КШНГЗТ таҳқиқи байналмилалии марги зиндониёнро талаб кард

Ба дигарон фиристед

КШНГЗС хостори ташкили кумитаи байналмилалӣ барои таҳқиқи фавти зиндониён дар Тоҷикистон шуд

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ), ки мақарраш дар Варшаваи Лаҳистон аст,  санаи 11 июни 2025, бо ирсоли номаи саркушода ба созмони байналмилалии Amnesty International  ташкили як кумитаи мустақили байналмилалӣ барои таҳқиқи вазъи зиндонҳои Тоҷикистон талаб кард. Дар нома зикр шудааст, ки шароити зиндонҳои Тоҷикистон, бахусус нисбат ба зиндониёни сиёсӣ, бисёр вахим буда, хабарҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ зиёд шудаанд.

Кумита ба маргҳои мармуз ва бедалели чандин зиндонии сиёсӣ дар солҳои ахир ишора карда, таъкид намудааст, ки ин ҳолатҳоро наметавон тасодуфӣ донист. Аз ҷумлаи онҳо Қулмаҳмад Паллаев, Ҷалолиддини Маҳмуд ва Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад зикр шудаанд, ки ба гуфтаи КШНГЗТ, дар шароити шабеҳи боздошт ва бо иттиҳомоти сиёсӣ дар маҳбас фавтидаанд.

Дар нома таъкид шудааст, ки мақомоти расмии маҳбасҳо фавти зиндониёнро ба “захми меъда” нисбат медиҳанд, аммо ин иддаоҳоро то кунун ҳеҷ ниҳоди мустақил таҳқиқ накардааст ва ҳеҷ санади расмии тиббӣ дар ин бора пешниҳод нашудааст.

КШНГЗТ аз Amnesty International даъват кардааст, ки ба таҳқиқи ҷиддӣ ва мутаассифона рӯ ба афзоиши чунин ҳолатҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намояд ва ба таъсиси як гуруҳи муфаттишони байналмилалӣ мусоидат кунад.

Ин номаи КШНГЗТ дар ҳолест, ки тавре Паём тв хабар дода буд, санаи 9 июни соли равон, Аслан Гулобов, як зиндонии сиёсии 35-сола аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар зиндон даргузашт. Ба гуфтаи манбаъҳо, сабаби марги ӯ бемории захми меъда ва надодани кӯмаки тиббӣ будааст.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *