
Ҳамлаи Исроил ба Эрон: Фармондеҳони баландпоя кушта шуданд, Теҳрон ваъдаи интиқом дод
Субҳи рӯзи ҷумъа, 13 июни соли 2025, манбаъҳои расмӣ ва расонаҳои хабарии Эрон аз ҳамлаи густурдаи Исроил ба чандин шаҳри кишвар, аз ҷумла пойтахти ин кишвар, Теҳрон, хабар доданд. Дар пайи ин ҳамлаҳо, ки ба гуфтаи Исроил «бар зидди зерсохторҳои ҳастаӣ ва низомии Эрон» равона шуда буданд, бархе аз шахсиятҳои калидии низом ва сиёсат кушта шудаанд.
Телевизиони давлатии Эрон ба нақл аз манобеи расмӣ тасдиқ кард, ки генерал Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, генерал Ҳасан Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоб, генерал Ғуломалӣ Рашид, раҳбари қароргоҳи амниятии «Хотам-ул-анбиё», доктор Фаридун Аббосӣ, раиси собиқи Созмони энержии атомӣ ва доктор Муҳаммад Маҳдӣ Теҳрончӣ, раиси Донишгоҳи озоди исломӣ, дар ин ҳамлаҳо ҷони худро аз даст доданд.
Хабаргузории наздик ба Сипоҳ «Тасним», қатли Ҳасан Саломиро тасдиқ намуда, як мақоми амниятии исроилӣ дар сӯҳбат бо расонаҳо изҳор доштааст, ки Муҳаммад Боқирӣ «эҳтимолан кушта шудааст». Телевизиони давлатии Эрон баъдан тасдиқи марги ӯро низ эълон кард.
Ба гузориши мақомоти исроилӣ, ҳадафи аслии ин амалиёт пойгоҳҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон, бахусус таъсисоти воқеъ дар шаҳри Натанз будааст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, изҳор дошт, ки «амалиёт бар зидди қалби барномаи ғанисозии ҳастаии Эрон» оғоз гардидааст ва он «метавонад чанд рӯз идома ёбад».
Хоманаӣ таҳдиди интиқом кард
Дар нахустин вокуниш пас аз ҳамла, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ, ин амалкарди Исроилро «хатарнок» ва «нақзи ошкорои истиқлол ва амнияти миллӣ» хонд. Ӯ таъкид кард, ки «дасти қудратманди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон душманро ба ҷазо хоҳад кашид» ва афзуд, ки «сарнавишти дардноке интизори Телавив аст».
Ба гуфтаи Хоманаӣ, ҳарчанд ки фармондеҳон ва донишмандони муҳиме дар ин ҳамлаҳо аз байн рафтаанд, «ҷойнишинон ва ҳамкоронашон бидуни таъхир идомадиҳандаи роҳ хоҳанд буд».
Расонаҳои давлатии Эрон иттилоъ доданд, ки на танҳо биноҳои низомӣ, балки манзили шаҳрвандон низ осеб дидааст. Дар Теҳрон, як манзили истиқоматӣ мавриди ҳамла қарор гирифта, ки дар он занон ва кӯдакон низ кушта шудаанд. Шоҳидон аз таркишҳо дар наздикии минтақаҳои калидии Сипоҳ ва таъсисоти ҳастаии Натанз хабар доданд.
Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, Исроил ҳамчунин ба шаҳрҳои Ҳамадон, Кирмоншоҳ, Қасри Ширин ва Бандари Аббос ҳамла кардааст. Дар натиҷа, фурудгоҳи Имом Хумайнӣ дар Теҳрон муваққатан баста шуда, Ироқ ҳарими ҳавоии худро ба рӯйи парвозҳо бастааст.
Дар худи Исроил низ вазъияти фавқулода эълон гардида, ҳарими ҳавоӣ баста шудааст.
Баёни ошкорои Теҳрон ва радди Вашингтон
Вазорати умури хориҷии Эрон бо нашри баёнияе гуфт, ки ҳамлаи Исроил «наметавонист бидуни ҳамоҳангӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом бигирад» ва бар ҳамин асос, Амрикоро ба унвони пуштибони ин амалиёти низомӣ масъули паёмадҳои он донист.
Бо вуҷуди ин, Марко Рубио, вазири хориҷаи ИМА, дар изҳороте гуфт, ки ҳарчанд Амрико аз ҳамлаи эҳтимолии Исроил огоҳӣ дошт, вале «ҳеҷ гуна дасте дар он надорад». Ӯ таъкид кард, ки «мо танҳо аз худамон дифоъ мекунем ва ба Эрон ҳушдор додаем, ки даст ба амал накунад».
Хатар афзоиш меёбад
Мушоҳидагарон нигаронанд, ки ин ҳамлаҳо ва кушта шудани чеҳраҳои муҳими низомӣ метавонанд ба оғози як давраи нави муноқиша ва авҷи танишҳои низомӣ дар Ховари Миёна бирасонанд. Ҳоло диққати ҷаҳон ба вокуниши эҳтимолии Эрон ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҷанги густарда равона шудааст.
Average Rating