Таъсиси ҳисоби бо кафолат «escrow account»: Шаффофият ё дуздии замонавӣ?

Ба дигарон фиристед

Дар Тоҷикистон созишномаи байниидоравӣ оид ба таъсиси ҳисоби кафолатӣ (эскроу) барои маблағҳое, ки аз фурӯши нерӯи барқ ба даст меоянд, ба имзо расид. Ба гуфтаи мақомот, ин иқдом барои таъмин намудани шаффофият, коҳиши хавфҳои молиявӣ ва назорати самараноки тақсимоти маблағҳо равона шудааст. Аммо хавотирии мо ин аст, ки дар шароити набуди назорати мустақили ҷомеа ва фасоди решадор, ин ҳисоб метавонад ба воситаи наве барои мутамарказ кардани пулу қудрат дар дасти гурӯҳи маҳдуд табдил ёбад.

Имзои созишномаи байниидоравӣ оид ба ҷорӣ кардани эскроу-ҳисоб барои амалиёти фурӯши нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ки ахиран бо ширкати Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молия, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки миллӣ ва дигар сохторҳои калидӣ сурат гирифт, дар нигоҳи аввал ба сифати қадаме ба сӯи «шаффофият ва самаранокӣ» муаррифӣ мешавад. Аммо як назари кучак басанда аст, ки найрангҳои паси пардагии ин иқдом ифшо шавад.

Шартномаҳои марбут ба эскроу, дар шакли классикии худ, яке аз василаҳои таъсирбахш барои коҳиши хавфҳои молиявӣ ва таъмини мувозинати манфиатҳо ба шумор мераванд. Аммо дар муҳити Тоҷикистон, ки истиқлолияти сохторҳои молиявӣ ва судӣ аз ҳокимияти иҷроия умуман вуҷуд надорад, ин ҳисоботи «эскроу» ба эҳтимоли зиёд ба як абзори нави мутамарказ кардани ҷараёнҳои пулӣ дар дасти доираи хеле маҳдуди шахсон табдил хоҳад ёфт.

Чунон ки таҷрибаи гузашта нишон дод, маҳз камбуди механизми назорати мустақил ва набудани ҷавобгарии мансабдорон заминаи фарох барои фасоди системавӣ ба вуҷуд овардааст. Ҳар мансабдоре, ки ҳунари дуздӣ дар корҳои калонро ба намоиш мегузорад, дар Тоҷикистон соҳиби мансаби баландтар мешавад. Оё дар чунин муҳит метавон шароити воқеан шаффофро барои мудирияти маблағҳои марбут ба фурӯши нерӯи барқ фароҳам овард?

Шояд гуфта шавад, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ назорат хоҳад кард. Охир ин хадамот худаш як барги ҳокимияти иҷроя аст, чи хел командаи худашро худаш назорат мекунад?

Бубинед, дар кишваре, ки қисми зиёди аҳолӣ дар фасли сармо ва ҳатто дар Тобистон бо маҳдудияти барқ рӯбарӯ мешаванд ва талафоти нерӯи барқ ба сабаби фарсудагии ноқилҳои барқии қобили мулоҳиза аст, оё авлавият додан ба мураттабсозии ҳаракати маблағҳо тавассути ҳисоботи махсуси бонкӣ, бе таъмини сармоягузории воқеӣ ба шабакаҳои фарсуда ва таҷдиди инфрасохтор, дуруст аст?

Мутахассисони соҳа пайваста таъкид мекунанд, ки мушкили асосӣ дар энергетикаи Тоҷикистон, ин фасоди пинҳон, идоракунии ғайримутахассисона ва норасоии сармоягузории мустақим ба хати интиқол ва таҷҳизоти таъмирталаб мебошад. Аз ин рӯ, гузоштани таъкиди аввал ба «ҷараёнҳои молиявӣ» метавонад бештар барои идоракунии равандҳои дохилии худи мақомоти алоқаманд хизмат кунад, на барои беҳбудии ҳоли мардум.

Дар ҳоле ки созишномаи мазкур бо шитоб ба унвони як иқдоми стратегии давлат барои «муосирсозии энергетика» муаррифӣ мешавад, ҳеҷ маълумоти дақиқ дар бораи ин ки кадом ниҳодҳои мустақил имкони назорат ва санҷиши фаъолияти ин ҳисобҳоро хоҳанд дошт, пешниҳод намешавад.

Бидуни механизми возеҳ барои иттилоърасонӣ ба ҷомеа, шарҳи оморӣ ва ҳисоботи даврии оммавӣ, чунин тарҳ бештар ба як низоми пӯшида монанд хоҳад буд, ки дар он «шаффофият» танҳо нақши ниқоби дузди замонавиро хоҳад бозид ва дигар ҳеҷ.

Бояд таъкид кард, ки агар ин лоиҳа дар ҳақиқат ба манфиати мардум нигаронида шудааст, пас, бояд механизмҳои назорати ҷамъиятӣ ва санҷиши мустақилона ба таври возеҳ ва ҳатмӣ дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дарҷ гардад. Ҳамчунин, таъмини иттилоъ ва ҳисоботи мунтазам ба ҷомеа тавассути ВАО ва сохторҳои ғайридавлатӣ ба роҳ монда шуда, муҳимтар аз ҳама, бо ҷалби сармоягузориҳои мустақил шабакаҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва таҷҳизоти фарсуда навсозӣ гардад, то натиҷаи воқеии он дар хонаи ҳар як хонавода ҳис шавад, на танҳо дар ҳисобҳои бонкӣ.

Агар хоҳони шаффофият ҳастед, пеш аз ҳама ғами дар роҳ қисме аз барқ гум нашуданашро хуред. Чун маълум аст, ки ҳамин қисме, ки дар роҳ ба сабаби «фарсудагии таҷҳизот» «потерия» мешавад, кисаҳои шуморо фарбеҳ ва гарданҳои шуморо ғафс кардааст.

Ҳамин аст, ки мо боз як намунаи дигари тимсозиро хоҳем шоҳид шуд, ки бештар ҳамчун як маҳфили дуздони захираҳои миллии мо «хидмат» мекунад, на барои беҳбуди шароити зиндагии мардум.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *