Муттаҳам шудани зодаи Тоҷикистон ба ҷосусӣ дар Фаронса ва паёмадҳои эҳтимолӣ

Ба дигарон фиристед

Дар як парвандаи ҷиддии додгоҳии Фаронса панҷ нафар, аз ҷумла як шаҳрванди ин кишвар, ки зодаи Тоҷикистон будааст, дар фош кардани сирри давлатии Фаронса муттаҳам шудаанд. Ин парванда, ки расонаҳои фаронсавӣ онро бо истинод ба додситонии Париж бозтоб доданд, масъалаи махфияти иттилооти мудофиавӣ, истифодаи ғайриқонунии дастрасӣ ба манобеи низомӣ ва эҳтимоли нуфузи кишвари хориҷиро матраҳ кардааст. Ҷанбаи ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки дар маркази ин қазия шахсе қарор дорад, ки ҳувияти миллиаш бо Тоҷикистон пайванд мегирад.

Муассиси ширкати Archange Solutions Osint, ки ба гуфтаи мақомот ба ҷамъоварии иттилооти ҳассос машғул будааст, шахсе бо номи Девид Ботсоев зодаи Тоҷикистон будааст, ки тибқи маълумоти расонаишуда соли 1991 таваллуд шуда, феълан дорои шаҳрвандии Фаронса будааст. Ҳарчанд маълумоти расмӣ дар бораи пайвандҳои эҳтимолии ӯ бо мақомоти Тоҷикистон вуҷуд надорад, ишораи расонаҳо ба фаъолияти пешинаи ӯ дар қасри Елисей, яке аз сохторҳои марказии ҳокимияти иҷроияи Фаронса,  вазни сиёсии қазияро бештар мекунад.

Айбдоркунии панҷ нафар бо моддаҳои марбут ба фошсозии асрори давлатӣ, дуздӣ, истифодаи ғайриқонунии маълумоти махфӣ ва фаъолияти гурӯҳии марбут ба истеҳсоли маводи низомӣ, доираи масъалаҳоро фаротар аз як қонуншикании маъмулӣ қарор медиҳад. Ба таври возеҳ, сухан дар бораи ҷанбаи амнияти миллӣ меравад. Гарчанде додситонӣ эълон кардааст, ки то ба ҳол ягон нишонаи таҳдиди мустақим ба амалиёти ҳарбӣ ё саломатии инсонҳо ба қайд гирифта нашудааст, аммо фарзияи эҳтимолии дастрасӣ ба иттилооте, ки метавонад манфиатҳои Фаронсаро дар сатҳи байналмилалӣ халалдор кунад, нодида гирифта намешавад.

Пайванди эҳтимолии ин фаъолиятҳо бо Русия, ки дар гузориши матбуоти фаронсавӣ бо эҳтиёт зикр шудааст, парвандаро вазъиятро дар баррассии парванда, шояд муташанниҷтар кунад. Дар шароити фишорҳои афзояндаи ҷаҳонӣ ва муҳосираи иттилоотии аврупоӣ алайҳи нуфузи Кремл, ҳар гуна қазияи марбут ба маълумоти махфӣ ва ҷосусии эҳтимолӣ ба суръат мавзӯи таҳқиқоти ҷиддии мақомот ва расонаҳо мегардад.

Дар ин замина, мавҷудияти номи як зодаи Тоҷикистон ҳамчун шахси калидӣ наметавонад аз назар дур монад. Чунин воқеа паёмадҳои иҷтимоиву сиёсӣ метавонад дошта бошад. Аввалан, он эҳсоси бовар ва обрӯеро, ки дар тӯли солҳо тоҷикон дар муҳити Аврупо бо заҳмати ҳалол ва зиндагии қонунманд ба даст овардаанд, зери хатар мегузорад. Дуввум, масъалаи шинохти сиёсӣ ва гузаштаву равобити шахсони алоҳида бо режими худкомаи Тоҷикистон шояд метавонад мавзӯи нав барои пажӯҳишҳои сиёсӣ гардад.

Аз нигоҳи дигар, қазияи мазкур боз як нишондиҳандаи он аст, ки то куҷо шабакаҳои хусусии иттилоотӣ метавонанд дар муҳити демократӣ бо истифода аз фурсати озодӣ ва дастрасӣ ба сохторҳои давлатӣ амал кунанд. Агар таъсисдиҳандаи ширкат дар ҳақиқат то сатҳи сохторҳои баланд мақоми корӣ дошта бошад, он гоҳ суолҳо дар бораи филтрҳо ва назорати дохилии низоми давлатӣ низ ба миён меоянд.

Дар ин марҳила, бо вуҷуди айбдоркунӣ, тамоми муттаҳамон таҳти назорати додгоҳӣ қарор доранд ва парванда дар марҳилаи аввалия аст. Вакили дифоъ изҳор доштааст, ки бегуноҳии зерҳимояҳояшро исбот хоҳад кард. Ба ҳар ҳол  парванда ҳанӯз ба таври комил расонаӣ нашудааст ва маълумоти таҳқиқотӣ маҳдуд аст.

Дар ниҳоят, бояд гуфт, ки ин қазия як санҷишест на танҳо барои низоми додгоҳии Фаронса, балки барои рӯҳияи сиёсӣ ва шаҳрвандии муҳоҷирон дар муҳити Аврупо, ки то куҷо метавонанд арзишҳои ҷомеаи демократиро риоя намоянд ва бо дарки масъулият кор кунанд. Як амалкарди нодурусти муҳоҷир метавонад ба пешрафту ҷойи пой ёфтани ҳазорҳо муҳоҷири соҳибистеъдоду соҳибкасб халал ворид кунад. Ингуна амалҳои бемасъулиятона ва бидуни дурандешӣ ҷомеаи аврпуоиро водор мекунад, то дар баргузидани шахсҳо аз ҳисоби муҳоҷирон ба масъулиятҳо ва вазифаҳои калидӣ ҷиддӣ  филтр кунанд ва ё тамоман ба муҳоҷирон барои ҷои пой ёфтан дар мақомҳои баланд шонс надиҳанд.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *