
Заминҳои наздимарзии аздастрафта, ҳайсияту шарафи аз дастдодаи Эмомалӣ Раҳмон аст
Ҳасрати як сокини наздимарзии шаҳри Исфара Шавкат Раҷабов, ки иддао дорад 20 сол пеш заминашро дар атрофи маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ «аз даст дод» ва наметавонад ба он ворид шавад, дар вебсайти Радиои Озодӣ хонда, дилам садпора шуд. Ин деҳқони бечора мегуяд, ки мақомот борҳо барояш ваъда додаанд, ки масъаларо ҳал хоҳанд кард, аммо чизе тағйир наёфтааст.
Шавкат Раҷабов, сокини оддии Исфара, дарди як шахсро мегӯяд, аммо ҳақиқати садҳо, ҳатто ҳазорон нафарро бозгӯ мекунад, онҳое, ки солҳо боз интизор мондаанд, ки рӯзе замини худро бозпас мегиранд, боз ба боғу роғи худ бармегарданд, дубора зиндагиашонро бо меҳнати ҳалол, бо заҳмати худ пеш мебаранд. Аммо ҳар чи гузашт, ба ҷуз аз ваъдаҳои холию интизориҳои бенатиҷа, чизе ба дасташон наомад.
Раҷабов мегӯяд, ки 20 сол пеш заминҳои кишоварзиашро дар атрофи маҳаллаи Ибод Файзуллоев аз даст дод. Мегӯяд, ки ин заминҳоро шаҳрвандони Қирғизистон ба тасарруф дароварданд, хона сохтанд, истифода карданд, аммо касе ба додаш намерасад. Бо вуҷуди ҳуҷҷатҳои расмӣ, бо вуҷуди муроҷиатҳои пайдарпай, аз президент сар карда то вакилони парлумон, ӯ натавонистааст ҳақи худро бозпас гирад.
Аламовараш ҳам ҳамин аст, ки ин ҳодиса дар муддати 20 сол дар пеши чашмони марзбонони кишвар ба амал омадааст.
Ба гуфти ин деҳқон ҳар бор, ки комиссияи муштараки делимитатсия ва демаркатсия ба маҳал меомад, мардум ба умед мешуданд. Умеде, ки фақат дар ҳоли умед боқӣ мемонд. Мегуфтаанд, ки масъала дида мешавад, ки бояд интизор шуд, ки ду президент нуқтаи ниҳоӣ мегузоранд. Аммо савол ин аст, ки чаро тақдири онҳо бояд бо имзои президент ҳал шавад, вақте ки дар дасташон санад ҳаст, вақте ки бо дастони худ он заминҳоро обод карда буданд ва он заминҳо ҳоло доранд боз дубора ба саҳро табдил меёбанд?
Магар қоида ҳамин аст, ки ҳар ки дар сарҳад заминашро аз даст доду аз ҷониби кишвари дигар заминаш тасарруф шуд, бояд даҳони президентро пояд, ки замини ӯро президент чӣ муомила мекунад?
Шавкат Раҷабов танҳо нест. Садҳо хонавода дар Чоркӯҳ, Сурх, Ворух ва дигар ҷамоатҳои наздимарзӣ солҳо боз аз кишту кор маҳруманд. Заминҳое, ки бо арақи ҷабин обод шуда буданд, имрӯз ба саҳнаи баҳсҳои марзӣ табдил ёфтаанд. Мардуме, ки замоне ин заминҳоро об медоданд, ниҳол мешинонданд, ҳосил мечиданд ва даромади солонаашонро аз он мегирифтанд, акнун ба тамошобини харобшавии заминҳояшон табдил ёфтаанд.
Замин барои як деҳқон маънии зиндагист. Вақте касе заминашро аз даст медиҳад, маънои онро дорад, ки нони рӯи дастархонашро аз даст додааст. Бисёр хонаводаҳо маҷбур шуданд, ки муҳоҷир шаванд, чун заминро, манбаъи даромадро, болотар аз он муқаддасоти худро, дахлнопазирии моликияти худро аз даст додаанд. Бисёр ҷавонон ва ҳатто оилаҳо аз деҳаҳои наздимарзӣ рафтаанд, чун дигар умеде ба зиндагӣ дар зодгоҳ намондааст. Ононе, ки боқӣ мондаанд, фақат барояшон ҳамин мондааст, ки бо чашмони ашкбор ба заминҳое нигаранд, ки бо дастони худашон солҳо кор мекарданд, аммо акнун ба он қадам гузошта наметавонанд.
Раҷабов бо таассуф мегӯяд, ки дар соли гузашта, вақте ки комиссия омада буд, бо камера сабт карданд, суханҳояшро шуниданд, ваъда доданд. Аммо пас аз як сол, на танҳо замин ба ӯ баргардонда нашуд, балки ниҳолҳое, ки ба умеди ҳосил шинонда буд, хушк шуданд. Як деҳқон аз хушк шудани ниҳол бештар аз ҳама чиз ранҷи равонӣ мекашад, чун он ниҳол нишони умед аст, нишони зиндагияш аст.
Мақомоти Қирғизистон на танҳо заминро гирифтанд, балки дар баъзе мавридҳо, мисли Раҷабовҳо, ҳамчун «ҷинояткор» заминдорони тоҷикро боздошт карданд, фақат барои он ки ба замини худ ворид шудаанд. Ин таҳқир аст, на танҳо таҳқири деҳқонон, балки таҳқири шахси Эмомалӣ Раҳмон аст. Таҳқири Саймумин Ятимов, раиси КДАМ аст. Чун дар замони роҳбарият ва масъулияти ин ду масъули бемасъулият, дар пеши чашмони марзбонон ва қушунҳои сарҳадии КДАМ заминҳои деҳқонон, болотар аз он хоки Тоҷикистон тасарруф шудааст.
Бо гузашти ҳар баҳор, мардум ба умеданд, ки шояд ин сол замин бармегардад, шояд ин баҳор боз ниҳол мешинонанд, шояд боз фарзандонашон ба замини падаронашон қадам мегузоранд. Аммо бо гузашти ҳар сол, ин умедҳо мисли ҳамон ниҳолҳояшон хушк мешаванд.
Имзои созишномаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март умеди нав ба вуҷуд овард. Аммо барои чунин мардум, онҳое, ки солҳо боз аз мақомот посухи рӯшан нагирифтанд, ин танҳо як ҳуҷҷати дигар дар рӯи қоғаз аст, агар натиҷа надиҳад. Барои мардум созишнома дар рӯи коғаз муҳим нест, муҳим он аст, ки заминҳояшонро бозбинанд, дубора дар он кишт кунанд, боғҳои ба саҳро табдил ёфта истодаи худро барқарор намоянд.
Ин мушкил танҳо мушкили як сокини Исфара нест. Ин як саргузашти пурдардест, ки бояд ба гӯши давлатмардон расад. Ҳаққи инсон ба замин, ба меҳнат, ба зиндагии шоиста бояд болотар аз ҳар муомилаву муносиботи ду кишвар бошад. Як каф хоки ватан муқаддас аст ва ҳатто ба чангу гарду ғубори он бояд ҳарисӣ дошт.
Яқ мақоли халқӣ ҳаст, ки мегӯянд, «моли муъмин-хуни муъмин». Агар як ҳукумат аз моликият ва ҷони шаҳрвандаш муҳофизат карда натавонад, аз будаш набудаш беҳтар.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating