
Нашрияи литвонии Respublika: Э. Раҳмонро дар ГААГА «мунтазиранд»
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва гурӯҳе аз наздикони ӯ метавонанд мавриди муҳокимаи Суди Байналмилалии Гаага қарор гиранд. Дар ин бора нашрияи литвонии Respublika иттилоъ дода, навиштааст, ки дар ин бобат бо роҳбарияти ҲНИТ ва намояндаи Созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Freedom For Eurasia мусоҳиба оростааст.
Лайло Саидбек, намояндаи созмони байналмилалии «Озодӣ барои АвруОсиё» (Freedom For Eurasia) ба ин расона гуфтааст, ки санади асосӣ 250 саҳифаро ташкил медиҳад ва зиёда аз 1000 саҳифа далелҳо ва маводи иловагӣ, аз ҷумла наворҳо, аксҳо ва шаҳодатҳои шоҳидони зинда ба он замима шудаанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ таъкид кардааст, ки ин миқдор мавод набояд ҳайратовар бошад, зеро Эмомалӣ Раҳмон беш аз 30 сол кишварро раҳбарӣ мекунад ва парванда танҳо ӯро фаро намегирад. Дар он номи додрасҳо, додситонҳо, кормандони мақомоти зиндон ва дигар мақомоти баландпоя зикр шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, шикоят бар асоси иттиҳомоти шиканҷа, таҳқир, таҷовуз, ғасби амвол, таъқиби дигарандешон, маҳдудияти озодии сухан ва зӯроварии сиёсӣ таҳия шудааст.
Кабирӣ режими Тоҷикистонро ба низоми феодалӣ монанд карда, гуфтааст, ки гуруҳи хурди наздик ба қудрат аз тамоми имтиёзҳо бархӯрдоранд, дар ҳоле ки боқӣ мардум маҷбуранд хомӯш бошанд ва итоат кунанд.
Кабирӣ дар идома гуфтааст, ки ин шикоят ҳамчунин барои ӯ ва наздиконаш, бахусус бародараш, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондааст, як навъ “сипари амниятӣ” мебошад. Ӯ гуфтааст, ки ҳар гуна фишори нав аз ҷониби мақомот метавонад ба суд ҳамчун далели иловагӣ пешниҳод шавад ва барои режим пайомад дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди огоҳии ҳукумати Тоҷикистон аз пешниҳоди шикоят, эҳтимоли вокуниши репрессивӣ кам аст.
Бо вуҷуди ин, Кабирӣ дар сӯҳбат бо ин расона таъкид мекунад, ки бинобар хусусият ва ҳаҷми парванда, интизори натиҷаи зуд аз Суди Гаага нест. Ӯ гуфтааст, ки агар як кишвари узви додгоҳ аз ин парванда ҳимоят мекард, он зудтар ба муҳокима гирифта мешуд. Аммо дар ин ҳолат, ки шикоят аз ҷониби як ҳизби мухолиф ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудааст, баррасии он метавонад тӯл кашад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто агар суд парвандаро қабул кунад, кафолати бурд нест, зеро прокурорҳо бояд тамоми далелҳоро таҳқиқ, санҷиш ва тақвият диҳанд ва баъд аз он, суд бояд муайян кунад, ки кадом афрод гунаҳгоранд ва то чӣ андоза.
Бо вуҷуди мушкилот, Кабирӣ бар он аст, ки то замоне, ки Тоҷикистон юрисдиксияи Суди Байналмилалиро эътироф мекунад, умеде вуҷуд дорад, ки парванда қабул ва баррасӣ мешавад. Дар ин сурат, на танҳо Эмомалӣ Раҳмон, балки дигар шахсони зикршуда метавонанд бо иттиҳоми генотсид ва ҷиноятҳои зидди инсоният гунаҳгор эълон шаванд.
Ӯ гуфта, ки ин як дастоварди бузург хоҳад буд ва нишон медиҳад адолат дар ҷаҳон вуҷуд дорад ва ҳар касе, ки даст ба ҷиноят задааст, ва ҳатто “раисҷумҳурони абадӣ” дер ё зуд, посух хоҳанд гуфт .
Ҳомии ҳуқуқи инсон Лайло Сайидбек, намояндаи созмони Freedom For Eurasia, низ ба рӯзномаи литвонӣ гуфтааст, ки коалитсияи ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифини тоҷик ин шикоятро барои муҳокимаи ҷиноятҳои зидди инсоният дар Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи Лайло Саидбек, пас аз таҳлили даҳҳо парвандаи фирориёни тоҷик, ки дар Ғарб паноҳанда шудаанд, ӯ ва ҳамкоронаш ба натиҷае расиданд, ки ҳамаи ин парвандаҳо хусусиятҳои ҷиноятҳои сиёсӣ ва системавии зидди башариятро доранд.
Лайло Сайидбек мегӯяд, ки ҷамъоварии далелҳо чор сол тӯл кашид. Имсол даҳҳо парвандаро интихоб карданд, ки ба гуфтаи ӯ, равшантар ва амиқтар аз ҳама ҳолатҳои дигари таҳқиқшуда, зӯроварии мақомот алайҳи аҳолии осоиштаро инъикос мекунанд. Ин мавод далелҳои шиканҷа, эъдомҳои ғайриқонунӣ, марг дар маҳбас, таҷовузи ҷисмонӣ ва ҷинсӣ, кӯчонидани иҷборӣ ва дигар навъҳои таъқибро дар бар мегирад.
Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки суд на танҳо шикоятро қабул мекунад, балки нисбат ба афроде, ки дар он зикр шудаанд, тафтиши ҷиноятӣ оғоз хоҳад кард. Намояндаи Созмони Freedom For Eurasia таъкид намудааст, ки дастаи онҳо ба ҷамъоварии санадҳо идома дода, парвандаро мукаммал хоҳад кард ва тамоми маводи муътамадро ба прокуророни байналмилалӣ ирсол менамоянд, зеро ба гуфтаи ӯ, худкомагии ҳукумати Тоҷикистон бояд хотима дода шавад.
Average Rating