Чин ба кишварҳои «дӯсташ» ҷангандаҳои ҳавоӣ доданист

Ба дигарон фиристед

Чин расман эълон кард, ки омода аст мушоракати васеътар дар бахши ҳарбӣ бо кишварҳои дӯстро ба роҳ монад ва дастовардҳои хешро дар рушди техникаи низомӣ бо онҳо тақсим кунад. Дар ин бора сухангӯи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) Тсзян Бин дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки рӯзноманигорон аз ӯ дар бораи гуфтушунидҳои як қатор кишварҳо бо Чин оид ба хариди силоҳ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангии маъруфи J-10 (F-10), пурсиданд.

Тсзян Бин гуфт: «Дар масъалаи содироти силоҳ мо ҳамеша сиёсати масъулона ва санҷидашударо пеш мегирем. Мо омодаем бо кишварҳои дӯсти худ дастовардҳои Чин дар бахши техникаи ҳарбиро тақсим кунем ва ба ин васила нақши созандаи худро дар таъмини сулҳ ва субот дар минтақа ва ҷаҳон гузорем.»

 J 10 — «Аждаҳои оҷилкор» ва истиқболи байналмилалӣ

J-10, ки дар бозори байналмилалӣ бо нишони F-10 ҳам маъруф аст, ҷангандаи бисёрҷанбаи насли чорум буда, тарҳи миллии Чин мебошад ва дар корхонаи ҳавопаймосозии Чэнду (CAC) истеҳсол мешавад. Он бо хусусиятҳои қобилияти амалӣ кардани ҳам ҳамлаҳои ҳавоӣ ва ҳам ҳамла ба ҳадафҳои заминӣ доштан, дорои системаи пешрафтаи электроника ва радар будан ва мутобиқ ба силоҳҳои мухталифи мушакию бомбаафкан буданаш шинохта шудааст.

Дар солҳои охир як қатор кишварҳо, аз ҷумла Покистон, аллакай хариди ин ҷангандаро роҳандозӣ карданд. Ҳамзамон бархе давлатҳои дигар аз Осиё ва Африка низ дар бораи ворид кардани чунин ҳавопаймоҳо бо Чин гуфтушунид доранд.

«Сиёсати масъулона» ва мақсадҳои геополитикӣ

Вазорати Мудофиаи Чин борҳо таъкид кардааст, ки содироти силоҳаш ба кишварҳои «дӯст ва шарик» бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Ин изҳорот посухест ба интиқодҳои баъзе кишварҳои ғарбӣ, ки ба ҳамкориҳои ҳарбии Чин шубҳа доранд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони байналмилалӣ, таваҷҷуҳи Пекин ба густариши содироти техникаи ҳарбӣ ҳам иқтисодӣ ва ҳам геосиёсӣ аст. Чин талош дорад нуфузи стратегӣ ва сиёсати «қудрати мулоим»-и худро дар минтақаҳои муҳими ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Ҷанубӣ, Африка ва Шарқи Наздик тақвият бахшад.

Дар ҳамин ҳол, баъди ҷанги 12-рӯзаи Исроил бо Эрон, баъзе аз расонаҳо хабар доданд, ки ҶИЭ низ хостори харидории ҷангандаҳои ҳавоии Чин, ба мисли J-10C шудааст.

Оё чунин ҳамкорӣ ба тавозуни қудрат таъсир мерасонад?

Коршиносони соҳаи амният бар инанд, ки густариши фурӯши силоҳ аз ҷониби Чин метавонад ба тағйир ёфтани тавозуни қудрат дар минтақаҳои зикршуда оварда расонад. Масалан, таъмин кардани кишварҳои Осиё ва Африқо бо ҳавопаймоҳои ҷангандаи пешрафта, ба ҷуз аз афзоиши имкониятҳои дифоъии онҳо, метавонад дар танзими муносиботи низомӣ бо рақибони онҳо низ таъсир расонад.

Ҳамзамон, Пекин ин сиёсатро ба унвони ҳамкорӣ барои субот ва рушд, на барои барҳам задани мувозанати минтақа, таблиғ мекунад.

Бо ин изҳороти нав, Чин ишора кард, ки омодааст дар бозори ҷаҳонии силоҳ нақши бештар бозад ва интишори технологияҳои низомии худ ба кишварҳои «дӯст»-ро ба сатҳи нав бардорад. Дар оянда эҳтимол аст, ки мо шоҳиди аҳдномаҳои нави калонҳаҷм дар соҳаи хариди ҳавопаймоҳои ҷангӣ, системаҳои зиддимушакӣ ва дигар таҷҳизоти пешрафтаи Чин шавем.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *