Иҷозаи иқомаи 30-рӯзаи эрониён бе бақайдгирӣ дар Тоҷикистон

Ба дигарон фиристед

Шаҳрвандони Эрон метавонанд то 30 рӯз бидуни бақайдгирӣ дар Тоҷикистон иқомат кунанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон акнун метавонанд то 30 рӯз бидуни зарурати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилии кишвар дар қаламрави Тоҷикистон иқомат намоянд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин тасмим дар доираи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2020 таҳти унвони «Дар бораи Қоидаҳои вуруд, иқомат, хориҷшавӣ ва транзити шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардидааст.

Тавре, ки ВКХ зикр мекунад, ин тағйирот бар асоси принсипи баробарӣ қабул гардида, ҳадаф аз он беҳтарсозии шароити шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли равон сафари давлатӣ президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба Душанбе сурат гирифта буд.

Ин сафар бо изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба ва имзои 23 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаҳо ба маблағи беш аз 450 миллион доллар, анҷом ёфт.

Ҳамчунин, Тоҷикистон ва Эрон низоми раводидиро лағв карданд ва акнун шаҳрвандони ду кишвар ҳақ доранд то 30 рӯз дар давоми як давраи 90-рӯза бе гирифтани раводид дар қаламрави кишвари якдигар иқомат намоянд.

Дар айни замон, дар Тоҷикистон беш аз 160 ширкати дорои сармояи эронӣ фаъолият доранд. Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2024 ҳаҷми боркашонӣ байни ду кишвар 3,2 маротиба афзоиш ёфтааст.

 


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *