
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Олмон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ
Солеҳа Холмаҳмадзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Гуннар Шелленберг, Президенти Ландтаги замини федералии Саксония-Анҳалти Олмон дидору мулоқот анҷом дода, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳоро дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди сармояи инсонӣ баррасӣ кардаанд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, Вазорат бо Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар лоиҳаҳое ҳамкорӣ дорад, ки ба такмили низоми таълими калонсолон, дастгирии муҳоҷирони бозгашта ва мусоидат ба шуғли онҳо равона шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин дидор махсусан масоили ҳамкории Агентии давлатии «Агентӣ оид ба шуғл дар хориҷ» бо як қатор ширкатҳои олмонӣ — ба мисли Askania Future GmbH, Agora Invest GmbH ва SIT International UG — мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ҷонибҳо дурнамои омодасозии мутахассисонро бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати Олмон, бахусус Саксония, баррасӣ намудаанд. Соҳаҳои интихобшуда, ба мисли хизматрасонии иҷтимоӣ, индустрияи зебоӣ ва тандурустӣ, косметология, парикмахерӣ, физиотерапия, ҳамлу нақли бор, мошинсозӣ ва электротехника нишона медиҳанд, ки Олмон ҷустуҷӯи қувваи кори тахассусиро дар ин самтҳо идома медиҳад.
Аз нуқтаи назарҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ин тасмим метавонад барои Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолии қобили кори он дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, як имконияти нав баҳисоб равад. Ин ҳамкориҳо, хусусан дар шакли курсҳои кӯтоҳмуддат ва ворид намудани методикаҳои олмонӣ ба раванди таълими ҳунарҳо, ба болоравии сатҳи омодагии касбӣ мусоидат мекунад. Омӯзиши забони олмонӣ низ метавонад дар дарозмуддат имконоти ҷалби муҳоҷирон ба бозори меҳнати Олмонро осон намояд.
Бо вуҷуди истиқбол аз чунин ташаббусҳо, дар ин маврид чанд суоли муҳим ба миён меояд. Аввалан, чӣ гуна механизми воқеии пиёда шудани чунин барномаҳо таъмин мегардад? Таҷрибаҳо борҳо нишон додаанд, ки мувофиқаҳои сатҳи баланд ва изҳороту ташаббусҳои хуб дар бисёр маврид дар рӯи қоғаз боқӣ мемонанд, дар ҳоле ки муҳоҷирони воқеӣ ба хотири наёфтани имконоти қонунии шуғл дар бозорҳои хориҷӣ, маҷбур мешаванд ба корҳое даст зананд, ки номувофиқ ба тахассус ва шароити инсонӣ аст.
Як масъалаи дигар ин аст, ки то чӣ андоза ҳамкории зикршуда байни ниҳоди марбутаи Тоҷикистон ва ширкатҳои олмонӣ бо системаи квотаҳои расмии Олмон мувофиқат мекунад ва оё барои муҳоҷирон ба таври воқеӣ раванди ҳуқуқӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ таъмин мегардад ё на? Дар Олмон тартиби дақиқ ва танзимшаванда барои муҳоҷирати меҳнатӣ амал мекунад, ки ба сатҳи тахассус, донистани забон ва раванди гирифтани иҷозати кор вобаста аст. Пардохтҳои курсҳои омӯзишӣ, иҷозати иқомат ва ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирон низ масъалаҳое мебошанд, ки ҳамеша боиси нигаронӣ буданд.
Севум, ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳи аслӣ бештар ба курсҳои кӯтоҳмуддат ва омӯзиши малакаҳои амалӣ равона шудааст. Савол ин аст, ки оё ин чораҳо барои дар ҳақиқат ворид шудан ба бозори меҳнати Олмон кофӣ хоҳанд буд?
Дар маҷмӯъ, имзои чунин созишҳо ва дидору мулоқотҳо бо мақомоти баландпояи Олмон ва ё ҳар кишвари дигари аврупоӣ қобили истиқбол аст. Онҳо метавонанд ба эътимоди тарафайн ва густариши ҳамкориҳо замина гузоранд. Аммо иҷрои воқеии ин тасмимот ва таъсири он ба зиндагии муҳоҷирони тоҷик ниёз ба механизмҳои равшан, мониторинг ва кафолати амалии ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дорад. Дар акси ҳол, хавфи он вуҷуд дорад, ки ин ташаббус низ мисли бисёр санадҳои дигари ҳамкорӣ, танҳо дар сатҳи изҳорот боқӣ монда, мушкилоти решагии муҳоҷирати меҳнатӣ ҳалли худро намеёбад.
Average Rating