боз ҳушдор медиҳанд, ки Чин тавассути инфрасохтор, бандарҳо, шабакаҳои рақамӣ, фурудгоҳҳо ва тарҳҳои ба зоҳир иқтисодӣ, нуфузи амниятӣ ва ҳарбии худро густариш медиҳад. Маркази CSIS ва як пажӯҳиши Донишгоҳи Кентербери низ ишора мекунанд, ки бисёре аз чунин тарҳҳо хусусияти дугона доранд, яъне метавонанд ҳам иқтисодӣ ва ҳам амниятӣ истифода шаванд.
Ана аз ҳамин ҷо барои Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ паёми асосӣ оғоз мешавад. Масъала фақат ин нест, ки Чин дар уқёнуси Ором чанд пойгоҳ месозад ё намесозад. Масъала дар он аст, ки Пекин солҳост аз модели ягона истифода мекунад. Аввал бо сармоя, сохтани роҳ, логистика, инфрасохтор ва қарз ба кишвар ворид мешавад ва баъд густариши нуфузи сиёсиро ба роҳ мемонад ва дар марҳилаи баъдӣ ба бахши амният ворид мешавад. Ин намуна имрӯз дигар танҳо фарзия нест. Дар Тоҷикистон худи Чин дар солҳои охир ҳузури амниятии худро амиқтар кардааст. Аз тамринҳои муштарак ва омӯзиши ниҳодҳои қудратӣ сар карда то маблағгузории таъсисоти марзӣ пойи Чин дар Тоҷикистон аст. Пойгоҳи таҳлилии Carnegie Endowment менависад, ки Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз фаъолтарин шарикони низомӣ ва амниятии Чин будааст ва бештари ин ҳамкорӣ ба амнияти марз ва муқобила бо бесуботӣ дар марзи Афғонистон бастагӣ дорад.
Рабти мустақим ба Тоҷикистон боз ҳам равшантар мешавад, вақте мебинем, ки дар моҳи марти соли 2026 расонаҳои минтақа хабар доданд, ки Чин сохтмони нӯҳ иншооти нави марзиро барои нерӯҳои Тоҷикистон дар марзи Афғонистон маблағгузорӣ мекунад. Арзиши лоиҳа беш аз 424 миллион юан, ё тақрибан 57 то 64 миллион доллар арзёбӣ шудааст. Eurasianet ва дигар пойгоҳҳои таҳлилии минтақа ҳамзамон ёдовар мешаванд, ки Чин қаблан низ барои Тоҷикистон чунин иншоот сохта буд ва дар шарқи дурдасти кишвар ҳузури амниятии пайгирона дорад. Ин аллакай нишон медиҳад, ки барои Душанбе, кишвари Чин танҳо шарики тиҷоратӣ нест, вай тадриҷан ба яке аз сутунҳои амниятӣ табдил мешавад.
Аз диди сиёсӣ, ин раванд барои Тоҷикистон ҳам фоида дорад ва ҳам хатар. Фоидааш маълум аст, давлате, ки бо марзи тӯлонии Афғонистон рӯбарӯст, имкони ҷалби маблағ, техника ва пуштибонии амниятиро аз даст намедиҳад. Хусусан, пас аз ҳамлаҳои марзии охири соли 2025, ки дар онҳо шаҳрвандони Чин дар ҳудуди Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуданд. Ҳарчанд коршиносон маҳз ин кушторҳоро ҷомаи сиёсӣ мепушонанд, бо ин қазия масъалаи амният барои ҳам Пекин ва ҳам Душанбе боз ҳам ҳассостар шуд. Reuters гузориш дода буд, ки ин ҳодисаҳо Чинро водор сохт нисбат ба амнияти минтақаи марзӣ хеле ҷиддитар муносибат кунад. Шояд мақсад аз сенарияи кушта шудани маҳз чиниҳо дар марз ҳам ҳамин буд, ки коршиносон ин қазияро сиёсӣ дониста буданд.
Аммо хатар дар он аст, ки ҳар қадар амнияти Тоҷикистон бештар ба маблағ, технология ва инфрасохтори Чин такя кунад, ҳамон қадар истиқлолияти сиёсӣ ва қобилияти мувозинати геосиёсии Душанбе маҳдуд мешавад. То имрӯз Русия маъмулан кафили асосии амнияти ҳарбии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Вале ҳоло як тағйири ором, аммо амиқ ҷараён дорад. Русия заифтар мешаваду Чин пурқудраттар. Агар пештар Маскав муҳофизи асосии марзҳо ва Пекин сармоягузори асосӣ буд, имрӯз ин хатти ҷудоӣ тадриҷан аз байн меравад. Чин ҳам сармоягузор шудааст, ҳам бунёдгари инфрасохтор, ҳам омӯзонандаи кадрҳо, ҳам шарики амниятӣ.
Маҳз барои ҳамин, агар хабар дар бораи “50 пойгоҳ” ҳатто муболиғаомез бошад ҳам, барои мо аҳамияти асосӣ дар худи рақам нест. Аҳамияти асосӣ дар тамоюл аст. Тамоюл ин аст, ки Чин аз як қудрати танҳо иқтисодӣ ба қудрате табдил мешавад, ки мехоҳад занҷири пурраи нуфуз дошта бошад. Аз иқтисод, логистика, рақамигардонӣ то амният ва дар ҳолати зарурӣ ҳузури нимаҳарбӣ ё ҳарбӣ ҳамаро то рафт зери даст мегирад. Дар уқёнуси Ором ин раванд тавассути бандарҳо, фурудгоҳҳо ва созишномаҳои амниятӣ дида мешавад. Дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бошад, тавассути посгоҳҳои марзӣ, машқҳои муштарак, омӯзиши нерӯҳои қудратӣ ва вобастагии рӯзафзун аз пуштибонии Чин.
Барои Тоҷикистон суоли асосӣ дигар ин нест, ки “оё Чин меояд?”, мо шоҳиди онем, ки Чин аллакай омадааст. Суоли аслӣ ин аст, ки ҳузури он то куҷо меравад. Оё ин ҳузур танҳо дар ҳадди маблағгузории марз, роҳ ва энержӣ мемонад ё тадриҷан ба таъсири мустақимтар бар қарорҳои сиёсӣ, амниятӣ ва ҳатто дохилии кишвар мерасад? Барои Осиёи Марказӣ низ масъала ҳамин аст, минтақа дар ҳоли гузар аз зери сояи як қудрат ба зери таъсири як қудрати дигар қарор дорад. Ва агар элитаҳои минтақа ин равандро танҳо ҳамчун “ҳамкории иқтисодӣ” шарҳ диҳанд, эҳтимол воқеияти тағйири тавозуни қудратро нодида мегиранд.
Барои ҳамин, гузориши таҳлилие, ки дар сомонаи CAS Services дар бораи густариши нуфузи Чин нашр шудааст, набояд ҳамчун далели қатъии як нақшаи махфии тасдиқшуда қабул кард, аммо онро набояд нодида ҳам гирифт. Он бештар ҳамчун нишонаи як тарси воқеӣ хонда мешавад, тарси он ки Чин дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон як модели ягонаи густариши нуфузро пеш мебарад. Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар канори ин раванд нестанд, балки дар дохили он қарор доранд. Аз ин рӯ, ҳар баҳсе дар бораи тавсеаи ҳузури Чин дар уқёнуси Ором меравад, барои мо ҳам танҳо як стратегияи дур аз минтақа нест, он оинаест, ки метавонад фардои геосиёсии худи минтақаи моро нишон диҳад.
Дар айни замон, ҳарчанд Чин дар сиёсати хориҷии худ бештар ба “қудрати нарм” такя мекунад ва зоҳиран бо кишварҳои шарик бо эҳтироми мутақобил муносибат менамояд, барои давлатҳое мисли Тоҷикистон зарур аст, ки масъалаи устувории истиқлолияти худро ҷиддӣ гиранд. Зеро дар воқеъ, агар ба ҷойи Чин ҳар қудрати дигари дорои чунин имконот мебуд, эҳтимол ҳамин гуна сиёсати густариши нуфузро пеш мегирифт. Аз ин рӯ, масъулияти асосӣ бар дӯши худи кишварҳое мисли Тоҷикистон аст, ки дар муносибатҳои хориҷӣ бо эҳтиёткорӣ амал намуда, тавозуни манфиатҳои миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро ҳифз намоянд.
Шавкати Муҳаммад

Average Rating