Густариши ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бахши роҳи оҳан

Ба дигарон фиристед

Эрон ва Тоҷикистон тафоҳумнома дар бахши ҳамкориҳои роҳи оҳан ба имзо расонданд, ки ҳадаф аз он рушди транзити байналмилалӣ тавассути шабакаҳои роҳи оҳани ду кишвар мебошад.

Тавре Агентии иттилоотии IRNA хабар медиҳад, санад рӯзи 29 майи соли 2025 дар Душанбе, дар ҷараёни сафари расмии муовини аввали президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф ба Тоҷикистон, ба имзо расид. Аз ҷониби Эрон директори генералии ширкати “Роҳи оҳани Эрон” (RAI) Ҷаббор-Алӣ Зокирӣ ва аз ҷониби Тоҷикистон роҳбари “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Мирзокомил Ҷумаҳон санадро имзо карданд.

Мутобиқи шартҳои тафоҳумнома, Теҳрон ва Душанбе тасмим гирифтаанд истифодаи инфрасохтори мавҷударо беҳтар намуда, имкони ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи роҳи оҳани Тоҷикистонро фароҳам созанд. Ин тадбир инчунин ба интиқоли вагонҳо ба дигар кишварҳо тавассути Тоҷикистон имкон хоҳад дод.

Ба иттилои IRNA, ҷонибҳо ният доранд ҳаҷми боркашонии байналмилалиро тавассути шабакаҳои худ афзоиш диҳанд ва ҳамкориҳои техникиро бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тақвият бахшанд.

Бино ба маълумоти як расонаи дигар, WANA, шароити техникии ҳамоҳанг байни Тоҷикистон ва кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла паҳнои ягонаи роҳи оҳан ва меъёрҳои шабеҳи танзимкунӣ, шароити мусоиди воридшавии вагонҳои эронӣ ба шабакаҳои минтақавиро таъмин мекунад.

Коршиноси эронӣ дар бахши нақлиёт ва транзит Маҳдӣ Багерӣ дар сӯҳбат бо WANA гуфтааст, ки ин созиш қадами муҳиме дар самти фаъолсозии коридорҳои “Шарқ–Ғарб” ва “Шимол–Ҷануб” мебошад. Ба гуфтаи ӯ, созишномаи мазкур роҳро барои рушди тиҷорати минтақавӣ ва логистикаи транзитӣ ҳамвор мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Чин марзи мустақим дорад ва яке аз шохаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ба ҳисоб меравад, ба гуфтаи таҳлилгарон ҳамчун пайванди муҳими стратегӣ дар шабакаи коридори “Шарқ–Ғарб” шинохта мешавад. Тоҷикистон, ки ба ҷустуҷӯи дастрасӣ ба роҳҳои обӣ машғул аст, бо густариши ҳамкорӣ бо Эрон метавонад тиҷорати хориҷии худро тавассути роҳҳои нави транзитӣ тақвият бахшад.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *